Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Навбат" барои харидани шакар дар Душанбе. Нархи равған ҳам боло рафтааст. ВИДЕО


Назди бозори "Меҳргон"-и Душанбе.

То ҳудуди 30 дарсад гарон шудани нархи шакару равғани офтобпараст, ду маводи ниёзи аввал, сокинонро дар Душанбе нигарон кардааст.

Қимати як кило шакар, ки то ду ҳафтаи пеш 6 сомонӣ буд, ҳоло дар бозору дӯконҳои пойтахт аз ҳашт то даҳ сомонӣ аст. Ҳамзамон бо шакар, нархи як литр равғани офтобпараст аз 12 сомонӣ то 15-16 сомонӣ боло рафта ва низ камчин шудааст.

Сокинони Тоҷикистон дар як сол тақрибан 130 ҳазор тонна шакар ва қанд истеъмол мекунанд. Тибқи иттилои дастрас, дар панҷ моҳи аввали имсол аз Русия ба Тоҷикистон 63 ҳазор тонна шакар овардаанд.

Мақомот вазъиятро расман шарҳ намедиҳанд, аммо Оҷонси захираҳои давлатӣ бо ҳадафи танзими нархҳо дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе фурӯши шакарро бо нархи пешина ба роҳ мондааст. Барои як нафар танҳо 5 кило шакар мефурӯшанд. Одамон дар навбат истодаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе нархи шакару равған боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Раъно Мирзоева, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, аз як қисмати шаҳр барои харидани шакари арзонтар ба бозори "Меҳргон" омадааст.

Ба қавли ӯ, дар маҳаллаи "Фурудгоҳи кӯҳна"-и Душанбе як қуттӣ қанди 700-граммиро ба 7,5 сомонӣ хариданд ва дар он мағоза як кило шакар 10 сомонӣ арзиш дорад. "Ҳоло дар навбат истодаам, то шакари арзонтар бигирам", -- афзуд ӯ.

Ҳоло дар бозорҳо маъмулан равғани арзонтари пахта, ки тавлидоти дохилӣ аст, ба фурӯш гузошта шудааст. Равғани офтобпараст, ки солҳои ахир аксари мардум аз он истифода мебаранд, акнун барои бахше аз мардум дастнорас шудааст.

Бозори “Фаровон” дар шаҳри Душанбе аз бузургтарин бозори умдафурушии маводи ғизо, аз ҷумла шакару равған аст, вале бо баҳонаи ҳузур надоштани раис иҷозат надоданд, ки аз тоҷирони яклухтфурӯшии шакару равған сабаби блоравии қимати ин ду маҳсулотро пурсем.

Мавлуда Раҳматова, яке аз тоҷирони бозорҳои пойтахт мегӯяд, онҳо ба харидорон равғани офтобпарасти хориҷиро пешниҳод намекунанд. Вай гуфт: "Талабот ба равғани офтобпараст ҳаст, аз мо мепурсанд, вале барои фурӯш ин навъи равғанро ба мо намеоранд. Агар бошад ҳам, 5 литраш 75-80 сомонӣ аст".

Дар растаҳои тоҷирони инфиродии бозори “Меҳргон”-и Душанбе дида мешуд, ки навъҳои гуногуни равғани офтобпараст ба фурӯш гузошта шудааст. Афзалшо Нуров, тоҷири бозори "Меҳргон", мегӯяд, воридкунандаҳои ин навъи равған ҳоло онро бо нархи гаронтар мефурӯшанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби гароншавии нархи равғани офтобпараст “болоравии қурби доллар мебошад”. Аз сӯйи дигар, ӯ ба нақл аз воридкунандагон гуфт, “гӯё имсол ҳосили офтобпараст кам шудааст.”

Тибқи пешбинии коршиносон, имсол дар Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор тонна равғани растанӣ масраф мекунанд, ки бештаре аз он воридотӣ мебошад. Интизор меравад, соли оянда ин рақам то 28 ҳазор тонна коҳиш ёбад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ воридоти равғани растанӣ ва чарбу ба Тоҷикистон беш аз 5 дарсад кам шудааст.

Рустам Насриддинов, cокини шаҳри Душанбе, аз афзоиши нархҳо дар шароити пандемияи COVID-19 изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, намедонад моҳонаашро барои чӣ сарф кунад: "Ҳар рӯз нарх боло меравад. Як сомонӣ, ду сомонӣ. Намедонам барои чӣ, чӣ хел ва аз куҷо? Панҷ литр равғани офтобпарастро ҳоло ба 75 сомонӣ мефурӯшанд".

Чунин вазъият дар кишварҳои дигар низ мушоҳида шудааст. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, дар моҳи сентябри имсол дар бозору дӯконҳои ин кишвар нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо 1,4 дарсад гарон шуд.

Кумитаи зиддиинҳисории Узбекистон хабар дод, ки дар даҳ рӯзи охири моҳи сентябр қимати баъзе аз маҳсулоти истеъмолӣ, аз ҷумла равған, шакар ва тухми мурғ дар бозори дохилӣ якбора боло рафт.

Шарҳҳоро бинед (26)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG