Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоне, ки бо квотаи президентӣ чорвопарварӣ хонд, ҷойи кор намеёбад. ВИДЕО


Рамиз Насимов.

Як ҷавон аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон шикоят дорад, ки бо вуҷуди хатми донишгоҳ тариқи квотаи президентӣ ва дарёфти роҳхат, наметавонад ҷои кор пайдо кунад.

Квота доданд, хонду мутахассис шуд, вале коре наёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Мақомоти ноҳия сабаби бекории ин ҷавонро дар набудани ҷойҳои кори холӣ медонанд. Аммо дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, тибқи низомномаи квотаи президентӣ, мақомоти маҳаллӣ ба афроде, ки роҳхати донишгоҳ доранд, вазифадоранд кор пайдо кунанд.

МУТАХАССИС ШУД, ВАЛЕ ҶОЙИ КОР НАЁФТ

Рамиз Насимов, ки соли гузашта Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси зоотехника(мутахассиси парвариши ҳайвонот ва паррандагон) хатм намудааст, мегӯяд, на дар маҳалли зисташ ва на дар ҷои дигар аз рӯи ин ихтисос наметавонад кор пайдо кунад.

Ин ҷавони 23 сола дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз донишгоҳ роҳхаташ додаанд, ки рафта дар бахши кишоварзии Роштқалъа кор кунад, вале дар ин идора ба ӯ гуфтаанд, ниёз ба коргар надоранд.

“Гуфтанд равед баъдан занг мезанем, як сол зиёд шуд, касе занг намезанад. Мехоҳам ҳамчун зоотехник кор кунам. Ба чанд шаҳру ноҳияҳо, ба хоҷагиҳои деҳқониву чорводорон муроҷиат кардам, кор нест, мегӯянд. Роҳхати донишгоҳ дар дастам як сол зиёд шуд кор мекобам. Барои таъмини рӯзгор дар як сохтмон дар Душанбе ба кор даромадам, лекин мехоҳам аз рӯи ихтисосам кор кунам”,‑гуфт Рамиз.

Нигаронии ин ҷавон дар ҳолест, ки тибқи низомномаи квотаи президентӣ, донишҷӯёни дорои квота пас аз хатми донишгоҳ бояд ба ҷои кор дар маҳалли зисташон ҳозир шаванд. Масъулони Вазорати маориф гуфтанд, дар сурати саркашӣ нисбати ҷавонон чораҳои гунон андешида мешавад.

"ҲАДАФАМ ДИПЛОМ ГИРИФТАН НЕСТ"

Рамиз Насимов мегӯяд, агар то се сол дар зодгоҳаш аз рӯи ихтисосаш кор накунад, наметавонад дипломашро аз донишгоҳ гирад. Ӯ гуфт, “ҳадафи ман танҳо гирифтани диплом нест, балки кор кардан аст”.

Наврӯз Мирзозода, масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомотҳои маҳаллӣ дар минтақаҳо ӯҳдадоранд, афродеро, ки бо квота донишгоҳро хатм намудаанд, ба кор ҷалб намоянд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар сурати набудани ҷои кор, ҷавонон як муддат, то пайдо шудни кор метавонанд интизор шаванд.

Мирзозода афзуд, нақшаи қабули довталабонро тариқи квотаи президентӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо назардошти ниёзҳои шаҳру навоҳӣ ба мутахассис, таҳия мекунад.

"БА КОРГАР НИЁЗ НАДОРЕМ"

Ин дар ҳолест, ки Шерзод Азизмамадов, муовини мудири Идораи кишоварзии ноҳияи Роштқалъа мегӯяд, онҳо дар бахши кишоварзӣ ба коргар ниёз надоранд.

Ӯ гуфт, чанд дархосте аз сӯи ҷавонон барои ҷои кор дастрас шудааст, ки исми корҷӯёнро дар идораи шуғли аҳолӣ сабт намуда, бо фарҳам шудани ҷои кор, даъваташон хоҳанд кард.

Бархе аз огоҳон бар ин назаранд, ки дурнамои таъмини ҷавонон ба ҷои кор бар асоси квотаи президентӣ дуруст барномарезӣ нашудааст ва бино бар ин дар амал мушкилиҳо ба назар мерасанд.

Ёқуби Саид, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, пешниҳоди омори бардуруғи ҷойҳои кори холӣ, яке аз сабабҳои бекор мондани ҷавонони дорои квотаи президентӣ шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки “ҳукуматҳои маҳаллӣ шояд мехоҳанд ба ҳукумати марказӣ нишон диҳанд, ки онҳо ҷои кор офаридаанд ва ниёз ба кадр доранд, вале дар амал вақте донишҷӯ донишгоҳоро хатм мекунад, кор намеёбад ва барои ин касе намепурсад, ки чаро ба кор таъмин накардед”.

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КИСТ?

Квотаи президентӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон соли 1997 бо ҳадафи дастгирии духтарони деҳот ба гирифтани маълумоти олӣ ҷорӣ шуд ва баъдан барои писарҳо ҳам пешниҳод гардид.

Тибқи иттилои расмӣ то соли 2019 беш аз 21 ҳазору 300 нафар тариқи квотаи президентӣ ба макотиби олӣ дохил шудаанд, ки беш аз 12 ҳазору 100 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.

Бин ба маълумоти Вазорати маориф, дар соли таҳсили 2019-2020 беш аз 1300 ҷавон тавассути чунин имтиёзи давлатӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуда, дар бахшҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд.

Ҳарчанд ин ниҳод аз шаффофияти дастрасӣ ба квотаи президентӣ таъкид мекунад, вале дар муддати амалишавии ин барнома шикоятҳо аз сӯиистифода шудани квота, ноадолатӣ дар дарёфтӣ он борҳо садо додааст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG