Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ярмарка дар муқобили бозор. Коршинос: "Чораи муваққатист". ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо ташкили ярмаркаҳо кӯшиш доранд, ки аз болоравии босуръати нархи хӯрокворӣ пешгирӣ кунанд. Як моҳ боз арзиши маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар рӯ ба афзоиш аст.

Сокинон мегӯянд, дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳову коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон, як зарра боло рафтани арзиши маводи ғизоӣ барояшон мушкил пеш меорад. Тоҷирон сабаби болоравии нархҳоро ба поин омадани қурби сомонӣ дар баробари доллар рабт медиҳанд. Асъоре, ки додугирифт бо хориҷ асосан бо он сурат мегирад.

"15-20 СОМОНӢ ДАР ИН ШАРОИТ ПУЛИ КАМ НЕСТ"

Абдураҳмон, як сокини пойтахтро ба монанди даҳҳо нафари дигар, дарёфти маҳсулоти нисбатан арзон ба ярмаркаи маводи ғизоӣ дар назди боғи “Куруши Кабир” овардааст. Мегӯяд, дар ин ҷо як кило картошка 3 сомонию 20 дирам ва дар муқоиса бо қимати бозор тақрибан як сомонӣ арзон аст.

“Аз ҳар килои картошка 80-дирамӣ мемонад. Ин, албатта, фарқ дорад. Ярмаркаҳо хубанд, баъзан шакару биринҷ мегирем. Орд дар инҷо 225 сомонӣ аст, дар бозор ё мағоза то 250 сомонӣ фурӯхта мешавад. Понздаҳ-бист сомонӣ дар ин шароит пули кам нест”, -- гуфт ӯ.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, пас аз боло рафтани нарх дар бозорҳо харидашонро бо маҳсулоти ордӣ, шакар ва сабзавот маҳдуд кардаанд. Дилором соҳиби чаҳор фарзанд аст ва шавҳараш бо сабаби ҳамагирии коронавирус дар Русия ҷойи корашро аз даст дод ва барои бозгашт ба ватан пули кофӣ надорад.

"ЧАНД МОҲ ШУД, КИ ГӮШТ НАХАРИДАМ"

Ба хонаводаи Дилором бародараш мадад мекунад: "Чанд моҳ шуд, ки гӯшт нахаридам. Барои ман муҳим орду равған ва сабзавот аст. Тасаввур мекунед, ки як кило шакар нӯҳ сомонӣ аст. Барои оилаи мо як кило шакар танҳо барои ду рӯз мерасад, аз куҷо ҳар рӯз онро бихарем?"

  • Агар моҳе пеш панҷ литр равғани офтобпарасти истеҳсоли Русияро дар бозор ба 57 сомонӣ мефурӯхтанд, ҳоло қимати он то ба 100 сомонӣ расидааст.
  • Нархи як кило шакар аз 6 сомонӣ то ба 10 ва як дона тухм аз 90 дирам то ба 1 сомониву 30 дирам баробар шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ярмаркаҳои Душанбе дар муқобили болоравии нарх ташкил шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

ФАРҚ ДАР ЧИСТ?

Аммо чунин маҳсулот ба фарқ аз бозору мағозаҳо дар ярмаркаҳое, ки Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти "Тоҷикматлубот" ташкил кардаанд, андаке фарқ дорад. Бисёриҳо мепурсанд, агар маҳсулотро чунин арзон фурӯхтан имкон дорад, чаро қимати он дар бозорҳо баланд аст?

Баъзе аз тоҷирон гуфтанд, дар ярмаркаҳо аз пардохти пули иҷораву ҳаққи бозор ва молиёт озоданд, аммо созбикорон дар бозорҳо ба пардохти он маҷбуранд ва ин ба нархи умумии маҳсулот бетаъсир намемонад.

Фаррух Ғаффоров, занбӯрпарвар аз вилояти Суғдро ба ярмаркаи "Тоҷикматлубот" даъват кардаанд. Ӯ мегӯяд, асале, ки мефурӯшад, 60 сомонӣ аст, вале дар дохили бозор нархи он ба 80 сомонӣ мерасад. "Моро аз тарафи бахши кишоварзӣ даъват карданд ва омадем", -- гуфт ӯ.

Чунин ярмаркаҳо асосан дар Душанбе ва шаҳрҳои дигар баргузор шуда, ҳаррӯза нестанд. Илова ба ин, дар гузашта баъзе аз кишоварзон гуфта буданд, ки аз онҳо талаб мешавад, дастранҷи худро бо нархи нисбатан арзон бифурӯшанд ва ночор розӣ мешаванд.

КОРШИНОС: ДЕҲҚОН БОЯД БА БОЗОР РОҲ ЁБАД

Ҳарчанд мақомот мегӯянд, бо ташкили ярмаркаҳо намегузоранд нархҳо боло раванд, баъзе аз иқтисоддонҳо онро чораи муваққатӣ медонанд. Онҳо ҳадс мезананд, ки имкон дорад бо идомаи вазъ, аз ҷумла баста мондани марзҳо ва ҷаҳиши қурби доллар, "захираҳо" ба поён бирасанд.

Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "иқтисоди бозорӣ гуфта, набояд нархҳо озод бошанд. Ин номумкин аст, аз ҷумла барои давлате ба монанди Тоҷикистон, ки дар ҳоли рушд аст. Ин ҷо Амрико ё Аврупо нест, ки нархҳо вобаста ба талаботу харид муайян карда шаванд."

Ӯ афзуд, "бояд нархи бозорҳо танзим ва ҳукумат онро зери назорат гирад. Ҳадди ақал маҳсулоти ниёзи аввал, ки шомили сабади истеъмолӣ аст, назорат шавад. Ҳар соҳибкоре, ки молашро вориди бозор мекунад, аз рӯйи он бояд амал кунад."

Иқтисоди Тоҷикистон, ба гуфтаи муассисаҳои байналмилалии молӣ, дар баробари таконҳои берунии иқтисодӣ осебпазир аст. Бемории коронавируси нав яке аз сабабҳои бекор мондани муҳоҷирони тоҷик ва ҳамингуна аз фаъолият мондани корхонаву муассисаҳои зиёде дар кишвар шудааст.

Коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада дар бозорҳои кишвар, мақомотро зарур аст, ба истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ кунанд ва пойбандии худро аз молҳои воридотӣ камтар намоянд. Аз сӯи дигар, ба бовари Нуриддин Қаюмов, бояд деҳқон бо маҳсулоташ ба бозор роҳ ёбад ва дар ин ҳолат ҳам метавон нархи маҳсулотро аз боло рафтан нигоҳ дошт. Чизе, ки ҳар сол дар баробари гарон шудани нархи маҳсулот садо медиҳад, аммо бо муътадил шудани вазъ ё одат кардани мардум ба нархҳои нав фаромӯш мешавад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG