Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилрабо Самадова аз камҷуръатӣ ва се мушкили асосии ҳомиёни ҳуқуқ гуфт. ВИДЕО


Дилрабо Самадова, солҳост, ба ҳайси ҳомии ҳуқуқ кор мекунад.

Дилрабо Самадова - раиси созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» мегӯяд, ҳамкории мақомоти ҳифзи қонун бо ҳомиёни ҳуқуқ суст шуда, камбуди вакилони дифоъ кори онҳоро мушкил кардааст.

Радиои Озодӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, бо Дилрабо Самадова суҳбат кард ва нахуст аз ӯ пурсид, ки шароити кори онҳо дар қиёс бо даҳ сол пеш то куҷо тағйир ёфтааст?

Дилрабо Самадова: «Агар мо кори худро бо солҳои қабл муқоиса кунем, шумораи адвокатҳое, ки бо созмонҳои ҷамъиятии ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ мекарданд кам шудааст. То замони баргузории реформа мо қариб 2500 ҳазор адвокат доштем, ки ҳоло ин рақам тахминан то 900 нафар мерасад. Дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ҳоло авдокатҳо нестанд. Аз сӯи дигар солҳои пештар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноӣ ва татбиқи талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ осонтар буд. Чанд соли ахир мо бо мушкилиҳои зиёд дучор мешавем. Бо сабаби кам шудани теъдоди адвокатҳо мо наметавонем, муроҷиаткунандаҳоро бо ёрии ҳуқуқӣ таъмин кунем. Шаҳрвандон ба додгоҳ бидуни ҳимоятгар мераванд ва аз ҳуқуқи худ бархурдор нестанд. Аз сӯи дигар ҳамкории мо бо матбуот кам шудааст. Дар ҳолати ҳамкории сокинон ё адвокатҳо бо матбуот нисбати онҳо фишор дида мешавад. Ин ба он маъно аст, ки набояд баррасии парвандаҳо то эълони ҳукми додгоҳ расонаӣ шавад.»

Радиои Озодӣ: То куҷо мақомот, бахусус мақомоти ҳифзи қонун ба баррасии парвандаҳои марбут ба ҳуқуқи башар бозтар шудаанд?

Ҳомии наваскарони тоҷик ба рисолати худ содиқ мондааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Дилрабо Самадова: «Ин албатта аз парванда, мавзӯъ ва худи адвокат вобастагии зиёд дорад. Барои мисол бархе категорияи парвандаҳое ҳастанд, ки умуман бо онҳо кор кардан худ аллакай фишор аст. Яъне вакилони дифоъ аз пеш медонанд, ки дар кадом парванда онҳо бештар ба фишор дучор мешаванд. Ин парвандҳо метавонанд, вобаста ба шиканҷа, терроризму экстремизм ва пайравӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бошанд. Мутассифона ман метавонам, бигӯям, ки ҳоло ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ коҳиш ёфтааст.”

Радиои Озодӣ: Шиканҷа аз сангинтарин масоили мавриди баррасӣ аст, чаро?

Дилрабо Самадова: “Дар воқеъ масоили шиканҷа ва ё парвандаҳои марбут ба он вазнин ҳастанд. Барои мисол агар нафаре барои дуздӣ гумонбар шуда, бошаду нисбаташ шиканҷа сурат гирад, чунин парвандаҳо осонтар аст. Аммо агар вакили дифоъ аз шиканҷа шудани нафари гумонбар ба ифротгароиву терроризм ё ҳаракатҳои сиёсӣ ҳимоя кунад, мақомот дар ин сурат нисбати адвокат муносибати манфӣ доранд. Ба ӯ фишор меоранд ва ҳатто ин вакили мудофеъро барои пуштибонӣ аз онҳо гунаҳкор мекунанд. “

Радиои Озодӣ: Шумо омилҳои решакан шудани шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндон ва артишро дар чӣ мебинед?

Дилрабо Самадова: “Бояд масъулияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва нафароне, ки бо тафтишоту таҳқиқот машғул ҳастанд, зиёд шавад. Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мавриди шиканҷа ё бадрафторӣ баррасӣ шуда, аз чашми ҷомеа пинҳон намонанд. Бояд ба зиндонҳо, ҳомиёни ҳуқуқ, хабарнигорон ва фаъолони ҷомеа роҳ дода шаванд. Инро қонунгузории Тоҷикистон танзим кардааст. Шояд чунин тасмим пас аз чанд ошӯб дар зиндонҳо то ҷое дуруст бошад, аммо роҳ надодани ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон ба қисмҳои ҳарбӣ нофаҳмо аст. Дар ойинномаҳои қисмҳои ҳарбӣ гуфта шудааст, ки дар рӯзҳои муқаррарӣ шаҳрвандон ба истиснои ҷойҳое, ки яроқ нигаҳдорӣ мешавад, метавонанд аз қисмҳои низомӣ дидан кунанд ва бо шароити хизмат ошно шаванд. Албатта шароити қисмҳои ҳарбӣ бад нест ва бигзор онро ба ҷомеа ҳам нишон дод.”

Радиои Озодӣ: Омори муроҷиатҳо чанд аст, чанд қазия бо ҳукми додгоҳ меанҷомад?

Дилрабо Самадова: “Ҳамасола барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ ба мо ҳудуди ҳазор шаҳрванд муроҷиат мекунанд. Марбут ба муносибатҳои бераҳмона ё дедовшина мо метавонем, дар 15 парвандаи ҷиноятӣ ширкат кунем. Ҳарчанд чунин парвандаҳо тафтиш ва то ба додгоҳ мераванд, аммо мутассифона на ҳамеша он афсароне, ки сабаби бадрафторӣ шудаанд, ё ин ки чунин ҳолатҳоро пешгирӣ накарданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Радиои Озодӣ: Се мушкили сангинтарини фаъолони ҳуқуқ кадом аст?

Дилрабо Самадова: «Якум, мақомот ба ҳомиёни ҳуқуқ барои талаб кардани иҷрои меъёрҳои қонун ба онҳо фишор меоранду баъзан онҳоро боздошт мекунанд. Гоҳи дигар онҳо барои ширкат дар баррасии парвандаҳо, ҳамчун шарик дониста, баъзан ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мушкили дуюм ин аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарк намекунанд, ки мо як ёрирасон ҳастем, мо низ мисли онҳо талаб мекунем, ки волоияти қонун дар Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад. На танҳо аз тарафи шаҳрвандон, балки аз сӯи худи мақомоти давлатӣ. Бештари вақт онҳо дар симои мо душмани худро мебинанд, аммо ин хато аст, мо душмани қонуншиканӣ ҳастем. Сеюм кам шудани ҳамкории фаъолони ҳуқуқ бо адвокатҳо ва матбуот аст, ки ин ҳам барои мо як мушкили сангин аст.

Радиои Озодӣ: Ба фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба сурати умум чӣ назар доред?

Дилрабо Самадова: «Ба назари ман он ҳомиёни ҳуқуқе, ки дар шароити феълӣ ва новобаста аз мушкилиҳо кори худро давом медиҳанд, қаҳрамон ҳастанд. Онҳо бояд аз сӯи мақомоти давлатӣ дастгирӣ ёбанд, зеро ҳомиёни ҳуқуқе ҳастанд, ки наметавонанд, шоҳиди ҳуқуқвайронкунӣ, шиканҷа ва ноадолатӣ шудаву боз ҳам кори худро идома диҳанд.»

Радиои Озодӣ: Баъзан мебинем, бархе ҳомиёни ҳуқуқ аз ширкат дар парвандаҳо даст мекашанд, ё аслан дар бораи корашон бо журналистон суҳбат намекунанд. Оё ба иллати беҷуръатӣ ва гоҳе канорагирӣ аз мушкилоти ҷомеа, ҳомиёни ҳуқуқ эътибори худро аз даст намедиҳанд?

Дилрабо Самадова: «Албатта ҳомии ҳуқуқ як шахсе аст, ки бояд ҷасур бошад, чун ин касбро интихоб кардааст. Пеш аз он ки мо бо парвандае шинос мешавем, аввал оқибатҳои онро ҳам фикр мекунем. Албатта, ин ташвишовар аст, ки мо дар фаъолияти худ пеш аз ҳама дар мавриди бехатарии худ фикр мекунем. Вақте мо муроҷиатҳоро қабул мекунем, нахустин суоле, ки ба фикри мо меояд ин аст, ки агар ман ин парвандаро пеш барам, нисбат ба худи ман чӣ натиҷа, ё фишорҳо меояд? Чунки ҳар як вакили дифоъ ё ҳомии ҳуқуқ оила ва коргар дорад, ки имкони фишор овардан натанҳо ба ӯ, балки ба пайвандонаш ҳам имкон дорад. Аз ҳамин сабаб на ҳар вакили дифоъ, ё ҳомиёни ҳуқуқ омода ҳастанд, ки фишорро таҳаммул карда, кори худро идома диҳанд. Аз ин рӯ бидуни дастгирии мақомот ва созмонҳои байнулмиллалӣ кори созмонҳои ҳуқуқи инсон дар танҳоӣ дер давом карда наметавонад.

Радиои Озодӣ: Байни баёнияҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар хориҷи кишвар ва дохили он фарқеро мебинед?

Дилрабо Самадова: «Ман аз ҳамагуна баёнияҳои созмону ниҳодҳои байнулмиллалие ки мушкили ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон матраҳ мекунанд истиқбол мекунам. Инро ҳам бояд гӯям, ки онҳо ки дар дохили Тоҷикистон нестанд ва шояд на ҳама чизро медонанд. Аз сӯи дигар амнияти онҳо таъмин аст ва метавонанд озодона назари худро гуянд. Аммо ҳоло дар Тоҷикистон созмонҳое, ки бо озодии дину ақида кор кунанд фаъол нестанд, ин аллакай вазъро бозгӯ мекунад.

Радиои Озодӣ: Аз ҳамаи онҳое, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон номида мешаванд ва дар ҳамаи нишастҳои сафоратҳову созмонҳои байнулмилалӣ дар сафи аввал меистанд, касе омода нашуд бо мо дар ин рӯз суҳбат кунад, офарин ба ҷасорати Шумо. Вале оё ин баёнгари вазъ буда наметавонад?

Дилрабо Самадова: «Албатта ман сабаби ҳамкорӣ накардани ҳамкоронро бо расонаҳо гуфта наметавонам. Аммо ман ҳамчун ҳуқуқшинос эътироф мекунам, ки вақте бо журналистон ҳамкорӣ мекунем, парвандаҳои мо каме ҳам бошад, шаффофтар мегузаранд. Ин албатта таъсири мусбат мерасонад. Ман ҳамчун ҳомии ҳуқуқ худамро масъул медонам, ки дар расонаҳо дар бораи фаъолияти худ ҳисобот диҳам, зеро мо аз ҷамъият ҳастем ва барои ҷомеа кор мекунем. Аз ин хотир хеле муҳим аст, ки ҳамаи маълумотҳоро кушоду равшан паҳн намоем. Дафтари мо барои ҳамаи корафтодагон, хабарнигорон ва мақомот боз аст. Ҳамчунин, мо барои ҳамкорӣ низ ҳамеша омодаем. Дафтари мо боз аст ва фикр мекунам, ки ин бояд як анъана дар миёни дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам бошад. Аз дигар ҳуқуқшиносон даъват мекунам, ки барои баланд бардоштани маърифат ва паҳн кардани маълумот оиди худ бо матбуот зиёдтар фаъол бошанд.

Радиои Озодӣ: Чаро фикр мекунед, кори ҳомиёни ҳуқуқи башар муҳим аст?

Дилрабо Самадова: “Ҳомиёни ҳуқуқ миёни мардум ва мақомоти давлатӣ як пул ҳастанд. Баъзан гуфтаҳои халқро ба гӯши мақомот мерасонему гоҳи дигар талаботҳои қонунро ба мардум. Мо ҳамчунин як пул миёни ташкилотҳои байналмиллалӣ, масалан Созмони Милал ва мақомоти тоҷик ҳастем. Мо стандартҳои онҳоро омӯхта, ба забони тоҷикӣ ба қонунгузории тоҷикӣ мутобиқ карда, барои татбиқ шудани онҳо дар таҷриба мусоидат мекунем. Мо ба давлат кумак мекунем, ки вазифаҳои худро дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъмин ва иҷро кунад. Мо бояд ҳамчун чашму гӯши мардум бошем, ки дардро фаҳмем ва ҳаракат кунем, ки ба дард даво ёбед. Мутаассифона мо на ҳамеша табиби ҳама дардҳо шуда метавонем, чунки ба баъзе чизҳо мисли мақомоти давлатӣ ваколат надорем. Барои ҳамин вазифаи асосии мо шунидани мушкили мардум ва дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ҳал кардани он аст. Мақомоти давлатӣ бояд дарк кунанд, ки фаъолияти мо ҳамчун созмонҳои ёрирасон ва баъзан вақт ҳамчун тарбиятгар аст, аз ин рӯ хуб мешуд, ки кумак кунанд.»

Радиои Озодӣ: Оё созмони шумо бо донишҷуёни риштаҳои ҳуқуқшиносӣ ҳамкорӣ мекунад?

Дилрабо Самадова: “На ҳар ҳуқуқшинос метавонад, фаъоли ҳуқуқ ё адвокат шавад, вале ман бояд инро гӯям, ки новобаста ба он ки шароити таҳсили донишҷуён, дастрасии онҳо ба китобҳо беҳтар шудааст, аммо таваҷҷуҳи донишҷӯёни риштаи ҳуқуқшиносӣ ба мавзуи ҳуқуқи инсон зиёд нест. Онҳо бо созмонҳои ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ намекунанд. Дар ҳоле ки солҳои пеш фаъолони ҳуқуқ барои донишҷӯён лексияҳо мехонданд, аммо ин чиз дигар дида намешавад. Ҳатто донишҷӯён аз фаъолияти созмони мо хабар надоранд, дар ҳоле ки донишҷӯёни хориҷӣ ба мо менависанд, ки хоҳиши волонтёрӣ дар созмони моро доранд.”

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG