Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дармондагон ва ояндабинон аз президенти ояндаи Тоҷикистон чӣ мехоҳанд?


Дар Тоҷикистон 180 ҳазор хонавода камбизоат ба ҳисоб мераванд.

Интихоботи қарибулвуқуи раисиҷумҳур, қишрҳои камбизоату бекори Тоҷикистонро, ки аз таваҷҷуҳи ками ҳукумат ва президент бархурдоранд, ба беҳ шудани сатҳи зиндагиашон умедвор кардааст. Онҳо мегӯянд, бо умед ба интихобот мераванд ва бовар доранд, номзаде, ки рой медиҳанд, хостаҳои онҳоро иҷро мекунад. Орзуе, ки бояд мунтазир бошанду бубинад, ки амалӣ мешавад, ё на.

Маҳмадулло Олимов сокини 38-солаи ноҳияи Восеъ даҳ соли ахир рӯзгори худу хонаводаашро аз ҳисоби кор дар мардикорбозор пеш мебарад. Ҳар субҳ бо умеди пайдо кардани рӯзӣ инҷо меояд. Мегӯяд, на ҳамеша кораш барор мегирад ва рӯзҳое ҳаст, ки то шом коре пайдо намекунад ва дасти холӣ ба хона бармегардад. Маҳмадулло мехоҳад, ҷойи кори доимӣ ва зиндагии беҳтар дошта бошад. Ин танҳо орзуи ӯ нест. Бо ҳамроҳонаш дар мардикорбозори Душанбе дар бораи интихоботи президентӣ сӯҳбат мекунанд. Мегӯянд, ба интихобот мераванд ва умед доранд, баъди ин маъракаи сиёсӣ ба мушкили онҳо расидагӣ мешавад. Вай мегуяд: “Кори сахт аст, намедонед ки имруз маблағ меёбед ё не. Вале дигар илоҷе нест ва бояд интизори корфармо нишаст. Агар корхона бошад, онҷо кор кунем, аққалан умед ҳаст, ки охири моҳ маош мегирем”.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар аст. Мисли Маҳмадулло дар Тоҷикистон расман 50 ҳазор нафари бекор сабт шудааст, ҳарчанд ба бовари иқтисодшиносон теъдоди бекорон ба маротиб бештар аст. Таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, аз ҷумла бо шуғли беҳтар фаро гирифтани мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва адами шафоффият дар таъйини кадрҳо аз масъалаҳоест, ки дар тақрибан 29 соли соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳалли худро пайдо накардааст.

Кӣ намехоҳад, ҷойи кор дошта бошад?

Ҷамшед ҷавони 32-сола баъди хатми донишгоҳ бо дипломи муҳандисӣ дар Русия муҳоҷир аст. Ӯ мегӯяд, агар интихобот умедвориҳои сокинонро бароварда созад беҳтар аст, вале ба зиёд тағйир хурдани шароити зиндагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бовар надорад. Вай гуфт: “Кӣ намехоҳад, ки баъди хатми донишгоҳ ҷои кор дошта бошад? Барои ки маоши хуб дар корхонаи давлатӣ беҳтар аз муҳоҷират нест? Агар ин интихобот ҳамин мушкилиҳоро бартараф кунад хуб мешавад. Орзу кардан хуб аст, вале вақте амалӣ намешавад, зиёд хушоянд нест”.

Бештар аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Манбаи аслии таъмини хонаводаҳои Тоҷикистон пулест, ки ин муҳоҷирон мефиристанд. Миёни онҳо ҷавонони дипломдору ихтисосманд кам нестанд. Ин муҳоҷирон ба бовари соҳибназарон, омили таъмини суботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Лолахон Бобоеви 84-сола мехоҳад, президенти оянда мушкили хонаводаҳои камбизоатро ҳал кунад. Ҳарчанд ба интихоботи президентӣ таваҷҷӯҳи зиёд надорад, аммо мегӯяд, ҳар нафаре, ки президент мешавад, бояд ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, пиронсолону маъюбон таваҷҷӯҳи махсус дошта бошад. “Ман тамоми умр иҷоранишин будам ва ҳоло ҳам дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Бигзор ҳар нафаре ки президент мешавад, ба камбизоатон бештар таваҷҷуҳ кунад. Бехонаҳоро бо хона таъмин кунад, хуб мешавад”- гуфт ӯ.

"Ба иваз шудани вазъ умеди зиёде нест"

Бинобар омори расмӣ, дар Тоҷикистон 182 ҳазор хонавода камбизоат ҳастанд. Вале бо шуруи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистон ва Русия эҳтимол меравад, шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад. Бо он ки бархе аз қишри камтаваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилашон пас аз интихобот бовар доранд, аммо онҳое, ки тағийротеро интизор нестанд, зиёданд.

Як хабарнигори тоҷик ки дастикам се интихоботи президентиро пайгирӣ кардааст гуфт: "Натиҷаи интихобот аз ҳоло маълум аст. Вақте як президент дар 28 сол мушкилиҳои зиёдеро дар ҷомеа ҳал накард, дар ҳафт соли оянда низ чизе тағйир намеёбад. Оё мо метавонем, бигӯем, ки президенти оянда мушкили бекориро ҳал мекунаду бидуни шиносбозӣ ҷавонеро бар пояи донишаш раис, ё вазир мемонад, ин ғайричашмдошт аст. Шояд бар асоси барномаҳои давлатӣ, ин ё он кумак, ё имтиёзҳо бештар шаванду қонунҳо тағйир ёбанд, вале дар маҷмуъ ба иваз шудани вазъ умеди зиёде нест ".

Ислоҳот дар низоми давлатдориро коршиносон "иҷрошаванда" меноманд, зеро ба гуфтаи онҳо феълан тамоми фишангҳо ва захираҳо дар дасти ҳукумат аст. Ба бовари Парвиз Муллоҷонов таҳлилгари тоҷик, ҳеҷ неруи дигаре, аз иҷрои ин кор баромада наметавонад: "То ин дам чунин буҳрони вазнин ва жарфи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ надоштем - на дар сатҳи ҷаҳонӣ ва на дар сатҳи ҷумҳурӣ. Ба ғайр аз ислоҳоти ҳаматарафа дигар роҳ нест. Агар ин фаҳмиш ҳукуматро ба суи ислоҳот такон диҳад, умеде барои давлат ва миллат мемонад".

Ба сурати умум, умедвориҳои намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ки ба дастгирии бештари давлат ниёз доранд, аз интихоботи навбатӣ кам нест. Аммо то куҷо ин ниёзҳо баъд аз интихобот бароварда мешаванд, вақт нишон медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG