Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Карантинро дар кӯча гузарондем”. Кӯдакони тоҷик дар аҳди пандемия чӣ ҳол доранд? ВИДЕО


Матлуба Иззатова, сокини ноҳияи Восеъ бо фарзандонаш

Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ оқибати манфии сирояти КОВИД‑19 ба сиҳати кӯдаконро тасвир кардааст.

Ин созмони байналмилалӣ гуфтааст, бо вуҷуди он ки кудакон ин бемориро сабук пушти сар мекунанд, вале таъсири он ба таълим, ғизо ва сиҳатии онҳо муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад. Ҳоло 42 дарсад аз аҳолии беш аз 9 миллион нафараи Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Мақомоти давлатӣ бар инанд, ки дар пасманзари кӯмак ба оилаҳои осебпазир пандемия ба кӯдакон асари зиёд нагузоштааст.

ЗИНДАГИИ МЕҲРАНГЕЗ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ

Меҳрангези 11 сола, сокини ноҳияи Восеъ, панҷ моҳ пеш бо модару чаҳор бародару хоҳараш дар карантин буд. Онҳо дар ҳоле табобат мегирифтанд, ки маъмурони иҷрои қарори додгоҳи ин ноҳия аъзои хонаводаи онҳоро аз манзилашон берун карданд. Наздикони падараш гуфтанд, ин хона қонунан молӣ онҳост. Ин хонавода давраи карантин ва табобатро дар беруни манзили зист, дар кӯча пушти сар карданд. Меҳрангез Галиулина дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки “рузҳо ҳарорати баданаш баланд мешуд ва дар берун зиндагӣ мекарданд”.

“Кушиш мекардам, аз таҳсил дур намонам. Бо беҳтар шудани саломатиям ба дарс рафтам, аммо дубора бемор шудам”,‑‑гуфт ӯ. Нарасидани кумаки тиббӣ Меҳрангез ва хоҳарашро маҷбур кард ба президент нома нависанд ва дархости кӯмак кунанд.

Кӯдакони тоҷик дар замони пандемия чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:00 0:00

Матлуба Иззатова модари ин ноболиғ гуфт, ӯ аввалин нафари хонадон буд, ки бемориашро пизишкон “илтиҳобӣ шуш” номиданд. Аксаран дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки “илтиҳоби шуш” ҳамон коронавирус аст.

Дар баробари ӯ се духтар ва ду писараш ҳам бемор шуданд. Ба нақли модар то моҳи сентябр дар Кохи фарҳанги ноҳияи Восеъ кор карда, зиндагияшро пеш мебурд, аммо ӯро аз кор озод кардаанд. Ин зан мегӯяд, ки дар давраи пандемия маъмурияти мактаб танҳо дар пардохти маблағи китобҳои иҷора ба як духтараш кумак карданд.

Матлуба Иззатова дар як суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “бештар аз як моҳ ҳамроҳ бо кӯдаконаш дар берун табобат гирифтанд”.

“То имруз ҳеҷ кӯмаке дарёфт накардем. Ҳарчанд, дар берун ҳам зиндагӣ мекардем, вале ман маош мегирифтам, аммо аз ҳамон ҳам маҳрум шудем. Сахт буд ва кӯдаконам маҷбур шуданд, ба президент нома нависанд”,‑‑гуфт ӯ.

КӢ АЗ БОНКИ ҶАҲОНӢ КӮМАК ГИРИФТ?

Мақомоти давлатӣ бар инанд, ки дар пасманзари кӯмак ба оилаҳои осебпазир пандемия ба кӯдакон асари зиёд нагузоштааст. Ба гуфтаи онҳо, аз моҳи июн ба ин сӯ, дар чаҳорчӯби як тарҳи кӯмаки иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор оилаи камбизоат ёрии якдафъаина расонда шуд. Ҳаҷми ин маблағ 3 миллион доллар ва маблағи кумак барои ҳар хонавода 500 сомонӣ гуфта мешуд ва бояд хонаводаҳоеро, ки камбизоат ҳастанд ва кӯдакони то сесола доранд, фаро мегирифт. Хонаводаҳое, ки ин маблағро гирифтаанд, мегӯянд, ҳарчанд барои оилаҳои серфарзанду камбизоаташон маблағи зиёд набуд, аммо дар ҳар сурат дар шароити феълӣ як кумаке ба онҳо шуд.

Бархе аз падару модарон мегӯянд, бо вуҷуди вазъи тоқатфаросояшон камтарин дастгирии мақомотро надидаанд.

Дилфузахон Исохоҷаева дар вилояти Суғд баъди марги шавҳари муҳоҷираш, ҳашт фарзандро ба танҳоӣ бузург мекунад. Ӯ ҳам сарнавишти мисли Матлубаро дорад. Дар авҷи бемории коронавирус ва аз тарси гирифтор нашудани кӯдакон ба беморӣ корашро аз даст дод.

“Ҳашт фарзандро бузург кардан осон нест. Ҳар захирае доштем, дар давраи авҷи пандемия онро хурдем. Рӯзҳое ҳам буд, ки мо ҳеҷ чиз надоштем”‑-афзуд ӯ.

Ин модари серфарзанд мегӯяд, бо ҳунари дузандагӣ зиндагии хонаводаи бузургро таъмин мекунад, аммо ин маблағ кофӣ нест. Ӯ дар рӯзҳои сахти пандемия борҳо аз мақомоти маҳаллӣ кумак хостааст, вале бо баҳонаи “камии буҷа” ба хостааш иҷро нашуд.

“Духтарчаи ман моҳи апрел се сола шуд ман фикр кардам, ки онҳо тибқи қонун худашон номи хонаводаи моро менависанд ва ба ман кумак мекунанд, лекин накарданд”,‑‑гуфт ӯ.

Мақомот гуфта буданд, кумакҳо асосан ба шахсоне дода мешавад, ки дар рӯйхати шахсони камбизоати ҷамоатҳо номашон сабт шудааст. Ин модар гуфт, бо вуҷуди ин ки аз соли 2019 хонаводаи онҳо ҳамчун камбизоат сабт шудааст, аммо дар давраи сахт натавонист кумаке дарёфт кунад. Ҳарчанд мақомоти расмӣ гуфтанд, то имруз алакай 70 дарсади ин хонаводаҳо кумакпулиро дарёфт карданд.

МАЪЛУМ НЕСТ, КИ ЧАНД КӮДАК КОВИД‑19 ШУДААСТ

Тибқи гузориши тозаи ЮНИСЕФ дар ҷаҳон аз ҳар 9 сироятёфта ба коронавирус як нафар навраси то 20 сола будаанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз нашри иттилоъ дар бораи ҷинс ва синни беморон ё фавтидагон аз коронавирус, макон ва касбу кори онҳо худдорӣ мекунад. Аз ин рӯ, маълум нест, ки чанд нафари беморон наврасон ҳастанд. Аммо иқрор мекунанд, ки ҳеҷ ҳолати фавти кӯдакон аз ин беморӣ сабт нашудааст.

Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, омори маргумири кӯдакон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфт ва аз миёни 1000 кӯдаки навзод 14 нафар мефавтанд.

Ӯ гуфт, омори марги кӯдакон аз бемориҳои роҳи нафас нисбат ба солҳои қабл бетағйир боқӣ мондааст.

Ӯ гуфт:“Агар бемории КОВИД-19 дар байни калонсолон бо нишонаҳои ҳароратбаландӣ ва сулфа пайдо шаванд, аммо нишонаҳои ин беморӣ барои кудакон, ки натиҷаи озмоиши онҳо мусбат аст, тамоман нишонаи дигар дорад. Онҳо бештар нишонаҳои дарунравиро доранд, ки аслан ба бемории роҳҳои нафас монандӣ надоранд. Ин кӯдакон ва ҳатто занони ҳомилае, ки дар давраи бордорӣ гирифори коронавирус буданд зери назорати мутахассисон ҳастанд”.

ТАВСИЯИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, барои беҳтар кардани вазъи зиндагии хонаводаҳои серфарзанду камбизоат мақомот бояд талошҳои бештар дошта бошад.

Ҳенриетта Фор, роҳбари кулли ЮНИСЕФ гуфтааст, “кӯдакон метавонанд бемор шаванду ба дигарон ин бемориро паҳн кунанд ва ин танҳо оғози зарар аз пандемия аст. Хатари аз ин ҳам бештар ба кӯдакон, ин поин рафтани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ва афзоиши сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бӯҳрон ҳар қадар идома ёбад, ҳамон қадар таъсири бештари он ба таҳсил, сиҳатӣ, ғизо ва некӯаҳволии кӯдакон амиқтар хоҳад шуд”.

Таҳқиқоти ЮНИСЕФ аз коҳиш ёфтани ҳадди ақал 10 дарсади хидматрасониҳои тиббӣ барои кӯдакон дар шароити пандемия хабар додааст. Тарс аз сироятёбӣ омили асосӣ гуфта мешавад. Мақомоти тоҷик ҳам мегӯянд, ин вазъ дар Тоҷикистон ҳам дида шуд.

Зоир Набиев, масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфт: “Дар аввали пандемия бештари волидайн аз тарси он ки кӯдак дар Маркази саломатӣ ба беморӣ сироят меёбад, аз эмкунӣ даст кашиданд ва саривақт гирифтани эмгузаронӣ коҳиш ёфта буд. Аммо вақте ки дар марказҳои саломатӣ хатҳои сурх кашида шуда, сироятёфтаҳо аз афроди солим ҷудо карда шуданд, ин вазъ дубора муътадил шуд”.

ВАЗЪИ 182 ҲАЗОР ХОНАВОДАИ КАМБИЗОАТ

Бемории СОVID-19, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол ба 12469 кас дар Тоҷикистон сироят карда ва 87 курбонӣ доштааст, ба иқтисоди кишвар ҳам зарбаи сахт зад. Тоҷикистон, ки иқтисоди заифе дорад, аз даромадҳои зиёде, аз ҷумла пули муҳоҷирону даромад аз тиҷорат бо кишварҳои дуру наздик маҳрум шуд. Ҳукумат ночор ба муассисаҳои байналмилалӣ муроҷиат кард, то барои хароҷот барои арсаҳои иҷтимоӣ аз буҷа тақрибан 400 миллион доллар кӯмак кунанд.

Бинобар омори расмӣ, дар Тоҷикистон 182 ҳазор хонавода камбизоат ҳастанд. Бо шуруи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистон ва Русия эҳтимол меравад, шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошанд. Омори созмонҳои байнулмилалӣ нишон медиҳанд, ки тақрибан як миллион кӯдак дар Тоҷикистон падар ва ё модарашон дар муҳоҷиратанд.

Ҷомеашиносон ба ин боваранд, ки пандемия бештар рӯи ин хонаводаҳо ва оилаҳои камбизоат таъсир гузоштааст. Онҳо мегӯянд, чунин хонаводаҳо бояд ба имтиёзҳое, ки аз тарафи давлат пешбинӣ шудааст, дастрасӣ дошта бошанд, то барои кам кардани ҳадди имкони таъсири пандемия кумак кунад.

Бо бештар шудани таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисод ва кам шудани даромади аҳоливу суст шудани тиҷорат, танқид аз ҳукумат низ зиёд шуд, ки наметавонад, дар замони эҳтиёҷи мардум барои ёрӣ ба онҳо дасти кӯмак дароз кунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG