Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азизон рафтанд..." Хотираҳо аз соли COVID-19, ки акнун ба поён мерасад. ВИДЕО


Мавзуна Ҳакимова. Шоира Раҳимҷонова ва Муҳаммад Ҳусейнов
Мавзуна Ҳакимова. Шоира Раҳимҷонова ва Муҳаммад Ҳусейнов

Дар Тоҷикистон мақомот ҳафтаҳо вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад карда, ниҳоят, дар остонаи сафари мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, 30-юми апрел, аз нахустин ҳодисаҳои гирифтории сокинон ба коронавирус гузориши расмӣ нашр карданд.

Ин дар ҳоле буд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам хабарнигорон, аз ҷумла Радиои Озодӣ, дар бораи ҳодисаҳои олудашавии сокинон ба илтиҳоби шуши ғайримуқаррарӣ гузоришҳо нашр карда, аввалин мавридҳои марги одамон бар асари илтиҳоби шушро хабар доданд. Мақомот ин ҳама гузоришҳоро рад мекарданд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Се сарнавишти аҳди СОVID-19 дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:30 0:00

Ҳоло ҳам мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори гирифторони коронавирусро рӯзона дар ҳудуди 40 нафар гузориш медиҳанд, вале бисёриҳо ба дурустии он чандон эътимод надоранд. Дар ин миён даҳҳо чеҳраи саршинос дар кишвар даргузашт, ки мақомот сабаби марги аксари онҳоро "илтиҳоби шуш" номид.

"ИЛТИҲОБИ ШУШ"? ПОЁНИ ЗИНДАГИИ МУНИРА ҲАКИМОВА

23-юми майи соли 2020, се ҳафта пас аз он ки мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон вуҷуди коронавируси навро дар кишвар расман эътироф карданд, Мунира Ҳакимова, наттоқи маъруфи телевизион дар синни 63 солагӣ фавтид. Сабаби марги ӯ расман “илтиҳоби шуш” гуфта мешавад, вале ҷасадашро аз бемористон ба назди ҳавлӣ оварда, пас аз ҷаноза мустақим ба оромгоҳ бурданд ва дафн карданд. Одате, ки зоҳиран ҳар нафари фавтида дар бемористон дар авҷи паҳншавии ин беморӣ дар кишвар ба чунин шева дафн мешуд.

Мунира Ҳакимова
Мунира Ҳакимова

Мавзуна Ҳакимова, духтари Мунира Ҳакимова дар як суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт модараш даҳ рӯз дар беморхона дар Шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ буд ва табобат мегирифт, аммо рӯзи даҳум натавонист дигар нафас бикашад.

“Аввали моҳи май ҳама аҳли хонавода бемор будем, вале дар байни 5 рӯз мо шифо ёфтем, аммо модарам баъд аз ду руз боз табашон баланд шуд, дар хона табобат кардем, нашуд, ба беморхона бурдем. Аз аҳволашон пурсон мешудам, хуб буданд, гап мезаданд, хурок мехурданд, лекин афсус, ки хуб нашуданд",--нақл кард ӯ.

Барои Мавзуна, ки дар як хона бо падару модар зиндагӣ мекард, марги модар хеле сангин буд. Ҳанӯз ҳам бовар намекунад, ки модар дигар канораш нест. Мавзуна Ҳакимова гуфт, се моҳ аслан натавонист ба коре даст занад, аммо баъдан ба ин хулоса расид, ки бояд ба хотири додару хоҳараш ва қабл аз ҳама ба хотири падараш зиндагиро идома медиҳад. Мавзуна орзу дорад, хотираҳои модарро дар китобе ба нашр расонад.

ШОИРА: МОДАРАМ АЗ ТАРС ФАВТИД

Дар ҳамон рӯзи 23-юми май Хумор Раҳимҷоноваи 67-сола дар бемористони “Истиқлол” даргузашт. Ин марге буд, ки духтари ӯ, рӯзноманигор ва таронанависи шинохта Шоираи Раҳимҷонро ғофилгир кард.

Шоира Раҳимҷонова
Шоира Раҳимҷонова

Шоира худ низ бемор буд. Рӯзҳои карантин, ки аксари мардум аз хона берун намешуданд, Шоираи Раҳимҷон аз тариқи онлайн, дар саҳфаи фейсбукиаш, барои тасаллои дили мардум маҳфилҳои шеъру тарона баргузор мекард. То он ки коронавирус ӯро ҳам аз пой афтонд ва ба бемористон кашонд. Ӯ аз таъсири дардҳои бемории ҳамагир дар бадани худ қисса кард.

"Ман бемориро хеле мушкил паси сар кардам, он дардҳо, сӯзиши устухонҳо, таъсири шадиди ин беморӣ руи асабам ба ҳаде буд, ки ҳатто аз ошёнаи 4-уми беморхона мехостам худро ба замин партофта, худкушӣ кунам. Боз ҳам ба хотири фарзандонам, ин дардро таҳаммул кардам",--гуфт Шоира Раҳимҷонова.

Шоира мегӯяд, модараш на аз таъсири бемории КОВИД-19, балки аз тарси он аз дунё рафт. Ӯ гуфт, бо марги ҳар нафар шинос тарси модараш бештар мешуд.

"Ман як зани пур аз ҷасорат, як зани пур аз муборизаро дигар дар ҳолати таслим медидам. Дар поён ҳар бор нафаре фавт мекард, вақте наздиконаш фарёд мекарданд, модари ман зиёд метарсид. Ҳамин тавр модарам аз тарс фавтид",--нақл кард ӯ.

Шоира худаш табобат шуд, вале модарро аз даст дод. Ӯ заҳмати табибонро дар он шабу руз нодида нагирифт. Шеъре бо номи "Табиби аз Худои ман"-ро навишт ва онро овозхони ҷавон Беҳрӯз Мирзоев оҳанг баст ва клипе бо вазъи ҳамон вақти беморону бемористонҳо таҳия кард.

ГИРЯИ ТАБИБ ЗИНДАГИАШРО ДИГАР КАРД

Ҳамагирии коронавирус бо ҳама сахтиву азияташ ба мардум, хоса табибон, барои муаррифии як табиби ҷавон ва тағйири мусбате дар кору рузгораш ҳам шуд. Муҳаммад Ҳусайнов, фелдшери Шӯъбаи ёрии таъҷилии бемористони "Истиқлол" дар рӯзҳои сахти аввали пандемия дар Тоҷикистон пас аз шабҳои дарози навбатдории беистироҳат сари эҳсосот аз табибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъват кард, ки дар ин рӯзҳои мушкил нагурезанд ва ба кӯмаки мардум шитобанд.

Пизишкони тоҷик
Пизишкони тоҷик

Ӯ аз онҳо хост, мардумро бо ин бемории қотил танҳо нагузоранд. Ба ин даъвати ӯ, ки бо чашмони гирён садо дод, мардуми зиёде вокуниши мусбат карданд.

Муҳаммад Ҳисайнов рӯзи 15-уми декбар дар як суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, наворро дар ҳоле сабт кард, ки "бори гаронер дар рӯи хонадони мардум медидам, бори аввал буд, ки гиряву азоби мардумро бо чашмонам дидам".

Муҳаммад мегӯяд, дар он рӯзҳо ҳарчанд, мардум ба кӯмаки табибон ниёз доштанд, аммо кӯмаки мардум ба табибон бештар мерасид. Ҳар ҷиҳози зарурӣ барои ҳимояти табибонро ба онҳо тақдим мекарданд.

"Як модар як табақ ош овард ва гуфт ки писарам ба ин хурок имрӯз аз мо дида ту бештар ниёз дорӣ. Яъне, ба ин маънӣ буд, ки бояд табибон дар ин вақт бисёр зарур ҳастанд. Ман инро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунам",--гуфт ӯ.

Бо гузашти чанд моҳ аз нашри ин навори Муҳаммад, 18-уми августи соли ҷорӣ, раисиҷумҳур дар мулоқоташ бо табибон аз даъвати Муҳаммад барои мубориза бо коронавирус ёдовар шуд ва гуфт, аз видеои ӯ хеле мутаассир шудааст. Ӯ дар ҳамон толор ба ин фелдшер барои ҷасораташ дар рӯзҳои мубориза бо коронавирус хонаи дуҳуҷрагӣ ваъда кард ва амр дод, ки Муҳаммад Ҳисайновро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кунанд.

Муҳаммад мегӯяд, ҳоло соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ ҳаст, дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад ва ба кораш дар бемористон идома медиҳад.

Мммо даҳҳо пизишки дигар мегӯянд, корашон дар замони пандемия дуруст қадр нашуд. Онҳо мегӯянд, бо қадрдонии танҳо Муҳаммад мақомот ба ҷомеа нишон доданд, ки гуё табибон қадрдонӣ шуданд, дар асл аксари табибон маоши изофие, ки ваъда шуда буд, дарёфт накарданд.

"ЧИЗИ ДАҲШАТАНГЕЗ ТАНҲОӢ ШУД"

Пандемияи коронавирус ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонд. Сатҳи бекорӣ афзоиш ва интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия коҳиш ёфт.

Марям Давлатова, ҷомеашинос тоҷик гуфт, "дар замони пандемия аз ҳама чизи даҳшатангез танҳоӣ шуд. Вале мардуми мо ҳамдигарро танҳо намонданд. Дар аксари ҳолатҳо бо занги телефонӣ ҳамдигарро мепурсиданд, аз ҳолашон хабар мегирифтанд".

Ҳамагирии коронавирус ба андозаи зиёд рафтори инсонҳоро дигар кард. Онҳо акнун бештар ба саломатӣ, тозагӣ, эҳтиёткорӣ диққат медиҳанд. Дар рӯзҳои вазнин бештар ин шиор садо дод, ки саломатии ҳар шахс дар дасти худаш аст. Каратини умумӣ эълон нашуд ва мардум маҷбур буд, худ бо мушкили хеш сарукор гирад.

Бо вуҷуди оне, ки ҳанӯз гирифторӣ ба коронавирус кам нашудааст, вале рӯҳияи мардум аз рӯзҳои аввали паҳншавии ин беморӣ фарқ дорад. Мардум бар ин аст, ки мушкилро паси сар кардааст, дар пеши рӯ чӣ дорад, зиёд маълум нест, вале рӯҳияи мардум болост. Бо вуҷуди маргумири даҳҳо нафар.

XS
SM
MD
LG