Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони Меҳроншоҳ ҷазои сабабгори марги ӯро "сабук" меноманд. ВИДЕО


Меҳроншоҳ Ҷумъаев

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари кушташудаи пулис, аз қарори додгоҳ норозигӣ карда, ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд. Онҳо мегӯянд, Додгоҳи ноҳияи Панҷ сабабгори марги фарзандашон Насим Амирзодаро ҳамагӣ ба 3 сол ҳабси сукунатӣ маҳкум кард, ки ноодилона аст. Ҷониби дигари баҳс ҳукмро одилона мешуморад ва исрор дорад, ки ҳодиса қасдан набудааст.

Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ҳангоми супурдани силоҳ дар ҷойи кораш, бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ, бо зарби тир ҷон бохт.

"Далел ва шоҳиде наоварданд, ки тасодуфӣ буданро тасдиқ кунад"

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ Ҷумъаев, мегӯяд, чаҳор моҳ боз дар пайи муҷозоти сабабгорони марги бародарзодааш ҳастанд.

Ӯ ҳукми додгоҳро напазируфта, бедалел меномад. Ба гуфтаи Холиқназар Ҷумъаев, норозигии асосии онҳо дар он аст, ки дар додгоҳ далеле пешниҳод нашуд, то тасодуфӣ будани ҳодисаро исбот кунад.

“Сухан дар бораи ду тир меравад ва имкони тасодуфан парронданаш шубҳаовар аст. Шоҳидонеро ба додгоҳ оварданд, ки ҳолатро надидаанд ва танҳо садои тирро шунидаанд. Камераҳои назоратӣ он рӯз кор намекардаанд. Ташхисҳои баллистикӣ ва физикӣ-техникӣ, ки ҳолати паррониданро муайян мекунанд, ҳама гуна тасодуфро рад карданд", -- шарҳ дод ӯ.

Хешовандони Меҳроншоҳ ҷазои гунаҳкори марги ӯро сабук меноманд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

“Агар қасдан мекушт…"

Ҷониби дигари баҳс ба ин гуфтаҳо розӣ нест.

Сангак Сабуров, вакили мудофеи маҳкумшуда Насим Амирзода, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукм одилона аст, чун шахси зери ҳимояи ӯ ҳамхидматаш Меҳроншоҳ Ҷумъаевро қасдан накуштааст. Вакили дифоъ афзуд, зерҳимояаш дар додгоҳ борҳо ба ин нукта таъкид кардааст.

"Гуфт, ки агар қасдан мекардам, дар бинои Шуъбаи корҳои дохилӣ мекардам? Дар байни милисаҳо ва ду нафар навбатчиён?" – нақл кард вакили дифоъ аз забони шахси зери ҳимояташ.

Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт.

Додгоҳ рӯзи 11-уми май ҳамкори ӯ Насим Амирзодаро дар ин воқеа гунаҳкор шинохта, ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда ҳукм кард.

Вакили мудофеи Насим Амирзода аз таъини 100 ҳазор сомонӣ товон розӣ нест. Аз тарафи дигар, пайвандони афсари кушташуда аз Додгоҳи вилояти Хатлон талаб доранд, ки қарори Додгоҳи ноҳияи Панҷро бекор кунад.

Қазияи марги пулис ҳоло дар Додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ мешавад ва маълум нест, ин зинаи додгоҳ ба шикоятҳои ду тараф чӣ посух медиҳад. Ҳарду ҷониб ба ҳақ будани худ пойфишорӣ доранд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG