Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри тоҷик 91-сола шуд. Мушкилоташ афзуд ё кам шуд? ВИДЕО


7-уми ноябр аз таъсиси нахустин театр дар Тоҷикистон 91 сол пур шуд. Дар ин даҳсолаҳо театрҳои кишвар шебу фарози зиёдеро паси сар кардаанд. Ҳоло чӣ ҳол доранд?

Пас аз танаффуси чандмоҳа дар аҳди COVID-19, театрҳои Тоҷикистон дубора дари худро ба рӯйи бинандаҳо кушоданд. Гуруҳе аз сокинон намоишномаҳоро тавассути Интернет мебинанду гурӯҳи дигар бо даҳону бинии баста ба толори театр мераванд.

Ҳунарпешаҳо мегӯянд, тамошобинон то ҷое пазмони дидани намоишномаҳо шудаанд. Мутахассисони соҳа мегӯянд, театрҳо барои кори хуб ба пуштибонии молӣ ниёз доранд.

Ин шабу рӯз ҳаводорони театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Душанбе намоишномаи "Пизишки паррон"-ро мустақим аз саҳнаи театр тамошо мекунанд. Шуҷоат Ҷалолиддинов, ҳунарманди театр, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки моҳҳо дар "карантин" буданд, тамошобини худро аз даст надодаанд.

Ӯ гуфт: "31-уми октябр намоишномаи “Пизишки паррон”-ро ба саҳна гузоштем. Бо хоҳиши тамошобинон панҷ рӯзи дигар онро намоиш додем. Онҳо мехостанд, ба театр биёянд ва намоишномаро бубинанд."

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҳунармандони театри ба номи Туҳфа Фозилова роҳи дигарро пеш гирифтанд. Фарҳод Ғаффорпур, коргардони театри Конибодом, гуфт, дар давраи пандемия намоиши онлайнро ба роҳ монданд ва то ҷое муваффақ ҳам шуданд.

"Пандемияи коронавирус аст ва тамошобинонро ба театр даъват кардан имкон надорад. Мо роҳеро пайдо кардем, ки ин ҳам намоиши онлайн аст", - афзуд ӯ.

Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, барои чунин шакли пешниҳод мушкили фанниву иқтисодӣ вуҷуд дошт, ҳунарпешаҳо барои наздикӣ бо тамошобин омода буданд, монеаҳоро гузаранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Театри тоҷик 91-сола шуд. Мушкилоташ афзуд, ё кам шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Бо вуҷуди фаъолияти 91-сола ва баъзе комёбиҳо, театри тоҷик бо мушкилиҳои зиёде низ рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла, набудани намоишномаҳои диданӣ, музди ками ҳунарпешаҳо, сензураи нонавишта ва тамошобинони кам.

Мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки театр бахши муҳими фарҳанг аст ва онҳо барои рушди он тамоми талоши худро кардаанд. Ҳунармандон низ ба ин боваранд, ки театри тоҷик ба фарқ аз даҳ сол пеш то андозае пешрафт кардааст. Шуҷоат Ҷалолиддинов, ҳунарпешаи театри ба номи Лоҳутӣ, гуфт, “агар то соли 2010 тамошобинро маҷбурӣ ба театр меоварданд, ҳоло онҳо худ ба пушти дари театр меоянд. Аммо дуруст аст, ки бояд намоишномаҳои диданиву замонавиро ба тамошобин пешниҳод кунем.”

Мутахассисони соҳа мегӯянд, дар Тоҷикистон воқеияти инро, ки театр ҳам як ҷузъе аз бозор аст ва бояд мутобиқ бо замон пешрафт кардаву тағйир ёбад, ҳанӯз дарк накардаанд. Аксари театрҳои Тоҷикистон худкифо нестанд, дар мавқеи давлатӣ ё нимарасмӣ фаъолият мекунанд, аз назари молӣ дастнигаранд ва барои ба саҳна гузоштани намоишномае ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ доранд.

Одили Нозир, хабарнигори тоҷик, ки масоили фарҳангиро пайгирӣ мекунад, гуфт: “Театр як ниҳоде ҳаст, ки ҳамеша аз назари молӣ фоидаовар нест ва ҳеч гоҳ як тоҷир онро дастгирӣ намекунад. Аммо театр барои бофарҳанг кардани мардум барои давлат бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, танҳо ҳукумат метавонад, ба ин соҳа пул диҳад ва аз театр асари шоиста талаб кунад”.

Аммо Одили Нозир мегӯяд, ин ба маъное нест, ки бо дастгирии молӣ театрро сензура кунанд.

Театри тоҷик
Театри тоҷик

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 20 театри касбӣ мавҷуд аст ва ҳар яке аз онҳо аз 20 то 50 ҳайати эҷодӣ доранд. Солҳои ахир театрҳо барои он танқид мешаванд, ки бинобар камбуди тамошобин, бо миёнравии устодони мактабу донишгоҳҳо хонандагон ва ё донишҷӯёнро маҷбурӣ ба театр меоранд. Иддаое, ки масъулини театр рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG