Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаре, ки дар 13-солагӣ таҷовуз шуд ва тифл ба дунё овард, адолат мехоҳад. ВИДЕО


Духтари 13-солае, ки шаш моҳ пеш дар шаҳри Ҳисор тифл ба дунё овард, мегӯяд, бо гузашти моҳҳо эҳсоси модар буданро надорад. Ҳоло кӯдакро бо ёрии модару бибияш калон мекунад.

"Кӯдакро бинам, асабам вайрон мешавад. Садояшро шунидан намехоҳам. Ба ӯ шир дода наметавонам. Ҳоло барои ман муҳимтар аз ҳама ҷазо гирифтани марде аст, ки маро таҷовуз кард", -- гуфт ӯ рӯзи 25-уми ноябр ба хабарнигорони мо.

Аммо он чи мояи нигаронии ӯву наздиконаш шудааст, ҷараёни тафтишот будааст. Ба иддаои онҳо, парвандаи марди гумонбарро аз "таҷовуз ба номуси ноболиғ" ба "робитаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба 16 нарасидааст" иваз кардаанд ва он ҷазои сабуктар дорад. Ҷониби гумонбар нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.

ДНК ЧИРО НИШОН ДОД?

Модари духтар мегӯяд, барои таҳқиқи ҳодиса ва муҷозти гумонбар ба идораи корҳои дохилӣ ва додситонии Ҳисор муроҷиат карданд, "аммо ба шикояти мо расидагӣ нашуд". Марди гумонбарро имсол ва пас аз расонаӣ шудани хабар дастгир карданд.

Духтар ва хонаводаи ӯву ҳимоятгаронаш аз кашол ёфтани таҳқиқи парванда ва инчунин хулосаи ташхиси ДНК нигаронанд. "Чанд моҳ шуд, парванда аз шуъбаи милиса ба додгоҳ намеравад. Боз ба мо гуфтанд, ки ДНК-и мард гуё падари тифл будани ӯро собит накардааст. Ҳайрон мондем, ба куҷо муроҷиат кунем", -- мегӯяд модари духтар.

Ҷониби марди гумонбар дар таҷовузи духтари 13-сола аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Созмоне, ки аз ҳаққи духтар ҳимоят мекунад, иддао дорад, дар аввал нисбат ба гумонбар бар асоси қисми сеи моддаи 138-и Кодекси ҷиноӣ (таҷовуз ба номуси ноболиғ) парванда кушода шуда, баъдан он ба моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба шонздаҳсолагӣ нарасидааст) иваз шудааст, ки ҷазои сабуктарро пешбинӣ мекунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ноболиғи таҷовузшуда адолат мехоҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

ЧАНД АЗОБИ МОДАРИ НАВРАС

Мутриба Алиҷонова, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии "Ташабусси ҳуқуқӣ", гуфт, вакили мудофеи духтари 13-сола бо аризаи шикоятӣ аз Додситонии шаҳри Ҳисор хостааст, парванда аз сари нав таҳқиқ шавад.

"Айбдоршаванда дар нишондодаш гуфтааст, чанд бор дар оғилхона бо духтар амалҳои шаҳвонӣ кардааст. Пас, дар инҷо на моддаи 141, балки моддаи 139-и Кодекси ҷиноӣ метавонад бошад", -- шарҳ дод ӯ.

Духтари 13-сола мегӯяд, тобистони соли 2019 яке аз хешовандон ба номусаш дастдарозӣ кард ва ӯро дар айёми наврасӣ ба мушкил гирифтор кард. Хонаводааш мегӯянд, замоне аз ҳодиса хабар ёфтанд, ки алакай тифли батни ӯ ҳаштмоҳа шуда буд.

"Ин ҳама азоб як тараф, маро дар кӯча гапҳои бад мегӯянд. Онҳо мегӯянд, "ҳаромӣ" таваллуд кардаӣ ва рӯйи маро нигоҳ намекунанд. Ҳатто модар ва зани марде, ки ба номусам дастдарозӣ карда буд, чунон заданд, ки ногуфтанӣ", -- нақл кард ӯ.

"ВАҚТЕ ГУФТАНД, ТИФЛ 8-МОҲА АСТ…"

Модари духтар мегӯяд, марде, ки ба фарзандаш чунин рафтор кард, писари хоҳараш Ҳ.А.-и 42-сола аст ва ӯ зану ду фарзанд дорад. "Вақте дидам, ки шиками духтарам калон шудааст, ҳайрон шудам. Ба духтур муроҷиат кардем. Вақте гуфтанд, ки ҳомила аст ва тифлаш ҳаштмоҳа, ману духтарам якбора аз ҳуш рафтем", -- афзуд ӯ.

Талошҳои ин духтари ноболиғ ва хонаводаи ӯ барои одилона таҳқиқ шудани парванда дар ҳолест, ки хушунату зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ мемонад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) соли гузашта дар гузориши "Хушунат дар ҳар сари қадам" гуфт, зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад, "аммо ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад".

КУМИТАИ ЗАНОН: ЗӮРОВАРӢ КАМ ШУДААСТ

Аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳамасола дар доираи маъракаи "16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат" ба ин мушкили занон то ҳадде расидагӣ мекунанд. Ҳамчунин, онҳо амалишавии барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023-ро як роҳи мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо медонанд.

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон, гуфт: "Имсол бо сабаби пандемия чорабиниҳои марбут ба "16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат" бо ҳузури зиёди одамон баргузор нашуд. Таҳлилҳои мо нишон медиҳад, ки хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо нисбат ба солҳои гузашта кам шудааст."

Ба иттилои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон, ҳар рӯз ҳадди ақал ду шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба дасти онҳо мерасад. Аммо на ҳамеша заноне, ки мавриди хушунату бадрафторӣ қарор мегиранд, ба ниҳодҳои давлатӣ ва ё созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Маълум нест, чӣ қадар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG