Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 13 дарсад афзуд"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишвар дар як соли гузашта гарон шудааст ва онро пайомади пандемияи коронавирус номид. Ин дар ҳолест, ки сокинон як сол боз ҳамвора аз боло рафтани қимати маҳсулоте чун орду равған ва шакару сӯзишворӣ шикоят доранд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми апрел дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, "нархи хӯрокворӣ дар кишвари мо... 13 фоиз боло рафт. Нархҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфтанд."

Сокинон мегӯянд, дар шароите, ки аксари аҳолӣ ҷойи кору маоши муносиб надорад ва роҳҳо низ ба тарафи Русия пурра кушода нест, болоравии нархи маҳсулот хонаводаҳоро дар вазъияти ногувор гузоштааст.

Қаблан баъзе аз тоҷирон гуфта буданд, афзоиши қимати маҳсулот пурра аз онҳо вобаста нест, чун аксари мавод воридотӣ асту дар замони пандемия нарх дар кишварҳои дигар низ боло рафтааст.

Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, низ гуфта буд, "нархи равғани растанӣ дар давлати истеҳсолкунанда то 47 дарсад боло рафтааст. Нархи шакар дар Покистону Русия, ки аз таъминкунандагони асосӣ ҳастанд, то 37 фоиз афзудааст."

Ҳар гоҳ ки "омили берунӣ" ҳамчун далели гаронии нархҳо пешниҳод мешавад, иқтисоддонҳо мегӯянд, ки бояд чораҳои дигареро ёфт.

Аз ҷумла, ба қавли онҳо, роҳи ҳалли масъала беҳтар кардани шароити соҳибкорон ва афзоишу дуруст ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аст. Чизе, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ба сари он таъкид кардааст, вале зоҳиран дар амал иқдоме нагирифтаанд.

Президенти Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфт, дар аҳди пандемия 193 ҳазор ҷойи кори доимиву мавсимӣ офариданд ва ба соҳибкорону корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо доданд. Ӯ 15 дарсад афзудани нафақа ва маоши кормандони идораи буҷавиро низ як бахши дастгирии мардум номидааст.

Соҳибкорони тоҷик, баръакс, аз гаронии молиёту санҷишҳои зиёд шикоят доранд.

Эмомалӣ Раҳмон илова кард, бо вуҷуди чораҳои андешидаи ҳукумат, "иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемияи COVID-19 қарор дорад. Ҳарчанд, ки аз аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст."

Ба иттилои президент, дар соли 2020 афзоиши ниҳоии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) дар муқоиса ба соли 2019 се дарсад кам шуда, сатҳи таваррум ба 9,4 дарсад расидааст.

Солҳои қаблӣ мизони таварруми сомонӣ дар сатҳи 6-7 дарсад қарор мегирифт. Аз ин рӯ, қисме аз болоравии маошу нафақаҳоро таваррум ва гарон шудани нархи маводи хӯрокворӣ “фурӯ” мебарад.

XS
SM
MD
LG