Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Охунов аз зиндон озод шуд


Ҷӯрабек Охунов
Ҷӯрабек Охунов

Ҷӯрабек Охунов, собиқ раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”, пас аз ҳашт соли зиндон озод шуд. Ӯ моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, соли 2012 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Пайвандони Ҷӯрабек Охунов гуфтанд, ки бар асоси Қонуни афви соли 2014 муҳлати ҳукми ӯ кам шуд ва рӯзи 8-уми май озод гардид. Ороста Охунова, духтари Ҷӯрабек Охунов, рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳашт сол дар зиндон нишастанд, ҳоло дар озодӣ ҳастанд”.

  • Ин соҳибкор ба “қаллобӣ” ва “соҳибкории ғайриқонунӣ” муттаҳам мешуд.
Муштариҳои ширкати "Мовароуннаҳр"
Муштариҳои ширкати "Мовароуннаҳр"

Ширкати “Мовароуннаҳр” аз соли 2005 дар шаҳри Душанбе ба сохтмони хонаҳо машғул буд. Додгоҳ Ҷӯрабек Охуновро ба он муттаҳам карда буд, ки аз сокинон пули манзили зистро гирифта, вале бо вуҷуди анҷоми муҳлат муштариёнро ба манзил таъмин накардааст. Ин ширкат наздики 600 муштарӣ дошт.

Баҳси ин ширкат ҳанӯз хатм нашудааст ва бархе муштариён аз ҷуброн нашудани зиёнашон шикоят мекунанд.

Ҷӯрабек Охунов дар додгоҳ
Ҷӯрабек Охунов дар додгоҳ

Раҳоии Ҷӯрабек Охунов аз зиндон дар ҳолест, ки охири соли гузашта нисбат ба бародари ӯ - Тӯрабек Охунов, ки ҳоло раҳбарии ширкатро бар дӯш дорад, бар асоси як шикояти муштарӣ парванда боз карда буданд.

Парвандаи ширкати "Мовароуннаҳ" яке аз пурсарусадотарин моҷароҳои додгоҳӣ бо ширкати ширкати азими сохтмонӣ дар Тоҷикистон буд. Баъди зиндонӣ шудани Ҷӯрабек Охунов, раҳбарияти ширкатро бародараш Тӯрабек Охунов ба ӯҳда гирифт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 13-уми сентябри соли 2011 амволи ширкати “Мовароуннаҳр”-ро, ки дар ҳоли ҳабс қарор дошт, озод карда иҷозат дода буд, сохтмони биноҳои нотамом ба анҷом расонда шавад. Мушкили муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» дар соли 2010 ва замоне шурӯъ шуд, ки ширкати мазкур ба мушкилоти молӣ печида, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари қаблии он боздошт гардид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду сол баъд ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум ва моликияташро мусодира кард. Бо тасмими додгоҳ, ба ширкати “Мовароуннаҳр” иҷоза шуд, ки сохтмони нотамомро анҷом дода, муштариёни аз пеш пул пардохткардаро қонеъ кунад.

XS
SM
MD
LG