Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот бузургу замонавӣ хоҳад буд, ба таъхир афтодааст. Сохтмони онро соли 2018 оғоз карданд ва бояд имсол ба истифода медоданд.
Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди сахттар кардани ҷазои гунаҳкорон ба азияти ҷинсии ноболиғонро баррасӣ доранд, вале ҷузъиёт надод.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, ки омода ҳастанд, ҳамин лаҳза мусофиркашониро тавассути қатор ё поезд ба хориҷа, аз ҷумла Русия, ба роҳ монанд, вале вазъи вобаста ба коронавирус иҷозат намедиҳад.
Дари масҷидҳои Тоҷикистон аз 1-уми феврал боз шуд. Дар Масҷиди марказии Душанбе пеш аз вуруд барои адои намози пешин дастони намозгузор бо маҳлулҳои зиддиуфунӣ пок карда мешуд. Инчунин дар сафи намоз аломатҳо гузошта шудааст, ки ҳар намозгузорон бояд дар ҳамонҷо ва дур аз ҳамдигар истанд.
Далер Шарифов,рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, пас аз адои давраи ҷазо рӯзи 29-уми январ аз маҳбаси ноҳияи Ёвон озод шуд ва ба хонааш, дар шаҳри Ваҳдат, баргашт.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 28-уми январ созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ду бонки байнулмилалиро қабул карданд.
Моликони бозори "Султони Кабир" дар Душанбе ваъда доданд, ки дӯконҳои сӯхтаро дубора барқарор ва соҳибкоронро як муддат аз додани ҳаққи бозор озод мекунанд.
"Султони Кабир" -- яке аз бозорҳои калон дар пойтахти Тоҷикистон субҳи 25-уми январ оташ гирифт. Ба гуфтаи соҳибкорон, оташсӯзӣ дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифтааст.
Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе даҳҳо сокини пойтахтро барои ифлос кардани оби рӯдхонаву дарёҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст. Миёни ҷаримашудаҳо соҳибони ошхонаву муассисаҳои маишии пойтахт ҳам будаанд
Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик ва яке аз фаъолони солҳои 90-умро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дафн карданд. Абдураззоқов рӯзи 19-уми январ дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ чанд сол боз бемор буд.
Боздошти Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Путин, дар Тоҷикистон низ бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд. Иддае онро "нотавонии ҳукумати Русия дар баробари як шахс", вале гурӯҳи дигар бозгашти ӯро "таҳрик додани ҳукумат ба ин иқдом" номиданд.
Пешниҳодҳо барои ислоҳи Қонуни оила ба порлумон, ки ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои “даллаҳо” ва соҳибони фоҳишахонаҳоро пешбинӣ мекунад, аз ҳама зиёдтар занони танфурӯшро нигарон кардааст.
Қурбоналӣ Абдуллоев (Қурбоналӣ Абдулло), овозхони шинохта ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат ба хок супориданд. Ин ҳунарманди шинохта рӯзи 11-уми январ дар 57-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифтории сокинон ба COVID-19 хабар медиҳад, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, "кай дари масҷидҳоро мекушоянд?" Масҷидҳои Тоҷикистон 10 моҳ инҷониб бастаанд.
Дар маҳаллаи Арбобхотун даҳ ҳазор кас зиндагӣ мекунанд, аммо кӯдакон барои таҳсил мактабу синфхонаи кофӣ надоранд. Ин маҳалла пештар ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешуд ва ҳоло дар тобеияти ноҳияи Синои Душанбест.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва муаллифи мустанади "Мардикор" мегӯяд, бояд нигоҳи ҷомеа бахусус мардон ба мақоми зан тағйир ёбад ва боло бурдани нақши занон дар сатҳи шиор боқӣ намонад.
Ёфтҳои бештар