Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар даҳ сол пеш шарм медоштанд, ҳоло қолабҳоро шикастаанд" ВИДЕО


Гуруҳе аз занони маъюб дар шаҳри Душанбе талош доранд, коргоҳи дузандагӣ ташкил кунанд.

Онҳо мегӯянд, барои оғози чунин кор ба ҷуз аз бинои таъмирталаб, ки аз тарафи масъулони ҳукумати ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар ихтиёрашон гузошта шудааст, дигар имконият надоранд. Намояндагони ҳукумати Фирдавсӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нисбат ба тақдири ин гуруҳ аз занони ҳунарманд бетараф набуда, дар доираи имкониятҳо, омодаи кумак ҳастанд.

"ЭҲТИМОЛ БИНОРО АЗ ДАСТ ДИҲЕМ"

Наргис Юсуфова, маъюби гурӯҳи якум, ҳамроҳ бо нӯҳ зан ва духтари маъюб моҳҳо боз дар пайи ташкили коргоҳи дӯзандагиянд. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "пас аз 4-5 моҳи талошҳо ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ба биноеро дода, гуфтанд, барои таъмиру ба роҳ мондани кор ягон сармоягузор ёбем".

Юсуфова нақл кард, ки 205 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегиранд ва барои таъмири бино ва харидани дастгоҳҳои дӯзандагӣ зӯрашон намерасад. Ба таъкиди ӯ, бо фаъол намудани коргоҳ мехоҳанд, занону духтарони дигари маъюбро ба кор ҷалб намоянд.

"Мо ҳунари дӯзандагию бофандагӣ дорем, мехоҳем ин ҷойро обод намуда, кор кунем ва ҳамчунин ба духтарони дигари маъюб корро ёд диҳем. Ташкили коргоҳ орзуи деринаи ман буд. Ҳоло бинои коргоҳ ҳаст, вале барои дохилаш қолин надорад, хунук аст. Роҳи даромад ба бино ва ҳоҷатхона барои маъюбон мувофиқ нест", -- афзуд Наргис Юсуфова.

Ин гурӯҳи занон дар ташвишанд, ки агар то як ё ду моҳи дигар корро сар накунанд, эҳтимол биноро аз даст диҳанд. Ба қавли ин гурӯҳи занон, аз мақомоти ноҳия ба онҳо гуфтаанд, дар сурати шуруъ накардани кор, бино дубора бозпас гирифта хоҳад шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Занони маълул мехоҳанд кумаке ёфта, корхонаашонро фаъол кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

"АЗ ҲАҚҚИ ИҶОРАИ БИНО ОЗОДАНД"

Ҳарчанд баъзе аз соҳибони коргоҳҳои дӯзандагӣ мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавирус муштарӣ ва даромадашон кам шудааст, ин гурӯҳи маъюбон боварӣ доранд, бо ташкили коргоҳи дузандагӣ метавонанд фоида ба даст оварда, рӯзгори худро пеш баранд.

Дилороми Талбак, мудири Муассисаи давлатии ҳунарҳои мардумии ноҳияи Фирдавсӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи муроҷиати гурӯҳи занони маъюб, се моҳ пеш як биноро дар ихтиёрашон гузоштанд. Ӯ таъкид намуд, аз мушкилиҳои занону духтарни маъюб барои оғози корашон хабардор аст ва талош мекунанд, ба онҳо ёрӣ расонанд.

"Аллакай бо раҳбарияти бозори "Панҷшер" ҳамсуҳбат шудем. Раҳбарияти бозор гуфтанд, барои таъмин бо гилему таҷҳизоти зарурӣ ба қадри имкон метавонанд ёрӣ расонанд", -- гуфт ӯ.

Дилороми Талбак таъкид намуд, ин гурӯҳ маъюбон аз пардохти ҳаққи иҷораи бино озод буда, дар сурати ташкили коргоҳ молиёт ё андоз низ нахоҳанд супурд.

Шикоятҳо аз набудани имтиёзу шароити кофӣ барои маъюбон пайваста садо медиҳад. Аммо дар ниҳодҳои давлатӣ мегӯянд, солҳои ахир таваҷҷӯҳ нисбат ба маъюбон бештар шуда, онҳо аз имконоту шароитҳои беҳтар бархӯрдоранд.

Сабоҳат Рустам, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, гуфт, дар ду соли ахир ҳафт зани маъюб соҳиби грантҳои президентӣ шуда, аз ин роҳ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ба иттилои ӯ, ҳамасола ба маблағи 2 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ барои занҳои соҳибкору ташаббускор ҷудо мешавад. Дар гузашта масъалаи тақсими ноодилонаи грантҳои президентӣ ва истифодаи ношаффофу ғайриҳадафмандонаи онҳо борҳо садо додааст.

"ДАҲ СОЛ ПЕШ ШАРМ МЕДОШТАНД..."

Намояндагони баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ ба ин назаранд, ки солҳои ахир талоши маъюбон барои худро дар ҷомеа фаъол нишон додан бештар шудааст ва ба ташаббусҳои ин қишри осебпазир бояд таваҷҷӯҳи бештар шавад.

Саида Иноятова, мудири созмони "Иштирок" мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба он ки ҳоло маъюбон зиёд мехоҳанд дар ҷое кор кунанд ё коргоҳе ташкил намоянд, фарогирии онҳо ба омӯзишу машваратҳои гуногун муҳим аст.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои он, ки маҳсули дасти маъбон дар бозор харидор пайдо намояд, бояд дар баробари имконоти молӣ, дар фикри рушди малакаи пешбурди фаъолиятҳояшон низ шаванд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, "агар 10 сол пеш маъюбон шарм медоштанд, ки аз хона бароянд ё бо далели дигаре намехостанд дар талоши кор кардан шаванд, ҳоло чунин қолабҳо шикаста шудааст ва бештар мехоҳанд мисли дигарон фаъол бошанд". Иноятова афзуд, имсол ҳудуди 300 маъюб ба созмони онҳо муроҷиат намуда, аз машварату омӯзишҳои бепул бархӯрдор шудаанд, ки чунин омор дар муқоиса ба солҳои пеш зиёд аст.

Тоҷикистон соли 2018 эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳимоя аз ҳуқуқи маъюбонро имзо кард ва он замон дар дили садҳо нафар шуълаеро барафрӯхт, ки шояд дар кишвар ба ин қишр таваҷҷӯҳ бештар шавад, ҷой ва роҳҳои махсус бунёд ёбанд ва кумаки молии давлат низ афзоиш ёбад.

Аммо баъзе аз маъюбон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, бо шароиту нафақапулие, ки доранд, зиндагӣ кардан душвор аст, бинобар ин маҷбуранд кор кунанд. Ба гуфтаи худи маъюбон, онҳо аз имтиёзҳое чун ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, раҳоӣ аз пардохти андози замин ва пардохти нисфи пули телефони хонагӣ бархӯрдоранд. Маъбон чунин имтиёзҳоро нокофӣ медонанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҳамчун маъюб ва ё афроди дорои имкониятҳои маҳдуд сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG