Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳам вақт меравад, ҳам пул." Тақдири норӯшани садҳо муштарии ду ширкати русӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Мусофирон мегӯянд, як ҳафта боз мунтазири парвоз ба Русия ҳастанд

Садҳо муштарии "Северний ветер" ва "Сибир", ду ширкати ҳавопаймоии Русия, дар Тоҷикистон банд мондаанд.

Сокинон мегӯянд, ки билети парвоз доранд, вале як ҳафта боз аз фурдугоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ба Русия рафта наметавонанд. Намояндагони ду ширкати русӣ масъулиятро ба дӯши Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гузоштанд. Дар Оҷонсӣ касе ҳозир нашуд, ки масъаларо шарҳ диҳад.

Мавқеи ширкатҳо маълум аст, Оҷонсӣ хомӯш аст

Масъулони ду ширкати ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми май хабар доданд, ки барои ҳалли мушкил бо мақомот вориди гуфтугӯ шудаанд, аммо маълум нест, мушкил кай ва чӣ гуна ҳал мешавад.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 17-уми майи 2021
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 17-уми майи 2021

Азимулло Абдуев, намояндаи ширкати "Сибир", ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 15-уми май ба ин сӯ ба ҳавопаймоҳои ширкати онҳо иҷозаи парвоз дода нашудааст. "То ҷое медонам, дар натиҷаи гуфтушунид, ба парвози ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе – Новосибирск иҷозат додаанд. Қарор аст, парвоз соати яки шаби 18-уми май сурат гирад, вале ба парвози ҳавопаймои дигар ҳанӯз иҷоза нест", -- афзуд ӯ.

Абдуев гуфт, ки сабаби чунин бархӯрди мақомоти Тоҷикистонро намедонад. Ин дар ҳолест, ки рӯзе пеш як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Фурудгоҳи Душанбе гуфта буд, Оҷонси авиатсияи гражданӣ розӣ нест, ки ширкатҳо бо ҳавопаймоҳои бузург мусофир кашонанд.

Мироҷ Азизов, раиси намояндагии "Северний ветер" дар Тоҷикистон, рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми як моҳи охир ба беш аз ду ҳазор нафар билет фурӯхтаанд ва тасдиқ кард, ҳавопаймоеро оварданд, ки "440 мусофир мебарад".

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Мусофирон дар Душанбеву Хуҷанд як ҳафта боз мунтазири парвоз ба Русия будаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

"Ҳам харҷ афзуд, ҳам саргардонӣ"

Дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17-уми май касе ҳозир нашуд, қазияро расман шарҳ диҳад. Дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раҳбарашон дар ҷойи кор нест ва бе иҷозати ӯ наметавонанд суҳбат кунанд. Дар гузашта низ талошҳои Радиои Озодӣ барои суҳбат бо раҳбарияти Оҷонсӣ бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Дар ҳамин ҳол, садҳо мусофири бандмонда дар фурудгоҳи Душанбеву Хуҷанд талаб доранд, ки ширкатҳои русӣ ва мақомоти Тоҷикистон мушкили худро ҳарчи зуд ҳал кунанд, то ба онҳо зиёни аз ин бештари молӣ нарасонанд.

Мусофирони мунтазир
Мусофирони мунтазир

Акрам Тӯрақулов рӯзи 11-уми май бояд ба воситаи ҳавопаймои ширкати "Северний ветер" ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафт. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "касе ба мо намегӯяд, ки тақдирамон чӣ мешавад. Ақаллан гӯянд, ки парвоз намешавад, мо аз паси корамон равем. Ҳар рӯз ҳам вақт меравад, ҳам барои хӯрдану ҷойи хоб пули зиёд сарф мешавад."

Мусофирони бандмондаи дигар мегӯянд, давоми як ҳафтаи интизорӣ такроран аз ташхиси COVID-19 низ гузаштанд, ки пардохти иловагии маблағ ҳам дошту саргардонӣ ҳам.

"Мақомот ба ҷойи ташвиқ монеа мегузоранд"

Абдуманнон Шералиев, коршиноси тоҷик, мегӯяд, албатта, ҳар монеагузорӣ ба рақобат ва дар натиҷа ба худи бозор зарба мезанад. Ӯ аз он нигарон аст, ки мақомот ба ҷойи осон кардани сафари корҷӯён ба Русия мушкилро амиқтар мекунанд:

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев
"Иҷоза нагирифтани як ширкат сабаби боло рафтани талабот ба билети ширкатҳои дигар мешавад, ки дар натиҷа қимати билетро боло мебарад. Дар шароити феълӣ давлат бояд баръакс ширкатҳои дигареро ҳам ташвиқ ба анҷоми парвоз намояд, то нархҳо поин раванд. Камтарин зарари нархҳои баланди билети ҳавопаймо ин аст, ки бо парвози ҳар муҳоҷир 1000 доллар аз кишвар берун меравад."

Русия мизбони асосии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст ва аз ин ҳисоб хонаводаҳои зиёде дар кишвар рӯзгори худро мечархонанд.

Соли гузашта бо сабаби густариши бемории ҳамагир парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия маҳдуд шуда буд. Бо гузашти бештар аз як сол парвозҳои маъмулӣ байни ду кишвар барқарор шуд ва ҳоло ҳазорҳо корҷӯйи тоҷик талош доранд, ки бо ҳар роҳе худро ба ин кишвар расонанд.

Барои бурдани мусофирон аз ҷониби Тоҷикистон ширкати "Сомон Эйр" ва аз тарафи Русия ширкатҳои "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир" ва "Севернй ветер" иҷозат доранд. Бино ба санадҳои расмӣ, ширкати "Сомон Эйр" соли 2002 ташкил шуда, муассисаш "СДХ ИНВЕСТМЕНТС КОРП" (CDH Investment Corporation) зикр шудааст ва он яке аз шарикони корхонаи алюминиюми тоҷик буд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG