Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харидорон маҳсулоти "Made in Tajikistan"-ро гарон, вале тоҷирон арзон гуфтанд. ВИДЕО


Эълони намоишгоҳи маҳсулоти "Made in Tajikistan" ва бо нархи нисбатан арзон садҳо нафарро рӯзи 6-уми май дар Кохи Борбади Душанбе ҷамъ овард. Тоҷирон ба арзон будани моли худ пофишорӣ доштанд, аммо сокинон гуфтанд, ки нархи маҳсулот дар муқоиса ба бозорҳо фарқи чандоне надошт.

Намояндагони 30 ширкати Тоҷикистон гуфтанд, асосан равғану маҳсулоти гӯштӣ, макарон, шарбати мева, маҳсулоти ширӣ ва маводи шустушӯро ба мардум пешниҳод карданд.

Соҳибкорон ваъда дода буданд, ки маҳсулотро бо нархи яклухт пешниҳод мекунанд. Бояд бигӯям, ки арзон маънои бепул буданро надорад.
Фирӯза Сатторӣ

Ҳоҷитилло Розиқов, сокини ноҳияи Варзоб, иддао кард, ки баръакси интизориҳояш аз намоишгоҳ равғани арзон наёфт. Ӯ рӯзи 6-уми май, замоне ки аз намоишгоҳ берун меомад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Равғани арзон мехарем гуфта, аз Варзоб омадем. На гӯшт ҳасту на равғани арзон. Дар мағозаҳои худамон ҳам нарх ҳамин аст".

Анвар Акрамов, тоҷири равған, ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳсулотро бо қимати аслиаш ба савдо гузоштаанд, вале сокинон пофишорӣ доранд, ки боз ҳам нархро поин оранд. "Нисбат ба мағозаву ҷойҳои дигар 18-19 дарсад арзон аст, ин нархи худи корхона аст", -- мегӯяд ӯ.

Сокинон гуфтанд, дар ин намоишгоҳ нархи як литр ширро 7 сомониву 20 дирам гузоштаанд, дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, ин шабу рӯз як литр ширро аз бозору мағозаҳои пойтахт бо нархи 6 сомонӣ низ харидан мумкин аст.

Ҳарчанд баъзе аз харидорон аз гаронии нарх нигаронӣ карданд, тоҷирон ба арзон будани нархи маҳсулоташон таъкид доранд. Фурқат Каримов, намояндаи ширкати “Покиза” гуфт, ҳасибҳои гуногунеро ба намоишгоҳ овардаанд, ки як килояш аз 8-10 сомонӣ то 50 сомониро ташкил медиҳад ва барои аксари аҳолӣ дастрас аст.

Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ низ гуфтанд, ки баъзе аз маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон ёфтанд, вале он кофӣ нест. Яке аз сокинон гуфт, “макаронро бо нархи 6 сомонӣ дастрас намудам, ки дар муқоиса ба нархи бозор арзонтар аст.”

Наворро дар ин ҷо бинед:

Сокинон аз нархи маҳсулоти намошгоҳи маҳусулоти Тоҷикистон норизо монданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти ватанӣ аз сӯйи Оҷонси таблиғотии “Тайрон” ташкил шудааст. Масъулони намоишгоҳ гуфтанд, пеш аз оғози маърака аз соҳибкорон барои бо нархи арзон фурӯхтани маҳсулоташон ваъда гирифта буданд, аммо онҳо дар таъини нарх озоданд.

Фирӯза Сатторӣ, яке аз масъулони намоишгоҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, "соҳибкорон ваъда дода буданд, ки маҳсулотро бо нархи яклухт пешниҳод мекунанд. Бояд бигӯям, ки арзон маънои бепул буданро надорад."

Ташкили ярмаркаву намоишгоҳҳои фурӯши маҳсулотро дар гузашта баъзе аз иқтисоддонҳо як чораи мувваққатӣ барои пешгирӣ аз афзоиши нархи маҳсулот дар бозорҳо дониста, гуфта буданд, ин чора барои дарозмуддат ба кор намеояд.

Шикоят аз гаронии нархҳо дар гузашта низ борҳо садо дода, дар бештар аз як соли охир, дар шароити пандемияи COVID-19, зиёд шудааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯзи 26-уми апрел тасдиқ кард, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ дар як соли гузашта 13 дарсад афзудааст.

Сокинон мегӯянд, дар шароите ки аксари аҳолӣ ҷойи кору маоши муносиб надорад ва роҳҳо низ ба тарафи Русия пурра кушода нест, болоравии нархи маҳсулот хонаводаҳоро дар вазъияти ногувор гузоштааст. Қаблан баъзе аз тоҷирон гуфта буданд, афзоиши қимати маҳсулот пурра аз онҳо вобаста нест, чун аксари мавод воридотӣ асту дар замони пандемия нарх дар кишварҳои дигар низ боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG