Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз эътироз дар Хуросон то "лимит". Панҷ ҳодисаи сол дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Панҷ ҳодисаи сол

Соли паҳншавии коронавирус, ду интихобот дар Тоҷикистон, дармондани муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар, эътирози сокинони осебдидаи Хуросон ва бозгашти лимити барқ, аз рӯйдодҳое будаанд, ки дар хотираи корбарони Радиои Озодӣ дар соли 2020 нақш бастаанд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Аз эътироз дар Хуросон то "лимит". Панҷ ҳодисаи сол дар Тоҷикистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00

Хонандагон ва корбарони Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳамин рӯйдодҳо аз ҳама бештар дар соли гузашта мавриди баҳсу баррасӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор доштанд.

ЭЪТИРОЗИ СОКИНОНИ ОСЕБДИДАИ ХУРОСОН

Обхезии 14-уми май дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҷони як сокинро рабуд ва даҳҳо манзилро вайрон кард. Мардуми осебдида се рӯз пас аз ин ҳодиса бо эътироз аз бетаваҷҷӯҳии мақомот эътироз карда, роҳи Душанбе-Бохтарро бастанд. Селу обхезӣ ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сар мезанад, вале эътирози сокинон аз вокуниши мақомот ҳодисаи камназир буд. Баъди он мақомот ба вазъият таваҷҷӯҳ карданд, кӯмакҳо сарозер ва шаҳраки нав сохта шуд. Аммо 6 сокини Хуросон бо гумони ташкили эътироз боздошт шуда, мақомот то ҳол аз тақдири онҳо хабар надодаанд ва аз шарҳи мавзуъ худдорӣ мекунанд.

КОРОНАВИРУС ЗИНДАГИРО ДИГАР КАРД

Куруно ё коронавирус дар соли 2020 барои мардуми Тоҷикистон пурбаҳстарин мавзуъ буд. Тоҷикистон яке аз охирин кишварҳои ҷаҳон буд, ки охири моҳи апрел мавҷудияти вирусро дар кишвар эътироф кард. Ҳарчанд то ин вақт ҳолатҳои марги шаҳрвандон бо нишонаҳои ин беморӣ ва дафни онҳо дар зери чораҳои сахти беҳдоштӣ ба расонаҳо роҳ ёфта буд. Мақомот ин маргумирро ба илтиҳоби шуш рабт медоданд ва онҳое, ки аз хориҷа бармегаштанд, ба таври бояду шояд карантин намешуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел ва як рӯз пеш аз омадани ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мавҷудияти COVID-19-ро дар кишвар эътироф кард. Бино бар омори расмӣ, аз он вақт то имрӯз наздики 13 ҳазор нафар бемор шуда, 95 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ин беморӣ то кунун, ба гуфтаи мақомот, 89 қурбонӣ доштааст. Аммо манобеи дигар шумораи ҳақиқии беморон ва талафотро бамаротиб бештар меноманд. Беморӣ ва воҳимаи он ба қатъи кори бахше аз корхонаву муассисаҳо ва болоравии нарху наво сабаб гашт. Вазъе, ки ба гуфтаи коршиносон ҳанӯз поён наёфтааст.

Абдухалил Холиқов, мудири Бемористони Ибни Сино мегӯяд, захирае, ки мардум то имрӯз доштанд то як муддати дигар тамом мешавад ва баъд аз он шояд мушкилотҳои бештари иқтисодӣ дар хонаводаҳо пеш ояд. Ба ин хотир ба гуфтаи Холиқов, Тоҷикистон аз COVID-19 панд гирад ва дар кишвар бояд ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ шавад.​

ДАРМОНДАНИ МУҲОҶИРОН

Мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар аҳди коронавирус ба маротиб бештар шуд. Бо қатъ шудани парвозҳо дар моҳи март ва баста шудани роҳҳои заминӣ ҳазорон муҳоҷир натавонистанд барои кор ба Русияву Қазоқистон раванд ё аз он кишварҳо ба ватан баргарданд.

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон
Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон

Шароити зиндагии онҳо сироятро ба беморӣ бештар ва карантин онҳоро аз даромад маҳрум кард. Ҳукумати Тоҷикистон аз 19- уми июн барои бозгардонии муҳоҷирон ва онҳое, ки дар хориҷа дармондаанд, парвозҳои чартериро ба роҳ монд. Ҳукумат ба занону солмандон ва беморону онҳое, ки ба сафари хидматӣ рафта буданд, бартарӣ дод. То имрӯз ин парвозҳо идома доранд ва тавассути онҳо ҳазорҳо нафар аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд. Вале муҳоҷирон мегӯянд, билети ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар қиёс ба ҳамсоякишварҳо хеле гарон аст. Масъулини ширкат гуфтаанд, ҳавопаймо аз як тараф холӣ меравад ва ба ин хотир нархи чипта гарон аст.

ДУ ПИРӮЗӢ ДУ ИНТИХОБОТ

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии моҳи март
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии моҳи март

Ба назари корбарони Радиои Озодӣ интихобот аз мавзуъҳои муҳими дигар буд. Соли 2020 дар Тоҷикистон ҳам интихоботи порлумонӣ ва ҳам президентӣ баргузор шуд. Ҳарду интихобот ба назари коршиносон бо натиҷаҳои аз қабл пешбинишуда ҷамъбаст гардид. Ягона ҳизби мухолифи сотсиал-демократ боз ҳам аз порлумон берун монд. Дар пайи интихоботи порлумонӣ Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раиси ҷумҳур ба курсии Раиси маҷлиси миллӣ даст ёфт, ки мақоми дуввум дар Тоҷикистон аст. Дар интихоботи президентӣ ҳам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли дигар курсиашро ҳифз кард. Дар ин интихоботҳо бахусус интихоботи порлумонӣ барои аввалин бор Ҳизби наҳзати исломӣ-аз неруҳои мухолифи ҳукумат ширкат надошт. Давлати Тоҷикистон соли 2015 ин ҳизбро дар дар ошуб дар ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ муттаҳам ва онро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кард. Вале масъулони ҳизб ҳамагуна ҳамдастӣ дар ин қазияро рад карданд.

АФСОНАЕ, КИ ДУБОРА ҲАҚИҚАТ ШУД

Имсол "афсона" дубора ба ҳақиқат табдил ёфт. Ба камияш се бор, дар моҳҳои апрел, октябр ва ноябр мардуми Тоҷикистон дар соатҳои муайян аз барқ маҳрум шуданд.

Бебарқӣ дар Тоҷикистон
Бебарқӣ дар Тоҷикистон

Аз 1-уми ноябр то 10-уми декабр ин ҳолат фарогири аксари навоҳии кишвар шуд. Масъулин ҷорӣ шудани лимитро рад мекарданд, вале дар бораи набудани барқ ҳам посухи аниқ надоштанд. "Барқи тоҷик" ин ҳолро ба таъмири дастгоҳҳо пайванд дод, вале муовини нахуствазир аз камбуди об гуфт.

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд таъмин нашудани мардум бо барқ ба обрӯи ҳукумат латма зад.

Ба анҷоми соли 2020 рӯзҳои башумор мондааст. Умед мекунем, ки ҳамаи нохушиҳо дар соли гузашта монанд ва соли оянда барои Шумо ва хонаводаатон хушбахтӣ, саломатӣ ва комёбиҳо армуғон оварад.

XS
SM
MD
LG