Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар биноҳои бе санад. Лифти вайрона боис ба ҳалокати зани 49-сола дар Душанбе шуд. ВИДЕО


Як лифти вайрона дар бинои баландошёнае дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боис ба ҳалокати Мавҷуда Ҳусейноваи 49-сола шудааст. Ҳодиса 14-уми сентябр рух додааст. Масъулони бино тасдиқ карданд, ки лифтҳои ин баландошёна кӯҳна шуда, барои истифода номумкин аст, аммо бе мадади мақомот тавони иваз кардани онҳоро надоранд. Мақомот гуфтанд, ки қазияро додситонӣ таҳқиқ дорад.

Ин биноро чанд сол пеш ширкати "Мовароуннаҳр" сохтааст.

Яке аз сокинони бино ҳодисаро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: "Лифт вайрон шуда, дар боло дармонда будааст. Зан бехабар аз он, баъди сайругашт бо кӯдаки хурдсол, тугмаро пахш кардааст, то бо истифода аз он ба боло барояд. Худи лифт ба поён намефарояд, вале дар кушода мешавад. Пойи худро ба дохил мегузорад ва бо кӯдак ба зер меуфтад."

Парвона Далерзода, хоҳарзодаи Мавҷуда Ҳусейнова, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, холааш пас аз афтодан ба оҳан бархӯрда, "дар натиҷа ҷигараш кафидааст".

Пайвандони зан мегӯянд, ӯ яке аз кӯдакони хешовандонро нигоҳубин мекард ва кӯдак дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст, вале натавонистаанд занро наҷот диҳанд.

Ҳамсояҳо гуфтанд, ки солҳост лифти вайрона аз васоили интиқол баръакс ба манбаи хатар табдил ёфта, аллакай се нафарро қурбон кардааст. Марги Мавҷуда Ҳусейнова аз лифтҳои вайронаву корношоям дар ин бинои истиқоматӣ Нисо Абдуловаро ба ёди рӯзҳои талхе бурд, ки писари ҳафтсолааш аз ошёнаи 13-ум аз лифт ба замин сарозер шуд ва ҷон бохт.

"Соли 2007 писари ман дар ҳамин лифт афтод. Бачаам омада, тугмаи лифтро зер мекунад, аммо аз сабаби он ки вайрона будааст, лифт ӯро ба боло мекашад. Баъд аз боло омада, ба замин мезанад, майда-майда шуд. Ҳеч кас аз ҳоли мо намепурсад. Намегӯяд, ки дар инҷо одам зиндагӣ мекунад, ё ҳайвон", -- шикоят кард ӯ.

Сокинони бинои баландошёна мегӯянд, чанд соли ахир, ки дар ин макон зиндагӣ доранд, дар баробари набудани лифт, барои камбуди обу барқ ва дигар намуди хидматрасониҳо борҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо ҳеч ниҳод ба додашон намерасад ва ҳатто касе баъд аз марги ин зан ба суроғи хонавода наомадааст.

Саиданвари Ҷӯра, як масъули Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ гуфт, аз ҳодисаи ахир огоҳ ҳастанд ва тасдиқ кард, ки дар воқеъ лифтҳои бино корношоям аст: "Ҳарчанд дар пайи ҳодиса ба мо ҳеч шикоят нашудааст, худамон ба ҷойи ҳодиса рафтем. Бо нафароне, ки лифтро таъмир мекарданд, суҳбат кардем, баёнот гирифта шуд ва додситонӣ таҳқиқ дорад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Боз як қурбонии лифти одамкуш дар шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Бархе аз сокинон гуфтанд, бино ҳанӯз аз комиссияи давлатӣ нагузаштаасту шумора надорад ва сокинон ҳуҷҷатҳои манзили худро пурра дастрас накардаанд. "Дар ҳақиқат, мушкилиҳо зиёд аст, лифтҳо куҳнаанд, аз кор баромадаанд. Онҳоро истифода кардан мумкин нест, лекин сокинон ҳам наметавонанд онро иваз кунанд. Агар мақомот барои ин кор кумак кунанд, хуб мешавад", -- гуфт, масъули бинои баландошёна Абдулҳафиз Маҳмадалиев.

"Мовароуннаҳр" ягона ширкате нест, ки сокинон аз набудани шароит дар манзилҳои нотамомаш шикоят мекунанд. Мушкилоти марбут ба лифт ва камбуди обу барқ хоси баъзе дигар аз биноҳои навбунёди баландошёна дар Душанбе будааст. Дар баъзе аз ин биноҳо ҷойи лифт ҳанӯз холист ва метавонад сокинонро "фурӯ барад".

Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз сокинони бинои баландошёнаи мутааллиқ ба ширкати “Порсирон” дар маҳаллаи 102-и пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо гузашти ҳашт сол аз бунёди бино лифт насб нашудааст. Мавзуна, як сокини бино, гуфт: "Ҷойи лифтро бо коғаз маҳкам кардаанд. Агар кӯдаке онро тела диҳад, метавонад аз ошёнаи 13 ба замин сарозер шавад. Сокинон борҳо шикоят карданд, вале касе онро назорат намекунад."

Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати “Порсирон” вазъро ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд.

Дастикам дар шаш бинои навсохт дар Душанбе, ки мо дар он ҳузур доштем, сокинонаш мегӯянд, бо гузашти аз се то ҳашт сол ва ҳамин тавр дар бинои марбут ба ширкати "Мовароуннаҳр" бештар аз 15 сол ҳанӯз ҳам ҳуҷҷат надоранд. Ҳамчунин на лифт ва на майдончаи бозии мутобиқ ба меъёр.

Саиданвари Ҷӯра, масъули Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ мегӯяд, "ба мо муроҷиат кунанд, дар асоси он мебинем. Насби лифтҳо бояд бо хадамот мувофиқа шавад. Ҳамчунин комиссияи давлатӣ ҳангоми қабул онро мебинад."

Як хабарнигоре, ки шароити биноҳои навсохти баландошёнаро дар пойтахт таҳқиқ кардааст, бе зикри номаш гуфт: "Биноҳо лифт доранд, аммо пастсифат ҳастанд ва ё ҳангоми насби онҳо қоидаҳоро риоя намекунанд. Ин чиз бояд ҳангоми ворид кардан ва насбу истифодаи он зери назорати хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноат бошад. Иҷозатномаи асосиро ҳам барои истифода онҳо медиҳанд. Ҳоло на ҳамеша меъёри давлативу назорати сохтмон инро ҷиддӣ намегиранд."

Коршиносону сокинон тахмин мезананд, ки ширкатҳои сохтмонӣ аз пайи даромад гоҳе шитобкорӣ мекунанд ва ба сифати кор кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Баъдан ин шитобкорӣ ба гардани соҳибони хона барои солҳои дароз душворӣ меорад ва гоҳе дигар ин бепарвоӣ талафоти ҷонӣ ҳам дар пай доштааст. Мақомот омори умумии чунин биноҳои "мушкилдор"-ро эълон накардаанд.

XS
SM
MD
LG