Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост, Ёровро озод кунад, ба шиканҷа поён диҳад


Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳар сол як бор доир ба ҳуқуқи инсон муколама доир мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҳар сол як бор доир ба ҳуқуқи инсон муколама доир мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, бастани вебсайтҳои расонаҳо ва манобеи мустақили хабариро бас кунад ва муҳити боз ва амнеро барои фаъолияти хабарнигорон фароҳам биёрад.

Намояндагони иттиҳодия зимни муколама бо мақомоти расмии Душанбе гуфтаанд, ки аз тангтар шудани фазои фаъолият барои ҷомеаи маданӣ ва бахусус маҳдуд кардани ҳаққи озодии баён ва ҳаққи гирдиҳамоӣ нигарон ҳастанд.

Ду тараф дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр зимни 12-умин Муколамаи солона дар бораи ҳуқуқи инсон тавассути иртиботи видеоӣ суҳбат кардаанд. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе рӯзи 12-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, зимни муколама ҳайати онҳоро Борис Ярошевич, раҳбари Бахши Осиёи Марказӣ дар Дафтари Умури Хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва ҳайати Тоҷикистонро Абдуҷаббор Сатторзода, сардори Шуъбаи ҳуқуқи инсони дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарӣ мекард.

Дар баёния омадааст, ки ду тараф ҳамчунин дар бораи ислоҳот дар зиндонҳои Тоҷикистон суҳбат кардаанд, ки дар ду соли гузашта шоҳиди исёнҳои хунине шуданд. Дар ин исёнҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, дар маҷмуъ 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии исён медонанд.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки аз муколамаи давлати Тоҷикистон бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ин иттиҳод дар бораи ислоҳот дар низоми нигаҳдории зиндониён истиқбол мекунад. Онҳо аввалин Форуми ислоҳоти зиндонҳо дар Душанберо ёдовар шудаанд, ки тобистон сурат гирифт ва онро қадами муҳиме дар роҳи ислоҳоти низоми зиндонҳо дар Тоҷикистон номидаанд. Айни замон зимни муколама изҳори нигаронӣ шудааст, ки дар маҳбасу боздоштгоҳҳо азобу шиканҷаи зиндониён ҳамчунон боқӣ мемонад ва зарур аст, онҳоеро, ки ин корро бо маҳбусон мекунанд, ҷазо бидиҳанд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, қарорҳои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ва Гуруҳи кории созмон барои таҳқиқи боздоштҳои худсаронаро иҷро кунад. Ҳайат ба қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик таъкид кардааст, ки ба гуфтаи коршиносони Созмони Милал ғайриқонунӣ ва бо қонуншиканиҳои зиёде зиндонӣ шудааст. Гуруҳи кории СММ бо судури қароре аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Бузургмеҳр Ёровро аз зиндон озод кунад ва ба ӯ ҷуброни зиёни маънавӣ ва иқтисодиеро, ки дидааст, бипардозад.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ дар Тоҷикистон ба бештар аз 20 соли зиндон маҳкум карданд. Ёров ва наздиконаш мегӯянд, ки ӯ бегуноҳ ва барои ҳимояташ аз ҳуқуқи аъзои раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ паси панҷара рафтааст. Фаъолияти ҳизби мазкур дар Тоҷикистон ҳоло мамнуъ аст. Порлумони Аврупо ҳам дар гузашта аз ҳукумат хостааст, ки Бузургмеҳр Ёровро озод кунад.

Дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки зимни муколамаи 12-ум дар бораи ҳуқуқи инсон ҳамчунин ҳаққу ҳуқуқи занону духтарон дар Тоҷикистон ва ҷабру зӯроварӣ дар хонавода ба онҳо баррасӣ шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, даст бардоштан ба сари зан, латукӯб ва фишори равонӣ ба онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон “як амри маъмулӣ” ба ҳисоб меравад.

Бино ба омори расмӣ, солона дар Тоҷикистон то 400 нафар қасди худкушӣ ва ё худкушӣ мекунанд ва сабабҳои аслии он муноқишаҳои оилавӣ, зӯроварӣ ба зан ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи онҳост. Таҳқиқҳои саросарӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз ҳар 10 зан, камаш се нафари онҳо аз шавҳар хушунати ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва ё равонӣ дидааст.

Як назарсанҷие дар соли 2019 нишон додааст, ки тақрибан 50 дар сади занон дар як соли ахир, ҳадди аққал “мушт хӯрдаанд” ва ё ба онҳо як навъ зӯроварӣ шудааст. Дар назарсанҷӣ наздик ба 80 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки барои ҳал кардани моҷарое дар хонавода “боке надорад, агар аз хушунат” ва ё ба таъбири дигар аз мушту лагад истифода баранд.

Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занону духтарон ва боло бурдани мақому манзалати онҳо, эмин нигаҳ доштан аз зӯроварӣ дар хонавода чораҳои иловагӣ биандешанд. Аз мақомот ҳамчунин хоста шудааст, ки зӯроварӣ дар оиларо ҷиноят ҳисобида барои он ҷазо таъйин кунанд. Дар баёния омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо омодааст, ба Тоҷикистон барои решакан кардани ҳаргуна хушунату зӯроварӣ ба зидди занҳо кумак расонад.

Муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон ҳар сол як бор сурат мегирад ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Аврупо хостаанд, дар ивази кумакҳое, ки ба Тоҷикистон медиҳад, аз мақомот мурооти ҳуқуқи инсонро талаб кунад. Муколамаи баъдии ду тараф соли 2021 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG