Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2020 аз нигоҳи муҳоҷирони тоҷик. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Агар дар ёдатон бошад, чанде пеш Радиои Озодӣ бо муроҷиат ба муҳоҷирони тоҷик хоҳиш кард, ки бигӯянд, соли 2020 барои онҳо чӣ гуна соле буд. Бад, хуб, ё мисли солҳои дигар маъмулӣ, яъне хубу на бад?

Дар Озодӣ Онлайни имрӯз баръакси барномаҳои пешин посуҳои видеоии онҳоро ҷамъ овардем ва тавсия медиҳем, ҳатман барномаро бубинед.

Бахтовари Муқимҷон аз Маскав видеоеро фиристод, ки дар он ба гуфтаи худаш чаҳор мусибати соли 2020-ро тасвир кардааст. Ӯ мегӯяд: "Соли 2020 соли даҳшатноктарин дар таърихи инсоният буд, ки банда медонад. Ин солро ба чоргона метавонем тақсим кунем: Коронавирус, карантин, марг ва қабристон."

Ба гуфтаи Бахтовар, коронавирус дунё, аз ҷумла Русияро фаро гирифт, муҳоҷирон дар карантин азоб кашиданд, баъзе фавтиданд ва дар оромгоҳҳои Русия ба хок супурда шуданд. Хуршед муҳоҷири дигар, ки таъмиргари мошин аст, гуфтаҳои Бахтоварро тасдиқ мекунад ва соли 2020-ро соли шум барои худашу дигарон мешуморад.

"Соли 2020 барои мо соли бебарор гузашт. Дар ғарибӣ кор мекунем, устои мошин ҳастем. Азоб ҳам кашидем, 1 солу 3 моҳ шуд, дар ҳаминҷо ҳастем, дар карантин дармондем. Дар Маскав хеле азоб кашидем, гурусна ҳам мондем, ташна ҳам мондем. Коронавирус шудем, бисёр азоб дод, қариб мемурдем, аммо нагуфтем, то падару модар зиқ нашаванд. Ҳозир дар шаҳри Челябинск кор мекунем", -- афзудааст ӯ.

Ҳамин СOVID-19 ва карантин будааст, ки ба гуфтаи чанде аз муҳоҷирони тоҷик соли 2020-ро ба соли баде барои онҳо табдил дод, чун имкон надод, ки барномаҳои зиндагиашонро иҷро кунанд. Аз як муҳоҷири дигар мешунавем, ки чаро соли 2020 барояш соли бад буд.

Ӯ гуфт: "Ҳамчун муҳоҷир гуфтанӣ ҳастам, ки мо бисёр орзуву ҳавасҳо доштем. Хона сохтан, келин овардан. Падару модарам касал ҳастанд, мехостем, онҳоро табобат кунем. Шукри Худо кор кардем, аъзои оила бе хӯрданӣ намонданд, тамом. Дигар ягон кори мо пеш нарафт, Тоҷикистонро ҳама медонад, вазъияташро."

Барнома дар Ютуб:

Дар воқеъ, вазъи Тоҷикистонро як муҳоҷири собиқ бо ирсоли видеое ба Радиои Озодӣ кӯтоҳ тасвир кард. Баръакси ҳамаи видеоҳое, ки аз Русия гирифтем, ин видеоро аз Тоҷикистон фиристоданд, вале муаллифаш нагуфт, ки номаш чӣ ва аз куҷо аст. Вай гуфтааст:

"Соли 2020 барои мо на соли хуб ва на соли бад буд. Хубиаш ин буд, ки соли 2020 оиладор шудем, аммо вақте ки аз Русия баргаштем, 19-уми март роҳҳо баста шуд, дигар рафта натавонистем. Аз ин сабаб Тоҷикистон бекору бепул мондем. Баъди аз Русия омадан, бовар кунед, майонез нахӯрдем, тухмро гоҳ-гоҳ дар мағоза мебинем. Боқӣ сарбаланду зинда бошед. Соли 2020 ҳам соли хуб, ҳам соли бад."

Албатта, имсол на барои ҳама чунин бад будааст, баръакс, коронавирусу карантин ҳам барои иддае дигар ҷойи кор офаридаву аз мушкилот наҷот додааст. Аз ҷумла, барои як муҳоҷир, ки нахост, номашро дар видео бигӯяд: "Имсол барои мо соли бобарор шуд. Ҳар моҳ пулро аз соҳиби хона мустақим мегирем."

Барои ду муҳоҷири ҷавон, ки ба қавли худашон ба дасти пулиси Русия наафтоданду корашонро бетанаффус идома доданд, соли 2020 соле шуд, ки аз он шикоят надоранд: "Шукри Худо, соли 2020 барои мо нағз гузашт ва доимо кор кардем. Баъзе бародароне буданд, баъзе модароне буданд, ки соли 2020 барои онҳо бениҳоят сахт гузашт. Карантин буд. Хубии соли 2020 ҳамин буд, ки то ҳоло бе санади расмӣ кор кардем."

Барномаро дар инҷо бинед:

Муҳоҷирон: 2020 соли хуб, бад, маъмулӣ ва соли "муш" буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:09 0:00

Айни видеоро аз як муҳоҷири кории дигар аз Русия гирифтем, ки нахост, худашро нишон бидиҳаду номашро бигӯяд. Барои ӯ ҳам соли 2020 бо тамоми мушкилоташ ба мисли коронавируси наву карантин ва дигар сахтиҳои иқтисодӣ ҳамчун соли хубе дар ёд мемонад: "Салом ба Радиои Озодӣ. Гуфтанӣ ҳастам, ки соли 2020 ва соли 2019 Худоро шукр солҳои хуб буданд. Ҷойи кор, хӯрду хӯрок ва дигару дигар буд. Ҳамааш хуб мешавад."

Умедворем, Шумо низ ҷойи кору хӯрду хӯрок ва ҳар чизи хубе дилатон хост, дошта бошед. Шумо ҳам айни ин бачаҳо метавонед, видеоҳои худро ба мо бифристед. Бо Вотсапу Вайбер ва ё Имову Телеграм ва ба ин телефон: (+420) 607 900 808

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG