Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳише нишон додааст, ки бисёре аз занони маълули тоҷикро ба навъе "азоб" медиҳанд


Амрия ҳангоми ҳарду издивоҷ низ азият дидааст.
Амрия ҳангоми ҳарду издивоҷ низ азият дидааст.

Амрия Холиқова, сокини деҳаи Шарафи ноҳияи Фархор маълули модарзод аст ва аз ду издивоҷ ду фарзанд дорад. Ҳарду дасти Амрия дуруст рушд накардаанд ва кӯтоҳанд. Мегӯяд, бо вуҷуди он, ки маълул буд, шавҳараш бо ӯ оила барпо кард, аммо баъди таваллуди фарзанди маъюб аз вай рӯ гардонд ва ӯро бо писараш танҳо гузошт.

Ин навбат низ ӯро хонаводаи шавҳари дуюм бо сабаби маълулияш қабул накарданд ва бо як духтар аз хона ронданд. Ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақаи бознишастагӣ мегирад, на сарпаноҳ дорад, на ҷойи кор. Ба гуфтаи Амрия, талошҳояш барои пайдо кардани сарпаноҳ барои худу ду фарзандаш бенатиҷа буд ва аз кумакхоҳӣ пушти дари мақомот хаста шудааст.

Амрия қисса мекунад, ки чигуна барои маъюб буданаш аз хонаводаи шавҳар таънаву маломат мешунид: "Баъди таваллуди писарам вақте иллатҳои ҷисмонии ман дар фарзандам мушоҳида шуданд, шавҳарам маро талоқ дод ва ба Русия рафт. Ҳоло дар иҷора мешинам ва бо кумаки хешу табор пули иҷора месупорам. Агар маъюб намебудам, шояд имкони пайдо кардани ҷои кор осонтар мебуд."

Як пажӯҳиши тоза муайян кардааст, ки мисли Амрия аксари занони дорои имконияти маҳдуд ва модароне, ки фарзанди маълул ба дунё меоранд, дар хонавода ва дар ҷомеа бо ҳар шакле мавриди хушунати равониву ҷисмонӣ қарор мегиранд.

Натиҷаи пажӯҳиш дар бораи ҳамтақдирони Амрия

Дар пажуҳише, ки дар доираи тарҳи "Зиндагии шоиста" аз ҷониби созмони таҳқиқотии "International Alert" анҷом шудааст, аксари пурсидашудаҳо гуфтанд надоштани маълумот, бекорӣ ва нуқсони ҷисмӣ онҳоро дастнигари шавҳар ва хешовандони ӯ карда, бо таҳқир, ҷудоӣ ва танҳоӣ рубару мекунад. Эҳсосе, ки ба худи афроди маълул чандон хушоянд нест ва мехоҳанд, бо онҳо ҳам мисли як фарди комилу солими ҷомеа бархӯрд шавад.

Пурсишро масъулони созмони ҷаҳонии "International Alert" дар Душанбе, Бохтар ва Хоруғ анҷом додаанд. 90 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, имкониятҳои маҳдуд, таҳқир ба занони шавҳардорро зиёд мекунад ва эҳтимоли ҷудошавӣ ё бесаробон гузоштани онҳо вуҷуд дорад.

Субҳия Мастоншоева, як масъули ин тадқиқот рӯзи 15-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пурсиш миёни занона мардони дорои имкониятҳои маҳдуд ва байни афроди синну соли гуногун анҷом шуд: "Ин пурсиш нишон дод, ки занони дорои имкониятҳои маҳдуд дар муқоиса бо мардон имконияти издивоҷ бо мардони солимро камтар доранд. Аммо мардони дорои имкониятҳои маҳдуд аксар бо занони солим издивоҷ мекунанд."

Аммо бархе мардоне, ки бо ҳамсарони маълул зиндагии муштарак доранд, мегуянд, набояд ҳамаро "бо як чашм" нигоҳ кард. Дилшод, сокини шаҳри Душанбе гуфт, 14 сол бо ҳамсараш, ки маълули гуруҳи якум аст, зиндагии якҷоя доранд ва ҳеҷ мушкиле дар хонаводаи онҳо нест.

Ҳамчунин дар ин таҳқиқот омадааст, ки занони маълул ҳангоми дучор шудан ба таҳқир аз сӯи хонаводаи шавҳар, берун аз наздикони хонавода ба ҳеҷ кас муроҷиат намекунанд.

Ҳуқуқи баробару комил дар қонун, вале бе иҷро

Таҳлилгарон мегуянд, хушунату зуроварӣ нисбати занон як мушкили доғи ҷомеа боқӣ мондааст. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ҳудуди 150 ҳазор афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ба сар мебаранд. Масъулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегуянд, маъюбон аз имтиёзҳое, ки давлат муайян кардааст, бархурдор ҳастанд. Аз ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қонун барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳуқуқ додааст, ки ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шаванд ва онҳо ҳуқуқ ба таҳсил доранд.

"Агар кӯдак имконияти ба мактаб рафтанро надошта бошад бояд аз тарафи мактаб ба ӯ таҳсили хонагӣ ташкил шавад. Агар сарвари оила маъюб аст, аз пардохти 50 дар сади хизматрасонии коммуналӣ озод мебошад" - гуфтанд дар ин вазорат.

Ба гуфтаи худи маъюбон, онҳо аз имтиёзҳои дигаре чун истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ, озод будан аз пардохти андози замин ва пардохти нисфи пули телефони хонагӣ бархурдоранд. Чунин имтиёзҳои пешбинишуда барои маълулонро ночиз меҳисобанд.

Қонунҳои Тоҷикистон табъизро зидди афроди дорои маълулият манъ мекунад, аз ҷумла дар ишғоли кор, таҳсил, дастрасӣ ба хадамоти тандурустиву дигар хадамоти давлатӣ. Аммо муассисаҳои давлатию хусусӣ маъмулан барои татбиқи ин муқаррароти қонун манобеи лозимаро муҳайё намекунанд. Қонун талаб мекунад, ки биноҳои умумӣ, мактабҳо, беморхонаҳо ва воситаҳои нақлиёт барои афроди маъюб дастрас бошанд.

XS
SM
MD
LG