Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи Кӯлоб аз болои 81 шогирди собиқаш ба додгоҳ шикоят бурд


Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои 81 тан аз донишҷӯёни собиқаш барои ҳозир нашудан ба ҷойҳои корӣ, ба додгоҳ шикоят бурдаст. Ин ҳолат бештар ба донишҷӯёне рабт мегирад, ки риштаҳои омӯзгории ин донишгоҳро хатм кардаанд. Ҳоло донишгоҳ мехоҳад маблағеро, ки барои таҳсили ин донишҷӯён харҷ шудааст, ба будҷа баргардонад.

Ҳоҷимуҳаммад Шарифзода, ҳуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сешанбеи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар соли таҳсили 2017-2018, 455 нафар донишгоҳро тариқи будҷавӣ хатм карда, бо роҳхати донишгоҳ ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд.

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли гузашта низ аз болои 32 донишҷӯе, ки пас аз хатми донишгоҳ ба ҷойҳои корӣ ҳозир нашуданд, ба додгоҳҳо шикоят бурда буд.

Шарифзода афзуд, аз ин шумора 81 нафар бе сабаб ба ҷои кор ҳозир нашуданд ва аз ин рӯ, раҳбарияти донишгоҳ тибқи моддаҳои 124 ва 126-и Кодекси мурофиаи граждании Тоҷикистон, алайҳи ин донишҷӯёни собиқи худ ба додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо шикоят бурд. Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Шарифзода, 21 нафари онҳо пас аз ворид шудани аризаҳо, ба ҷойҳои корӣ ҳозир шудаанд.

Вай гуфт, "ҳамин тобистон 455 нафар тариқи будҷавӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм карданд ва ба онҳо роҳхат дода шуд, ки рафта дар маҳали зисташон кор кунанд, аммо аз ин шумора 81 нафар ба ҷои кор ҳозир нашуданд". Ба гуфтаи оқои Шарифзода, ҳоло баррасии шикоятҳо дар мавриди афроди боқимонда дар додгоҳҳо идома дорад.

Ҳуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, маъмурияти донишгоҳ пас аз он, ки ин афрод варақаҳои ба маҳали кор расидани худро ба донишгоҳ наоварданд, даст ба ин кор зад.

"Соатҳои дарсӣ намерасад, чӣ кор кунем?"

Намое аз шаҳри Кӯлоб.
Намое аз шаҳри Кӯлоб.

Ин бори аввал нест, ки маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои донишҷӯёне, ки ба ҷои кор ҳозир намешаванд, ба додгоҳ шикоят мебарад. Аммо бархе аз хатмкунандагон мегӯянд, ки бинобар кам будани соатҳои дарсӣ, ба ҷои кор дар мактабҳо ҳозир нашуданд.

Яке аз донишҷӯёни сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бурдааст, бидуни овардани номаш панҷшанбеи 7-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тобистон донишгоҳро бо ихтисосӣ муаллими забон ва адабиёт хатм кард ва ба деҳот баргашт ва хост дар мактаб фаъолият кунад. Аммо, мегӯяд ӯ, муроҷиатҳои такрор ба такрораш натиҷа надод ва барояш соатҳои дарсӣ ҷудо накарданд.

Ин мусоҳиби мо гуфт, баъдан маҷбур шуд шуғли дигаре пайдо кунад, аммо ҳоло аз додгоҳ мактуб дарёфт кард ва маҷбур шуд дигарбора ба идораи маорифи ноҳия муроҷиат кунад. Мегӯяд, ҳоло аз фанни дигар ба талабаҳо дарс мегӯяд ва ҳамагӣ 400 сомонӣ маош мегирад, ки барои рӯзгораш басанда нест.

"Донишгоҳро тобистон хатм кардам ва тибқи роҳхати донишгоҳ моҳи август ба маориф рафтам, гуфтанд, ки аз фанни забон ва адабиёт соат нест, зеро омӯзгорон зиёданд. Дигар ман ҳам чанд маротиб муроҷиат кардам, натиҷа надод ва маҷбур шудам як шуғли дигар пайдо кунам. Қасдам доштам, ки Русия равам, вале аз додгоҳ мактуб омад ва вақт дода шуда буд, ки ба ҷои кор ҳозир шавам, вагарна суд пули чор соли таҳсиламро баргардонида мегирад. Маҷбур бори дувум муроҷиат кардам, ҳоло бошад аз дигар ихтисос бо соати кам дарс дода истодаам. Яъне муаллими таълими меҳнат",-гуфт мусоҳиби мо.

Чаро хатмкунандаҳо ба ҷои кор ҳозир намешаванд?

Бархе аз хатмкунандаҳо мегӯянд, ки дар мактабҳо барои онҳо соатҳои дарсӣ намерасад.
Бархе аз хатмкунандаҳо мегӯянд, ки дар мактабҳо барои онҳо соатҳои дарсӣ намерасад.

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб соли гузашта низ аз болои 32 донишҷӯе, ки пас аз хатми донишгоҳ ба ҷои кор нарафта буданд, ба додгоҳҳо шикоят бурд.

Зимнан, бар пояи муқаррароти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар сурати аз рӯи ихтисос фаъолият накардани донишҷӯёни пешин, онҳо муваззафанд пули чор соли таҳсилро пардохт кунанд. Танҳо пас аз ин, онҳо соҳиби диплом шуда, ҳаққи дар маҳали дилхоҳи худ кор карданро пайдо хоҳанд кард.

Аммо бархе хатмкунандагон мегӯянд, ки бинобар набудани соатҳои дарсӣ, наметавонанд ба ҷои кор дар мактабҳо ҳозир шаванд. Ва бархе коршиносон мегӯянд, дар ин маврид бештар писарон ба ҷои кор ҳозир намешавад. Ба гуфтаи онҳо, аз як сӯ набуди соатҳои дарсӣ ва аз сӯи дигар маоши кам, кор барои онҳо дар мактабҳо чандон дилгармкунанда нест.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб нӯҳ факулта дошта, дар он ҳудуди 10 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Бештари факултаҳои ин донишгоҳ барои минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон омӯзгорон омода мекунанд.

XS
SM
MD
LG