Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар матбуоти тоҷик "Нуқта"-назари нав пайдо шуд.ВИДЕО


Муассиси вебсайт Набӣ Юсупов дар меҳмонии Радиои Озодӣ.
Муассиси вебсайт Набӣ Юсупов дар меҳмонии Радиои Озодӣ.

Дар Тоҷикистон вебсайти нави иттилоотӣ-таҳлилӣ бо номи nuqta.tj ба кор шуруъ кард. Ҳадаф аз таъсиси сомона ба гуфтаи муассисонаш, нашри матлабҳои таҳлилӣ ва омода кардани таҳлилгарон аст. Вебсайт дар шароите ба кор шуруъ мекунад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз маҳдудтар шудани озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар чунин шароит nuqta.tj то куҷо муваффақ мешавад? Оё доираи маҳдуде дорад ва аз нашри мавзуъҳои “табу” худдорӣ мекунад? Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ҳамин бора бо Набӣ Юсупов, муассиси сомона суҳбат карданд.

Радиои Озодӣ: Барои таъсиси як сомонаи таҳлилӣ чӣ зарурате вуҷуд дошт?

Набӣ Юсупов: “Расонаҳои зиёде маҷбур шуданд, фаъолияти худро қатъ кунанд ё муваққатан кори худро боздоранд. Мисол ҳафтаномаҳои “Чархи гардун”, “Дайджест пресс”, холдинги “Муҳаббат ва оила” ва дигарон. Чандин рӯзноманигор бекор монд. Агар ёдатон бошад Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази таҳқиқоти журналистӣ иқдоме кард, ки барои рӯзноманигорони ниёзманд маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ кӯмак кард. Баъдан Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи “СССР” ҳам чунин иқдоме кард.

Дар матбуоти тоҷик "Нуқта"-и назари нав пайдо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:19 0:00

Дар ҳамон вақт ба ман ҳам якчанд кас муроҷиат кард, ки мо мақола менависем, вале ҷойи нашр нест. Расонаҳо ё корашонро боздоштанд ё маблағи кам медиҳанд. Ҳамаи инро фикр карда, тасмим гирифтам, лоиҳае навишта, ба созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод кунам. Агар дастгирӣ кунанд, ҳаминро пеш барам. Охир вақтҳо дидам, ки рӯзноманигорони таҳлилгар ё коршиносоне, ки пеш фаъол буданд, корашон суст шуд.

Ҳаракат кардам, ки ҳамаи инҳо бекор намонанд ва аз соҳа дур нашаванд, илоҷашро ёфта, ёрдам кунем. Агар нашавад, таҳлилгарони нав тарбия кунем. Ин мушкилиҳое, ки имрӯз ҳаст, муваққатӣ ҳастанд ва мегузаранд. Инҳо боз корашон хуб мешавад. Лекин будагиашро аз даст надиҳем гуфта, лоиҳаро навишта пешниҳод кардам ва бо дастгирии Инситути ҷомеаи боз ва Бунёди мадад ин кор амалӣ шуд."

Радиои Озодӣ: Дар бораи маблағгузории лоиҳа ва тими шумо ҳатман бармегардем, вале ҳоло мехостам инро бипурсам, ки шумо солҳои зиёд аст, расонаҳои Тоҷикистонро мониторинг ё таҳлил мекунед? Дар чунин фазое, ки созмонҳои ҷаҳонӣ аз маҳдуд шудани озодии баён нигаронӣ мекунанд, нақши сомонаи худро чигуна мебинед?

Набӣ Юсупов: "Мо корро тоза шуруъ кардем, лекин сад фоиз гуфта наметавонам, ки корамон муваффақ мешавад. Ҳаракат мекунам, ки як командаи мустаҳкам ёбам, дастае, ки метавонанд ва кор кардан мехоҳанд."

Радиои Озодӣ: Агар ошкортар бипурсам, миссияи сомонаи nuqta.tj чист?

Набӣ Юсупов: “Миссияаш нигоҳ доштани кадрҳои ҳозира, рӯзноманигорон, таҳлилгарони қавӣ, гузоришгарони хуб, журналистоне, ки мусоҳибаҳои хуб омода мекунанд. Ба бисёр расонаҳое, ки корашон суст шуда, наметавонанд, ба рӯзноманигорон маош диҳанд, пешниҳод мекунем, ки матлабҳои сомонаи моро ройгон нашр кунанд. Барои соли аввал маҷбур намекунем, ки номи сомонаро нависанд, исми муаллифро зикр кунанд, кофӣ аст.

Чаро дар расонаҳои Тоҷикистон “хатти сурх” пайдо шуд?

Радиои Озодӣ: Бисёре аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки як доираи маҳдуд доранд ё ошкортар бигӯям як “хатти сурх”-е барои худ муқаррар кардаанд, ки аз он фаро намераванд. Оё сомонаи nuqta.tj ҳам “хатти сурх” дорад?

Набӣ Юсупов: “Хатти сурх”. Мефаҳмам, ки дар замони ҳозира бе ин намешавад. Бисёре аз расонаҳои Тоҷикистон барои худашон ҳамин хел хат кашиданд. Мо ҳоло чунин хат дорем, ё не, гуфта наметавонам. Корро нав шуруъ кардем. Лекин фикр мекунам, ки барои худамон мавзуъҳои худтанзимӣ медарорем. Феълан дастамон ба ин нарасидааст, ки куҷоаш барои мо вазнин, аз куҷо чӣ шуданаш мумкин. Лекин фикр мекунам, ки “хати сурх” мешавад."

Радиои Озодӣ: Дар бораи ҳамин “хати сурх.” Ба назари шумо ҳамчун як мунаққиди ВАО чаро барои расонаҳои дохилии Тоҷикистон “хатти сурх” пайдо шуд?

Набӣ Юсупов: “Агар замони фаъолияти худ дар охири солҳои 90 ва аввали солҳои 2000-умро ба ёд орам, он вақтҳо бисёр мансабдорон мехостанд, камбудиро нишон диҳем ва ин камбудиро дар якҷоя бо матбуот ҳал кунанд. Баъди нашри ягон матлаб вазорат ё кумитаро маҷбур намекардем, ки ҷавоб навис. Лекин кумита ё вазорат менавишт, ки мақоларо хонда, баррасӣ кардем бо шумо розӣ, ё норозием. Ё инки мегуфтанд, ки чӣ чора диданд.

Баъдан ҳамроҳи вазир ё раисони кумитаҳо дар ягон ҷо вомехӯрдем ва ҳамроҳашон озод суҳбат мекардем. Ҳарду тараф фикр мекардем, ки дар якҷоягӣ корро пеш мебарем. Ҳамин кор пеш буд. Аммо ҳозир марзи сурх байни матбуот ва мақомдорон пайдо шуд. Марзе пайдо шуд, ки ё онҳо моро қабул карданӣ нестанд, кадоме гапе набошад, ба худашон ҳамчун душманӣ қабул мекунанд. Баъд рӯзномананигорон барои худ “хатти сурх” муайян карданд.

Аввалан марз байни ду тараф мақомдорону журналистон ҳаст. Лекин бояд дар якҷоягӣ як вазифаро иҷро карда, як корро пеш барем. Мо фарзандони ҳамин минтақа ҳастем, душмани халқи худамон нестем. Агар расонае чизеро танқид кунад, барои худаш накардааст. Балки мавзӯеро бардоштааст. Масалан нафақа ё мавзӯи муҳоҷирон. Ман нафақахӯр ё муҳоҷир нестам, танҳо мавзӯъро бардоштам, ки биёед инро ҳал кунем.”

“Барои расонаи хуб тими хуб даркор”

Радиои Озодӣ: Шуморо ҳамчун як мунаққиди матбуот мешиносанд, оё мардум метавонад, умедвор бошанд, ки шумо расонаи навоваре мешавед?

Набӣ Юсупов: “Ман дар “Азия-плюс” кор мекардам, онҷо як мактаби хубе дорад. Дар онҷо имконият буд, ки мо як тими хубро ташкил карда, корро дигар гуна созем. Марат Мамадшоев, Олга Тутубалина, Парвина Ҳамидова, Рухшона Олимова, Шамсиддин Насриддинов ва Баҳром Маннонов. Одамони равшанфикр ва дурандеш буданд.

Яъне онҷо команда буд, мо маслиҳат карда, навовариҳое мекардем. Инро дида дигар расонаҳо ҳам мехостанд, ки баробари мо бошанд. Ҳозир корро тоза шуруъ карда, командаи муайян надорам. Одамонро ҷамъ карда, ҳамфикр шудан даркор. Мешавем, ё не, ин дигар суол. Вале бо ин тим тавонем корро пеш барем. Мо дар бораи вазъи матбуот дар Тоҷикистон мониторинг ва тадқиқотҳо мегузаронем. Ҳаракат карда, камбудиҳоро ёфта, як чизи хуб сохтан даркор."

Радиои Озодӣ: Саҳифаи тоҷикии вебсайти шумо, ба назар мерасад, мисли саҳифаи русӣ чандон рушдкарда нест. Сабаб чист?

Набӣ Юсупов: “Мо мехостем, ки якбора ҳам сафҳаи тоҷикӣ ва ҳам русӣ фаъол бошад. Баъзе муаллифон ваъда доданд, ки мақола менавиштанд, аммо нанавиштанд. Вале бо ин вуҷуд мо матлабҳоро аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардем, омодаи чопанд. Вале дар миён дар сомона мушкилиҳои техникӣ ба миён омад, чун тоза 5 рӯз шуд, корро оғоз кардем. Кормандони техникӣ барои ислоҳи вазъ муҳлат хостанд. Баъди ислоҳи камбудҳои техникӣ ин рӯз, ё фардо сафҳаи тоҷикӣ низ фаъол мешавад.”

"Барои таҳлили хуб расонаҳо бояд пули хуб ва обрӯ пайдо кунанд"

Радиои Озодӣ: Солҳои ахир бахши таҳлил дар расонаҳои Тоҷикистон ба гуфтаи коршиносон заиф шуд. Танҳо чанд таҳлилгар мондаанд, ки назарашонро дар бораи вазъи мавҷуда баён мекунанд. Матлабҳои таҳлилӣ ҳам кам дида мешавад. Ба назаратон чигуна метавон бахши таҳлилро дар расонаҳо рушд дод?

Набӣ Юсупов: “Таҳлилро ба ду қисм тақсим кардан даркор - таҳлили журналистӣ инки журналист мавзуро гирифта назари чанд коршиносро мегирад ва бо он гузориш таҳия мекунад. Ҳаст таҳлилгароне, ки дар ин ё он соҳа кор мекунад. Масалан иқтисодчӣ, ки мавзӯи соҳаи худро мониторинг гузаронда, таҳлил карда, барои расонаҳо менависад. Таҳлилгарони мо намехоҳанд, бо пули кам кор кунанд. Онҳо мегӯянд, расонаҳои Тоҷикистон музде, ки пешниҳод мекунанд, кам аст. Барои ҳамин онҳо намехоҳанд, таҳлил нависанд.

Ҳарчанд ғайр аз ин ки онҳо метарсанд, ки боз як “хати сурх аст. Мо мебинем, ки дар расонаҳои ҷаҳонӣ таҳлилгарони тоҷик дар бораи Тоҷикистон таҳлилҳои хуб нашр мекунанд. Мо аз чанд нафараш хоҳиш мекунем, ки намехоҳед, барои мо навиштан? Онҳо посух медиҳанд, ки мо аз он сомонаҳо 100-200 доллар мегирем, ки шумо ин маблағро дода наметавонед. "

Радиои Озодӣ: Хуб роҳи ҳал чист?

Набӣ Юсупов: "Роҳи ҳал бояд вазъи молии расонаҳо беҳтар ва обрӯяшон баландтар шавад. Пештар баъзе таҳлилгарон мавод менавиштанд, пулашро ҳам талаб намекарданд. Мегуфтанд, мо таҳлилгар ҳастем ва мехоҳем, матлабамон дар ягон расона чоп шавад ва барои худ обрӯ меёфтанд, ки дар расонаи маъруф матлабашон чоп шудааст. Ҳозир тиражи ҳафтаномаҳои мо хеле кам аст. Барои ҳамин коршиносон кӯшиши бештар намекунанд."

Радиои Озодӣ: Аз рӯи дараҷаи шартии 5-баллӣ ба вазъи озодии баён чӣ баҳо медиҳед?

Набӣ Юсупов: Баҳои 3, каме беш ё камтар.

XS
SM
MD
LG