Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боду ҳаво, баста шудани марз ё набудани дурнамо: Чаро сабзӣ қимат шуд? ВИДЕО


Сабзӣ яке аз масолеҳи муҳими таом дар Тоҷикистон аст

Нархи сабзӣ, яке аз маҳсулоти сермасрафи Тоҷикистон якбора боло рафт ва боиси нигаронии сокинон шуд. Тоҷирон инро ба сард омадани ҳаво рабт медиҳанд. Вале соҳиби яке аз бозорҳои Душанбе гуфт, сабаб дар ворид нашудани он аз Қирғизистон аст. Коршиносон кишоварзии бенақшаро сабаби ҷаҳидани нарх медонанд.

“Қимат аст, лекин чӣ кор кунем?”

Вафо Абдураҳимов, сокини шаҳри Душанбе барои харидани сабзӣ ба бозори “Деҳқон”-и пойтахт омад. Дар муқоиса бо як ҳафтаи пеш ӯ сабзиро бо нархи чор баробар қимат харид. Мегӯяд, маҷбур аст, чун духтарчааш зодрӯз дорад.

“Қимат аст лекин чӣ кор кунем, нахарем, намешавад. Ин нархро кӣ мемонад намедонам,”-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба монанди Вафо Абдураҳимов дар бозорҳои Душанбе зиёданд нафароне, ки аз боло рафтани нархи сабзӣ шикоят доранд. Бархе аз сокинон гуфтанд, дар кишвари аграрие мисли Тоҷикистон ба 8 сомонӣ расидани нархи сабзӣ “айб аст.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро сабзӣ дар Тоҷикистон қимат шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Чаро сабзӣ якбора гарон шуд?

Дар қиёс бо равғану шакар ва гӯшт сабзӣ аз камтарин маҳсулоте буд, ки солҳои ахир нархаш зиёд боло намерафт. Мақомот расман дар бораи гарон шудани нархи ин маҳсулот шарҳ надодаанд. Масъулини бозорҳои зери назари ҳукумати Душанбе сабабҳои боло рафтани нархи сабзиро ба номусоид омадани боду ҳаво рабт доданд.

Мастон Шарифов, муовини директори бозори “Деҳқон” ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби асосӣ дар он аст, ки имсол фасли баҳор сард омад. “Вақте баҳор хунук омад, замин гарм набуд ва ба ин хотир як муддати муайян сабзӣ инкишоф наёфт. Барои афзоиши сабзӣ замин бояд гарм бошад,”- гуфт Шарифов.

Ин масъули бозори “Деҳқон” ваъда медиҳад, ки то се рӯзи дигар нархи сабзӣ муътадил мешавад. Бархе фурӯшандаҳо дар бозори “Саховат” гуфтанд, барои арзонтар шудани нархи сабзӣ ҳаддиақал даҳ рӯзи дигар лозим аст то ҳосили нав пухта расад.

Зафар Кабудов, фурӯшандаи бозори “Саховат” мегӯяд, сабзӣ дар нуқтаи яклухтфурӯшии “Оли Сомон” камчин ва гарон аст. Ин фурӯшанда афзуд, субҳи 24-уми май нархи як килограм сабзиро аз ин ҷо 7,5 сомонӣ харид ва онро 8 сомонӣ мефурӯшад.

Раҳбарони бозори “Оли Сомон”-и Душанбе аз шарҳи масъала худдорӣ карданд. Аммо гаштугузори мо дар ин бозор нишон дод, ки бархилофи картошка ва пиёз, сабзӣ камтар аст ва нархаш ҳам қариб 7 сомонӣ аст.

Дар ҳамин ҳол молики яке аз бозорҳои Душанбе бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, сабаби асосии якбора камчин шудани сабзӣ ва боло рафтани нархи он дар наовардани ин маҳсулот аз Қирғизистон аст. Ба гуфтаи ин масъул, тартиби таъмини бозор бо сабзӣ дар Тоҷикистон чунин аст, ки сабзии тавлидшуда дар Хатлон дар яхдонҳо нигоҳдорӣ ва то аввали моҳи апрел бозорро бо он таъмин мекарданд.

“Солҳои гузашта аз моҳи апрел сар карда, аз Қирғизистон сабзӣ меоварданд ва то пухтани сабзии Истаравшан нарх дар бозор муътадил буд. Аммо имсол марзҳо баста шуданд ва умуман аз Қирғизистон сабзӣ оварда нашуд. Сабзии Истаравшан ҳам то ҳозир нарасидааст ва барои ҳамин якбора камчинии сабзӣ дар бозор пайдо шуд,”- гуфт ин молики бозор.

Ҳоло дар бозорҳои зертобеи ҳукумати Душанбе ба мисли “Деҳқон” ва “Саховат” нархи як кило сабзӣ аз 8 сомонӣ шуруъ мешавад. Дар нуқтаҳои канортари пойтахт сабзиро аз ин ҳам қиматтар мефурӯшанд. Дар манотиқи кишвар аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ҳам нархи сабзӣ дар ҳафтаи равон боло рафта, то 9-10 сомонӣ расидааст.

Мутахассис: масъала дар дуруст нақшагузорӣ нашудан аст

Сабзӣ дар Тоҷикистон асосан дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Истаравшан парвариш мешавад. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар гузоришаш навишт, то ин дам дар кишвар беш 4 ҳазор гектар сабзӣ кишт шудааст. Вале дар гузориши Вазорат гуфта нашудааст, ки то имсол дар кишвар чӣ қадар сабзӣ истеҳсол шудааст.

Чанд соҳибкор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамеша дар бозорҳои кишвар ҳолате пеш меояд, ки нархи як намуд маҳсулоти кишоварзӣ якбора боло меравад, вале баръакс як маҳсулоти дигар “ба хоки сиёҳ баробар мешавад.” Фурӯшандаҳо барои ин нархи пиёзро мисол меоранд, ки ҳоло дар нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ то 40 дирам расидааст. Як соҳибкор гуфт, соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз пиёз қимат ва сабзӣ арзонтар буд.

Харидорон дар бозори "Деҳқон"-и Душанбе
Харидорон дар бозори "Деҳқон"-и Душанбе

Фурӯшандаҳои нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ аз ин нигаронӣ мекунанд, ки соли оянда бештари деҳқонон кишти пиёзро якбора кам карда, сабзӣ кишт мекунанд. “Вазъият соли оянда баръакс мешавад, пиёз қимат мешавад ва нархи сабзӣ ба замин мезанад,”-гуфт як фурӯшанда.

Азизбек Шарифов, роҳбари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон ҳам дар суҳбат ба “Азия Плюс” гуфтааст, сабаби асосии боло рафтани нархи сабзӣ дуруст пешгӯӣ ва ба нақша нагирифтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Ин мутахассис гуфтааст, “деҳқонон талаботи бозорро намедонанд, ба онҳо роҳнамо ва дастурҳо додан лозим аст, ки кадом маҳсулот фоидаовартар аст. Бинобар ин дар мо ҳамеша чунин аст, ки як сол пиёз арзон мешавад ва соли оянда гарон ва ҳамин тавр, бо сабзӣ, караму картошка низ чунин аст. Мутаассифона, ин ҳамасола такрор мешавад".

Ин танқидҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки масъулини Вазорати кишоварзӣ пештар гуфтаанд, барои таъмини бозор дурнамои киштро таҳия кардаанд.

Дар моҳҳои ахир ҳамчунин маҳсулоти дигар, монанди равған, гӯшт, тухм ва шакар ҳам ба таври назаррас гарон шуд. Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар соли 2020 нархи баъзе аз навъҳои хӯрокворӣ дар Тоҷикистон то 42 ва маҳсулоти саноатӣ то шаш дарсад афзудааст. Ин болоравии нархҳо дар бозор ба гуфтаи сокинон дастархони онҳоро хурдтар мекунад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG