Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хар аз ҳисоби мо мехӯрад”. СOVID-19 сокинони деҳаеро дар Панҷакент бекор гузошт. ВИДЕО


Муҳиддин Ҳасанов, сокини деҳаи Артучи Панҷакент

Сокинони деҳаҳои наздик ба минтақаҳои сайёҳӣ дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, пандемияи КОВИД-19 роҳи ҷаҳонгардардонро баст ва зиндагии онҳо, ки аз ҳисоби роҳбаладӣ буд, мушкил шудааст.

Муҳиддин Ҳасанов, сокини деҳаи дурдасти Артуч дар Паҷакент ду харро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ харид ва умед дошт, ки имсол бо хидмат ба сайёҳони хориҷӣ рӯзии 25 фарзанду набераҳояшро пайдо мекунад.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед.

СOVID-19 сокинони Артучу ҷонварони дастёрашонро бекор гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Хар дар ин баландкӯҳҳои мушкилгузар ягона василаи одамкашониву боркашонӣ аст ва солҳои гузашта сайёҳон аз харҳои сокинони маҳаллӣ бо пардохти маблағ истифода мекарданд.

Имсол бо сабаби хуруҷи коронавирус сайёҳон наомаданд ва харҳои Муҳиддин Ҳасанов бекор монданд.

“Хар ба мо хидмат мекарду ризқу рӯзиамонро тавассути он меёфтем, вале имсол хар аз ҳисоби мо хӯрда истодааст. Мо аз худованд илтиҷо дорем, ки коронавирус зудтар нест шаваду сайёҳон оянд ва зиндагии мо дар ин деҳаи дурдаст беҳтар шавад”.

Деҳаи Артуч дар Панҷакент бо табиати зебо гардишгарони дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад ва беш аз 700 хонаводаи инҷо, ки замини кишоварзиву ҷойи кор надоранд, дар фасли гармо чашм ба роҳи сайёҳон ҳастанд.

Ҳар сол ҳавлии Нурмаҳмад Беков дар Артуч аз моҳи май то ноябр қароргоҳи меҳмонон аз Фаронса, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон буд.

Солҳои пеш теъдоди меҳмонон кам ё зиёд мешуданд, вале ҳеҷ бор Нурмуҳаммад бе меҳмон набуд.

“Вақте онҳо меомаданд рӯзгори мо хуб буд. Харбонҳоямон кор мекарданд, роҳбаладҳо ва пазандаҳоямон ба онҳо хизмат мекарданд. Аммо имсол чун наомаданд, шароити мо ва мардуми деҳ паст шуд”,--гуфт ӯ.

Бахши сайёҳии Тоҷикистон, ки солҳои ахир мақомот бештар аз рушди он суҳбат мекарданд ва ба ояндаи хуби он умед доштанд, дар давраи пандемия зарбаи сахт дидааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 355 ҳазор хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 62 дарсад камтар аст.

Раҳимҷон Шафоатов, нигаҳбони мақбара ва боғи Рӯдакӣ-як макони диданӣ дар Панҷакент мегӯяд, “имсол танҳо 15-20 меҳмон дар як рӯз аз Кӯлоб, Душанбе, Хуҷанд ё деҳаҳои гирду атроф меоянду бас, аз ягон гӯшаи дигар тақрибан зиёраткунандаи мақбара надоштем”.

Мутахассисони соҳаи туризм мегӯянд, дар ҳоле, ки роҳи ҷаҳонгардӣ ба хориҷа баста аст, бояд шароити истироҳат дар маконҳои сайёҳии Тоҷикистон беҳтар ва таблиғи ин ҷойҳо зиёд карда шавад. Дар сурати анҷоми ин кор, ба гуфтаи коршиносони соҳаи ҷаҳонгардӣ, метавон то ҷое оқибатҳои бади пандемияро кам кард.

Дар Тоҷикистон беш аз 200 меҳмонхонаву ҳостел, 44 осоишгоҳ ва чанд пойгоҳи сайёҳӣ фаъоланд, ки ҷаҳонгардон ҳангоми истироҳату саёҳат аз хизматрасонии онҳо истифода мебаранд. Масъулони Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯянд, дар соли 2019 беш аз 1 миллион сайёҳи хориҷӣ ва 400 ҳазор шаҳрванди кишвар аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан карда буданд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG