Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шахсонеро медонам, ки диплом надоранд, дар идораҳо кор мекунанд". Қонуни нав тағйире меорад?


Дар Тоҷикистон тарҳе омода шудааст, ки бар пояи он, таваҷҷуҳ кардан ба мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоии довталабони кор дар идораҳои давлатӣ мамнуъ хоҳад буд. Ин талаби Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки қонунҳои дигар бояд ба он мувофиқат кунанд, вале коршиносон мегӯянд, вориди кор шудан дар ниҳодҳои давлатии кишвар ғолибан на бе шаваҳои ҳуқуқӣ сурат мегирад.

Тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни хидмати давлатӣ аз сӯи чанд вакили порлумон таҳия шуда, ахиран ҳукумат низ ба он риҳоият додааст.

Иброҳим Абдуллозода, вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони тарҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи мазкур чанд муқаррароти навро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, мавҷудияти ҳар гуна табъиз бар пояи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, мансабӣ ва молу мулкии шаҳрванд барои дохил шудан ба хизмати давлатӣ манъ аст.

Ҷаноби Абдуллозода афзуд, ҳадаф аз қабули тағйироти нав фароҳам овардани имконияти баробар ба ҳама довталабони кор дар ниҳодҳои давлатӣ мебошад. "Зарураташ ҳамин аст, ки дар хизмати давлатӣ бояд ҳама тавонад кору фаъолият кунанд. Новобаста аз кадом миллат рус, украин ё дигар нажод вай метавонад, ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият кунад", - гуфт ин вакили порлумон.

Муаллифони тарҳ мегӯянд, мехоҳанд, бо тағйири қонун таваҷҷуҳ асосан ба лаёқати кадрҳо равона шавад ва миллату дину вижаҳигои дигари номзадҳо аҳамият надошта бошанд.

Дар Тоҷикистон тибқи иттилои расмӣ, наздики 19 ҳазор хидматчии давлатӣ фаъолият мекунанд. Ба иттилои Оҷонсии хидмати давлатӣ, 90 дарсади кормандони давлатӣ дар кишвар тоҷикон ва даҳ дарсади дигар узбекон, қирғизҳо, русҳо ва дигар миллатҳо мебошанд. Масъулони ин идора гуфтанд, онҳо хидматчиёни давлатиро танҳо аз рӯи ҷинсият, минтақа ва миллат ҳисоб мекунанд ва эътиқоди динии онҳоро қайд намекунанд.

Низоми кадрӣ дар Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди коршиносон қарор гирифтааст. Бархе аз довталабони кор дар мақомҳои давлатӣ аз тасмими нави вакилони истиқбол мекунанд, вале мегӯянд, мушкили бахши кадрӣ дар Тоҷикистон миллату забон нест.

Нусрат Азимов ҳафт сол пеш донишгоҳро бо ихтисоси забоншинос хатм кард, вале ба гуфтаи худаш "орзуҳояш то имрӯз дар ҳаво ҳастанд". Азимов мехост дар идораи расмие фаъолият кунад кор кунад, вале ё ӯро қабул накарданд ва ё аз чанд моҳ бештар нагузоштанд кор кунад. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, монеаи аслӣ дар роҳи кадрҳои шоиста ба идораҳои давлатӣ хешутборбозӣ ва фасод мебошад.

Нусрат Азимов барои исботи фикраш гуфт, борҳо дар озмунҳои қабул шоҳид шудааст, ки ашхоси нолоиқ ба кор гирифта шуданд, вале ӯ паси дар монд.

“Шахсонеро медонам, ки умуман диплом надоранд, аммо дар идораҳо кор мекунанд. Бо чашмони худам дидам, ки коргари идораи давлатӣ ариза барои ба рухсатӣ рафтанро навишта наметавонад. Ё як нафари дигараш натавонист барои пур кардани ранги дастгоҳи чопкунӣ ба сардор як дархост нависад. Ҳол онки ҳамаи ин нафаронро тариқи озмун ва гӯё шаффоф ба кор қабул карданд",- афзуд Нусрат Азимов.

Мақомот ин гуна интиқодҳоро борҳо рад карда гуфтаанд, талош мешавад ашхоси шоиста ба кор дар идораҳои давлатӣ интихоб шаванд. Вале ба гуфтаи Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонсии хизмати давлатӣ, на ҳама дар Тоҷикистон ва аз ҷумла афроди шоиста ҳозиранд, дар идораҳои давлатӣ кор кунанд. Музди ками кор яке аз сабабҳои аслии аз кори давлатӣ парҳез кардани ҷавонон будааст.

Коршиносон мегӯянд, аз таҳрири қонун дар бахши хидмати давлатӣ наметавон интизори тағйироти ҷиддӣ дар ин самт буд. Ба гуфтаи коршиносон, мушкили кадрҳои шоиста масъалаи аслӣ барои Тоҷикистон аст, ки боиси рушди фасод ва ва ақибмонии кишвар шудааст. Ҳарчанд мақомот ин гуна андешаҳоро қабул надоранд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик гуфт, дар кишварҳое чун Тоҷикистон масъалаи кадрӣ мушкили ҳуқуқӣ надорад, балки мушкил танҳо системавист. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, мушкил дар он аст, ки дар низомҳое мисли Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир нестанд, шаҳрвандони дигарандешро бипазиранд.

"Дар кишварҳое мисли мо масоили кадрӣ ҳуқуқӣ нест. Балки аз иродаи сиёсии шахсияти рақами 1 бармеояд. Бовар кунед, пагоҳ агар Эмомалӣ Раҳмон бо Шокирҷон Ҳакимов дар ягон ҷаласа вохӯраду танҳо салом кунад, даҳҳо корхона барои ӯ ҷои кори муносиб пешниҳод хоҳанд кард. Мутаассифона, дар ҷомеаҳое чун мо мансаб не, ҳатто мақоми оддитаринро бар пояи садоқатсолорӣ медиҳанд. Яъне муҳим ин, ки то куҷо ба шахси аввал тамаллуқ мезанед, дар расонаву ҷамъомадҳо дар ҳаққаш суханони обшуста мегӯед ва ҳамин тавр, "узви команда" мешавед. Ин равандро, мутаассифона ҳеч қонуне дигар карда наметавонад,”- таъкид кард Раҷаби Мирзо.

Шокирҷон Ҳакимов доктори илми ҳуқуқ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, ки солҳост, дар ниҳодҳои давлатӣ коре пайдо карда натавонистааст ва Донишгоҳи Озод, ки дар он дарси ҳуқуқшиносӣ медод, баста шуда, даҳҳо устоди он, ба шумули Раҳматулло Зойиров, ҳуқуқдони машҳури тоҷик ва раҳбари ҳизби мазкур, ҳамчунин чандин профессор аз кор маҳрум гаштанд.

Назари аксари коршиносон ин аст, ки тағйири қонун бештар хосияти расмӣ ва зоҳирӣ дошта, ҳарчанд гуфта мешавад, эътиқоди диниро табъиз хоҳад донист, дар бораи эътиқодоти сиёсӣ ва ҳамчунин синну сол чизе намегӯяд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG