Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз болоравии нархҳо то роҳи ҳалли онҳо дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Аз инҷову онҷо ҳатман дар бораи боло рафтани қимати шакару равғану тухму дигар хӯрданиҳо шунидед. Мо ҳам имрӯз дар ин бора суҳбат мекунем, ки чаро қиматҳо боло рафт ва корбарон масалан дар Фейсбуку Инстаграм дар ин бор чӣ мегӯянд

Мақомот гуфтанд, ки поён омадани қурби сомонӣ дар баробари доллар сабаби боло рафтани қимати маводи хурока шуд, ки асосан аз Русияву Қазоқистон меояд. Азбаски орду шакару дигару дигарро бо доллар мехаранд, боло рафтани қимати доллар ба нархи маҳсулот ҳам беасар намемонад.

Бисёре аз корбарон пурсидаанд, ки акнун бо нархҳои баланду музди кам чӣ кор мекунанд? Шаҳриёри Қурбон, ки зоҳиран донишҷӯ аст, дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм чунин навиштааст: “Як кило шакар 10 сомонӣ аст. Ин дар як ягон чаҳорчӯба намеғунҷад. Мо донишҷӯ ҳастем, саҳар шакарчой мехӯрдем, ки шакар ҳам қимат шуд. Магарам аз ин пас акнун нонро дар чой тар карда, хӯрда, дарс равем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Аз болоравии нархҳо то роҳи ҳалли онҳо дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Корбари дигаре бо номи Фаридун Абдурозиқов дар Фейсбук шикоят кардааст, кадом рӯзе мерасад, ки музди кори якмоҳааш барои харидани як кило қанд мерасад ва тамом. Саидаҳмад Олимов ҳам гуфтааст, ки дар воқеъ нархҳои баланд бештар аз ҳама аҳволи мардуми камбизоатро бад мекунад.

Шарҳи ӯро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук мехонем: "Сад офарин ба мардум, ба хусус, оилаҳои камбизоат, нафақахӯрон, кормандони буҷавӣ, донишҷӯён, ятимон ва бесарпарастон. Ба Худо раҳмам омад, дилам сӯхт, Худованд оқибаташро ба хайр кунад, вагарна "гурусна ба шер задааст" мегӯянд, бузургон.”

Барои ҳамин ба гуфтаи корбарони дигар, ҳукумат ва мақомот бояд чорае биандешанд, ки зиндагии табақаҳои фақиру осебпазир бадтар нашавад. Сафиаллоҳ 6666 дар Инстаграм бо муроҷиат ба мақомот гуфтааст: "Шумо фикр намекунед, ки мардум доранд, надоранд? Аз куҷо мехӯранд? Коргарони давлат як чора ҷӯед. Шояд баъзе аз мардум орд, ё равған надошта бошанд."

Шаҳноза8523 ҳам дар зери гузориши Радиои Озодӣ дар Инстаграм суоле гузошта ва гуфтааст, мардум бо қиматҳои баланди гушту тухму орду равған чӣ кор мекунанд? Ӯ чунин навиштааст: "Ҷаноби олӣ куҷоро назорат мекунад. Бечора камбизоатҳо чӣ кор мекунанд? Аз куҷо мехӯранд, тухм нахӯранд, гӯшт нахӯранд, аз куҷо қуввати кор мекунанд? Ин чӣ гап аст, мардумро аз гуруснагӣ мекушед. Чораашро бинед, аққалан нархи орду равғану тухмро поён оред.”

Корбаре бо номи Малика Уроқова ҳам дар саҳифаи мо дар Инстаграм мақомоти расмиро танқид кардааст, ки ба қавли ӯ ғами мардумро намехӯранд. Ӯ гуфтааст, “Ҳукумат куҷоро нигоҳ мекунад. Охир ман медонам, ки зиндагиатон бо миллион аст. Ба фикрам маоши худро солҳо аз банкомат намегиред, вале мардуми камбизоат рӯз ҳисоб мекунанд, ки кай муздашонро мегиранд, ки қарзашонро бидиҳанд. О то кай мардум азоб кашад?”

Аммо дар ин миён чанд шарҳе гирифтем, аз корбарони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла корбаре бо номи Раъно Умаровна, ки дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст: “Дар кишвари мо дар Узбекистон низ ҳама чиз қимат шуд. Дар оянда чӣ гуна зиндагӣ мекунем. Бо ин музду ҳаққи нафақа чӣ кор кунем?”

Ба қавли корбари дигаре бо номи Саша Иванов, болоравии нарх дар тамоми рӯи олам ҳаст ва оқибати пандемияи коронавирус, аст, ки ба қавли ӯ корашро кард. Баъзе аз корбарон роҳҳои поин овардани нархи молу маҳсулотро пешниҳод кардаанд ва бад нест, агар назари яке аз онҳо Шаҳромро бихонем, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм гузоштааст. Ӯ навиштааст: “Чӣ бояд кард? Ҳама медонад, ки мо истеҳсолот надорем. Бояд соҳибкоронро дар дохил ҷиддӣ дастгирӣ кард. Чӣ гуна? Боҷҳои гумрукӣ ва андозро поин овард. “

Аммо корбари дигаре бовар надорад, ки ин чораҳо низ ба поин омадани қимати тухму шакару равғану дигар хӯрданиҳо мусоидат мекунад ва барои ҳамин дар саҳифаи мо дар Инстаграм ба дигарон муроҷиат карда, тавсияе додааст. Насиҳат ва ё тавсияи Муҳаммад Қиронзода чунин аст:

Ай бандагони муъмину мусулмон дигар аз пушти поин рафтани нарх нашавед ва ҳатто орзуяшро ҳам накунед. Ба Тоҷикистон дуо рафтааст, ки вақте нарх баланд шуд, дигар сад сол ҳам гузарад, поён намешавад. Барои ҳамин асабҳо ва саломатиатонро эхтиёт кунед.»

Дар воқеъ худро аз коронавирусу ҳар балои дигар эҳтиёт кунед ва ёдатон наравад, ки мисли ин корбар назару андешаҳои худро ба мо нависед, ё дар видео сабт карда бифристед. Ба телефоне, ки мебинед. Вотсапп, Вайбер, Телеграм ва Имо дорад. Дар вебсайти мо ҳам айни корро карда метавонед.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG