Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон беш аз 40% гарон шудааст. ВИДЕО


Моҳи марти соли гузашта нархи маҳсулот якбора боло рафт
Моҳи марти соли гузашта нархи маҳсулот якбора боло рафт

Дар соли 2020 нархи баъзе аз навъҳои хӯрокворӣ дар Тоҷикистон то 42 дарсад ва маҳсулоти саноатӣ то шаш дарсад афзудааст.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар сӣ соли истиқлол натавонист аз кишвари танҳо истеъмолкунанда ба кишвари тавлидкунандаи маводи ниёзи мардум табдил ёбад. Ҳамзамон онҳо ба омори начандон саҳеҳи мақомот дар бораи тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ишора мекунанд.

Нархи чӣ боло рафт?

Бино ба маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон, дар соли гузашта нархи

  • равған (42,2%),
  • шакар (40,7%),
  • картошка (19,8%),
  • тухми мурғ (18,9%),
  • нон (13,8%),
  • гӯшт (5,7%),
  • мева (4,7%) ва
  • шир (4,3%)

баланд шудааст.

Ин идора мегӯяд, афзоиши нархи бештаре аз маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмуъ, то 13 дарсадро ташкил додааст. Дар омори тозанашр дида мешавад, ки аз миёни меваҳо бештар лиму гарон шуда, нархи он то ба 24,3% боло рафтааст. Аз тарафи дигар, нархи карам ва пиёз мутаносибан 4,3 ва 3,4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти Оҷонси омор, маҳсулоти саноатӣ дар маҷмуъ 5,8 як дарсад афзоиш ёфтааст. Асосан нархи маводи шустушӯйӣ ва сохтмонӣ, дору ва либосу матоъ ва пойафзол боло рафтааст.

Нахустин мавриди болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар баҳори соли гузашта ҳангоми эълони ошкоршавии мавридҳои аввалини гирифторӣ ба бемории ҳамагири COVID-19 дар Тоҷикистон мушоҳида шуда буд.

Он замон нархи орд ва лимуву картошка ба таври бесобиқа боло рафт. Нархи як халта орд аз 170 то ба 300 сомонӣ ва як кило лиму аз 8 то ба 40 сомонӣ афзоиш ёфт. Баъдан нархи орд то 220-235 сомонӣ поин омад.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Дар як сол нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон беш аз 40% боло рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Омили берунӣ?

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодӣ, сабаби афзоиши нархҳоро ба воридотӣ будани бештаре аз анвои ғизо дар Тоҷикистон рабт дод. Ӯ рӯзи 18-уми январ гуфт, Тоҷикистон дар сӣ соли истиқлол аз кишвари истеъмолкунанда натавонистааст ба кишвари тавлидкунандаи маҳсулоти ниёзи аввал табдил ёбад.

"Вақте дар пайи таҳлукаи бемории коронавирус дар кишварҳои содиркунанда нархи маҳсулоти ғизоӣ боло рафт, ин афзоиши нархҳо ба бозори истеъмолии Тоҷикистон низ таъсир кард. Тоҷикистон ҳамчунон кишвари истеъмолкунанда мондааст", -- шарҳ дод ӯ.

Беэътимодӣ ба омор

Дар ҷавоб ба ин суол, ки картошка ва лиму дар Тоҷикистон парвариш мешаванд ва чаро нархи онҳо низ боло рафт, Чоршанбиев гуфт, ба омори мақомоти тоҷик чандон эътимод надорад.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

"Зеро тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон дар як сол беш аз як миллион тонна картошка тавлид кардааст. Аммо тибқи меъёрҳо аҳолии Тоҷикистон наметавонад ин миқдор картошкаро истеъмол кунад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон ҳамасола аз кишварҳои хориҷӣ, ба монанди Покистону Русия картошка ворид мекунад. Ба ин далел, омори Вазорати кишоварзӣ дар бораи тавлиди як миллион тонна картошка чандон воқеӣ ба назар намерасад”, -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, соли гузашта баландтарин мизони таваррум дар даҳ соли ахир дар кишвар дида шудааст, ки баробари 9,4 дарсад будааст.

Мақомот ин вазъиятро ба таъсири омилҳои берунӣ рабт медиҳанд. Коршиносон суол мегузоранд, ки чаҳор дарсад афзоиш ёфтани нархи хадамот дар дохили кишвар чӣ гуна метавонад ба омили берунӣ пайванд дошта бошад?

XS
SM
MD
LG