Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 ба зиндагии маълулон дар Тоҷикистон бетаъсир намонд. ВИДЕО


Нурмуҳаммад Раҷабов бо аҳли оилааш
Нурмуҳаммад Раҷабов бо аҳли оилааш

Густариши коронавируси нав ба зиндагии маълулони тоҷик асари манфӣ гузошта, онҳоро водор кардааст, ки натанҳо худро аз беморӣ ҳифз кунанд, балки барои рӯзгузаронӣ шуғле пайдо намоянд. Ба гуфтаи баъзе аз онҳо, пули нафақа барои хӯрдану пӯшидан ва иҷораи манзил кофӣ нест ва илова ба ин дар аҳди коронавирус ёрии сокинон ҳам кам шудааст.

Нурмуҳаммад Раҷабови 33-сола, яке маълулонест, ки дар ҳашт моҳи гузашта бо мушкили таъмини хонавода дучор шуд, аммо зуд роҳи ҳалро ёфт. Вай гуфт, бо истифода аз телефони худ ба ҳисоби муштариёни ширкатҳои мобилӣ маблағ мегузаронад ва барои чунин "амалиёт" ҳаққи корашро мегирад.

"Ба қавле миёнарав ҳастам. Ба ҳисоби муштариён маблағ мегузаронам ва ҳаққамро мегирам. Асосан ҳамсояҳо ва дӯстону корафтодаҳо муроҷиат мекунанд”, -- нақл кард ӯ.

Раҷабов дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ба нақлаш, хатои пизишкон ҳангоми гузарондани сӯзандору дар шашмоҳагӣ ӯро маълул кард.

Волидонаш талош кардаанд, бо ҳар роҳе ӯро табобат кунанд, аммо бенатиҷа будааст. Баъди калон шудан бо ҳадафи ёфтани дармони дардаш ба Душанбе кӯчид ва ҳоло дар канораи ҷанубии пойтахт дар як хонаи иҷора бо зану ду кӯдакаш зиндагӣ мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

COVID-19 ба зиндагии маълулон дар Тоҷикистон бетаъсир намонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

Нурмуҳаммад Раҷабов ва ҳамсараш Зулайхо Раҷабова мегӯянд, тӯли ин солҳо чанд дафъа ба мақомоти кишвар, аз ҷумла, дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти манзил ё қитъаи замин барои сохтмони хона муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи Зулайхо Раҷабова, ин муроҷиатҳо бенатиҷа монданд.

Вай гуфт: "Рафтам ва гуфтам, ки ҳамин хел шавҳари маъюб дорам, ба ман ёрӣ кунед. Гуфтанд, барои чӣ бо маъюб издивоҷ кардӣ. Гуфтам, инҳо дил ва дунёи худро доранд. Инҳоро мо нагирем, кӣ мегирад. Ин маъюб ҳамтақдири худашро гирад, ду маъюб ба кӣ даркор мешаванд?"

Ба нақли Нурмуҳаммад Раҷабов, чанд вақт пеш як соҳибкор ба ӯ қитъаи замин дода буд, вале дар аҳди коронавируси нав онро бо нархи хеле арзон аз даст дод. "Ҳамсарам дар зоишгоҳи рақами яки Душанбе тариқи ҷарроҳӣ фарзанд ба дунё овард. Харҷи бемористон 6 ҳазор сомонӣ шуд. Ночор заминро додем. Боқимондаашро барои зиндагӣ ва махсусан пули иҷораи хона сарф кардем", -- гуфт ӯ.

Феълан Нурмуҳаммад Раҷабов 180 сомонӣ нафақа мегирад. Мақомот гуфтаанд, азбаски собиқаи корӣ надорад, наметавонанд ҳаққи нафақаашро бештар кунанд. Ҳоло ҳар моҳ барои иҷораи утоқе дар як ҳавлӣ 950 сомонӣ мепардозад. Ҳамсараш Зулайхо Раҷабова чанд сол пеш дучори садамаи нақлиётӣ шуда, пойҳояшро шикастааст ва имкони кор карданро надорад.

Ин оила ба хайрхоҳону мақомот умед бастаанд, ки мушкилашонро то ҳадде осон гардонанд. Мисли инки чанд вақт пеш як падару писари муҳоҷир барои Нурмуҳаммад Раҷабов аробаи барқӣ харида доданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор кас ҳамчун маъюб ва ё афроди дорои имкониятҳои маҳдуд сабт шудаанд. Баъзе аз онҳо бо нафақа ва баъзеи дигар бо талбандагӣ ва кумаки хайрхоҳон бори зиндагиро мекашанд. Масъулияти таъмини зиндагии иддаеро наздикон ба уҳда доранд.

Мақомот мегӯянд, бар иловаи нафақа ба маъюбон ё шахсони имконияташон маҳдуд имтиёз додаанд, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ бепул истифода кунанд ва аз пардохти молиёти замину пардохти нисфи пули телефони хонагӣ озод бошанд. Имтиёзҳое, ки мунтақидон ночиз мешуморанд.

XS
SM
MD
LG