Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷамшед Умарӣ мехоҳад, бо театр пеши роҳи муноқишаро бигирад. ВИДЕО


Шоҳҷамшед Умарӣ рӯзи 27-уми март бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.
Шоҳҷамшед Умарӣ рӯзи 27-уми март бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Яке аз коргардонҳои ҷавони тоҷик мегӯяд, театр ва ҳунарпешагон метавонанд, роҳи ҳаргуна муноқишаи эҳтимолиро бигиранд.

Шоҳҷамшед Умарӣ ҳафтаи гузашта дар рӯзи 27-уми март Рӯзи ҷаҳонии театр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи ҳунарпешагони ҷавон қасд дошт, бо баргузории намоишномаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рафъи ҷанҷолҳои эҳтимолӣ дар сарҳад саҳм бигиранд, аммо коронавирус ҳоло сарнавишти барномаҳои онҳоро номаълум кардааст. Шоҳҷамшед Умарӣ, ҳунарпеша ва коргардони гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” аст ва Искандари Фирӯз бо сӯҳбате дошт.

Радиои Озодӣ: Лутфан мегуфтед, ки ҳоло ба чӣ коре машғул ҳастед?

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Ташаккур. Феълан машғули таҳияи намоишномае дар мавзӯи хушунат ба занҳо ҳастам. Вақте худи матни намоишнома омода шуд, сипас ба тамрин шурӯъ мекунем."

Радиои Озодӣ: Муаллифи ин намоишнома худи шумо ҳастед?

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Ин намоишномаи мустанад аст. Аммо гирдоваранда худам ҳастам. Муаллифони намоишнома одамони воқеӣ мебошанд. Ман бо онҳо сӯҳбатҳо карда, нақши гирдоварандаро иҷро кардаам. Аз соли гузашта якҷо бо бародар Далери Имомалӣ омодагиҳо барои баргузории ҷашнвораи “Нигоҳи нав”-ро шурӯъ кардем. Ин ҷашнвора се соли ахир таътил карда буд."

Шоҳҷамшед мехоҳад, бо ҳунар пеши роҳи ҷанҷолу муноқишаро бигирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Радио Озодӣ: Сабаби таътил дар чист?

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Посух як аст, набудани маблағ."

Радиои Озодӣ: Барои баргузории ҷашнвораи театрӣ маблағи зиёда даркор аст?

Шоҳҷамшед Умарӣ: “Бо маблағи кам намешавад, ҷашнвораи театриро дар сатҳи баланд баргузор кард. Ҳоло якҷо бо ҳамкоронам бо сарпарастҳо вориди музокирот шудаем. Ба хулосае расидем, ки шакли баргузории ин ҷашнвораро тағйир бидиҳем. Чӣ гуна? Агар қаблан мо намоишномаҳоро дар рӯйи саҳнаи театр иҷро мекарда бошем, дар соли ҳафтуми баргузории ин ҷашнвора тасмим шуд, ки ба шакли театри хиёбонӣ дар берун сурат бигирад.”

Радиои Озодӣ: Яъне, зери осмони соф?

Шоҳҷамшеди Умарӣ: “Бале. Дар кӯча, дар берун.“

Радиои Озодӣ: Ин танҳо ба хотири гарон будани иҷораи толори театр аст?

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Не. Ин танҳо ба хотири наздик шудан бо бинанда аст. Ҳамчунин тасмим гирифтем, ин ҷашнвораро аз Душанбе ба Исфара кӯч диҳем. Мехоҳем, бо дарназардошти ин нукта, ки ҷашнвораи мо минтақавӣ аст, мехоҳем, онро дар минтақаҳои марзӣ бо Қирғизистон баргузор кунем. Дар ин ҷашнвора ҳунарпешагон аз Қирғизистону Тоҷикистон ва Қазоқистону Узбекистон ва Туркманистон низ ширкат хоҳанд кард. Соли дигар ин ҷашнвораро дар Ишкошими Бадахшон ва соле баъд шояд дар шаҳри марзии Турсунзодаву сипас дар Фархор баргузор кунем. Дар соли панҷум ин ҷашнвора дар Душанбе баргузор мешавад. Мо мехоҳем, дар ин ҷашнвора мавзӯи ҳамгироии сокинони наздимарзӣ ва сулҳ миёни онҳоро меҳварӣ созем. Чун намоишномаҳо зери осмони соф баргузоре мешаванд, дар канори театрҳо тамошобинҳоро низ аз кишварҳои ҳамсоя даъват хоҳем кард. Дар ниҳоят, ин ҷашнвораи минтақавии театрӣ ба навбат ба кишварҳои ҳамсоя кӯч мебандад."

Радиои Озодӣ: Яъне, ин ҷашнвора ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор намешавад?

Шоҳҷамшед Умарӣ: Бале. Ин як ҷашнвораи театрии сайёри минтақавӣ мешавад. Мутаассифона, бадбахтие, ки ба сари мардум дар шакли COVID-19 омад, амалӣ шудани ин ҳама ҳадафҳои моро барои муддате дар шароити номуайян гузошт. Мо мехостем, ҷашнвораи соли ҷориро 12 -уми август, Рӯзи байналмиллалии ҷавонон оғоз кунем. Зеро дар ҳама даргириҳои наздимарзӣ пиронсолон ва кӯдакон ширкат намекунанд, танҳо ҷавонон. Ҳоло намедонем, ки ин коронавирус то чӣ замоне моро дар номуайянӣ нигаҳ медорад."

Радиои Озодӣ: Ҳоло бароям дарки ин ҳадафи шумо, ки намоишномаҳо бояд зери осмони соф дар хиёбонҳо иҷро карда шаванд, душвор аст. Магар, дар Тоҷикистон, бахусус дар Душанбе роҳгузарон имкон медиҳанд, ки шумо дар кӯча намоишномаеро иҷро кунед?

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Мо мақсад нагузоштаем, ки дар хиёбоне, ё боғе намоишномаро иҷро кунем. Дар гузашта мо таҷриба кардаем, ки намоишномаро дар назди даромадгоҳи театри ҷавонон ё дар ҳавлии ақиби он иҷро кунем. Сокинони маҳаллаи атрофи театр дар он ҷо ҷамъ омада, намоишномаи моро тамошо мекарданд. Як намоишномаи мо бо номи “Бӯсаҳои зери пой” махсус барои иҷро дар хиёбонҳо таҳия шудааст ва имкон надорад, ки онро дар толор рӯйи саҳна биоварӣ. Ин намоишномаро мо чанд маротиба дар саҳни ҳавлии театри “Падида” иҷро кардаем."

Радиои Озодӣ: Ҳоло бархе аз фарҳангшиносон иддао мекунанд, ки театри тоҷик бо ду мушкили аслӣ рӯбарӯ аст. Яке, набудани ҳунарпешагоне, ба мисли ситораҳои театрии тоҷик дар асри гузашта ва камбуди драмманависоне, ки тавонанд намоишномаҳои писанди тамошобинонро эҷод кунанд. Шумо бо ин назарҳо мувофиқ ҳастед?

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Намешавад иддао кард, ки мо ҳунармандоне ба мисли ситораҳои қарни гузашта надорем. Ба он хотир, ки дар асри гузашта танҳо як шабакаи телевизионӣ буд ва театрҳо. На интернет буду на фанновариҳои муосир. Мардум дар гузашта ё китоб мехонд, ё ба театр мерафт. Ҳоло бошад, аз тариқи телефони мобилии худ метавонем дилхоҳ намоишномаеро аз театрҳои хориҷӣ тамошо бикунем. Маҳбубияти бештари ҳунармандони асри гузашта низ ба ҳамин мавзӯъ рабт дорад."

Радиои Озодӣ: Мушкили дуввум чӣ? Соли гузашта театри ҷавонон ду намоишномаи наверо рӯйи саҳна гузошт, ки муаллифони ин драммаҳо аз Туркия буданд. Дар театри ба номи Лоҳутӣ низ чунин раванд мушоҳида мешавад. Чаро театрҳо бештар аз намоишномаҳои муаллифони хориҷӣ истифода мекунанд?

Шоҳҷамшед Умарӣ: “Чанд омиле вуҷуд дорад, ки рӯйи ин мушкил таъсиргузор шудааст. Якум, мустақил набудани муаллифони намоишноманавис. Онҳо ба чизе ё ҷонибе вобаста ҳастанд ва назорат мешаванд.”

Радиои Озодӣ: Манзуратон сензура аст?

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Ман бо худи муаллифон дар ин бора сӯҳбат накардаам, вале худсонсурӣ дар миёни онҳо авҷ гирифтааст. Ин фикри шахсии ман аст. Ҳангоми хондани шеърҳои Бозор Собир шумо худ дарк мекунед, ки як шеър аз шеъри чанд сол пеш навиштааш фарқ мекунад."

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки барои драмманависони тоҷик барои эҷодиёташон маблағи андаке медиҳанд ва онҳо барои навиштани намоишномаи тамошобоб чандон алоқаманд нестанд?

Шоҳҷамшед Умарӣ: “Ин мушкил вуҷуд дорад. Аммо, ман шоҳид будам, ки барои навиштани филмнома муаллиф 30 ҳазор сомонӣ гирифт ва барои намоишномаи театрӣ танҳо ду ё се ҳазор сомонӣ медиҳанд. Дар ниҳоят, ин ду намоишнома аз ҳамдигар тақрибан фарқе надошт.”

Радиои Озодӣ: Дар як сӯҳбати ахир роҳбарони “Тоҷикфилм” гуфтанд, ки соли дароз барои филмномаи беҳтарин озмун эълон мекунанд, вале намоишномаи қобили наворбардорӣ ворид намешавад. Яъне, арсаи синамо низ бо ҳамин мушкил рӯбарӯ аст.

Шоҳҷамшед Умарӣ: "Дуруст аст. Аммо, намешавад гуфт, ки ҳамаи драмманависони тоҷик дар ҳамин ҳол ҳастанд. Вақте муаллифро вазифадор мекунӣ, ки дар ин бора асаре бинавис ва ӯ ҳанӯз барои эҷоди чунин асар омода нест, чунин ҳолат рух медиҳад. Гузашта аз ин, сензура ба сурати оқибат намегузорад, ки онҳо асари тамошобине офаранд. Муҳим нест, ки ин асар дар мавзӯи сиёсӣ аст ё не. Илҳом ва эҷодиётро наметавон иҷборӣ кард."

Ҳолнома: Шоҳҷамшед Умарӣ 27 марти соли 1987 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна дар соли 2005 ба бахши санъати Донишгоҳи Хуҷанд дохил шуда, соли 2010 онро бо ихтисоси овозхон хатм кардааст. Сипас, аз соли 2012 то соли 2015 дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон коргардонӣ хондааст. Муддате дар театри давлатии тамошобини ҷавони шаҳри Хуҷанд ба номи Одилҷон Назаров ҳунарпеша буд ва сипас дар Душанбе гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав”-ро таъсис дод.

XS
SM
MD
LG