Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳандагон дар Тоҷикистон: на пойи рафтан, на ҷойи мондан. ВИДЕО


Отифа Пичанд, паноҳандаи эронӣ дар Тоҷикистон

20-уми июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон аст. Дар ин рӯз ба тақдири миллионҳо нафаре таваҷҷуҳ мешавад, ки ба хотири наҷоти ҷонашон ё дарёфти зиндагии беҳтар маҷбур шудаанд, кишварашонро тарк кунанд.

Тоҷикистон ҳам мизбони беш аз 6 ҳазор паноҳанда аст, ки бештарашон аз Афғонистон омадаанд. Бархе аз гурезаҳо мегӯянд, дар Тоҷикистон касе аз аҳволи онҳо намепурсад ва аз ҳеч ҷое ҳам кӯмак намегиранд.

На хона медиҳанд ва на бо ҷойи зист таъмин мекунанд

Отифа Пичанд, шаҳрванди 36-солаи эронӣ нуҳ сол аст, ки дар Тоҷикистон паноҳанда аст. Мегӯяд, ба хотири дар хатар будани ҷонаш дар Эрон, маҷбур шуд бо шавҳараш ба Тоҷикистон оянд. Комиссариати олии СММ ба Отифа Пичанд корти паноҳандагӣ дод, вале гурезаи эронӣ аз ин қаноатманд нест. Чун ба гуфтаи худаш, на аз давлати Тоҷикистон ва на аз Созмони милал ягон кӯмак намегирад.

“На бо ҷойи зист таъмин карданд ва на кӯмаки молӣ мекунанд. Ман дар ягон ҷой кор намекунам. Ду сол аст, ки маблағи иҷораи хонаро ҳам надодаам. Қарздор шудам ва болои ин мушкилоти хурду хӯрок аст. Ба СММ чанд бор нома навиштам, ки аз бонк қарздор шудаам, шумо ба мо ҳеч кӯмаке намекунед.”​

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Паноҳҷӯён дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

“Мехоҳад ӯро ба кишвари сеюм фиристем”

Намояндагии Комиссариати олии Созмони миллал дар умури паноҳандагон, шикояти Отифа Пичандро рад мекунад. Намояндагии СММ дар посух ба дархости Радиои Озодӣ навиштааст, Отифа Пичанд дар доираи барномаи COVID-19 кӯмаки молӣ дарёфт кардааст. Ҳамчунин ба навиштаи намояндагии СММ, аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат”ҳам ба Отифа Пичанд ёрии ҳуқуқӣ расонда шуд.

Як намояндаи Комиссариати олии Созмони миллал бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, шикояти асосии паноҳандаи эронӣ кӯчидан ба кишвари сеюм аст. Ба гуфтаи ин корманди СММ, феълан ягон барнома барои фиристодани паноҳандагон аз Тоҷикистон ба кишвари сеюм вуҷуд надорад ва ба ин хотир наметавонанд дархости Отифа Пичандро қонеъ кунанд.

Дар посухи Комиссариати олии СММ ҳам омадааст, ки "феълан ҳеч гуна дархостро барои кӯчондан баррасӣ намекунанд".

Отифа Пичанд мегӯяд, ба ҷуз аз намояндагии Созмони милал ҳамчунин ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардааст, то ӯро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Вале ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мактубҳои ӯ аз як ниҳод ба ниҳоди дигар фиристода мешаванду, дар ниҳоят касе барояш кӯмак намекунад. Ҳарчанд масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Сино, макони зисти Отифа Пичанд гуфтанд, аз паноҳандаи эронӣ ягон дархосте нагирифтаанд.​

"Аксарашон мехоҳанд ба кишвари сеюм раванд"

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ феълан 228 оила аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Пештар Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳам гуфта буд, дар Тоҷикистон 6,5 ҳазор паноҳанда аз кишвари ҳамсоя ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар шаҳри Ваҳдат, дар канори Душанбе, зиндагӣ мекунанд.

Мижгона Ҳалимова
Мижгона Ҳалимова

Мижгона Ҳалимова, рӯзноманигори тоҷик қариб як сол аст, ки мавзӯи паноҳандагонро меомӯзад. Ба гуфтаи ӯ, мушкили аксари паноҳандагон дар Тоҷикистон, пайдо накардани ҷойи кор аст. Ҳалимова дар бораи зиндагии паноҳҷӯён дар Тоҷикистон гуфт: "Он гурезаҳое, ки дар шаҳри Ваҳдат ҳастанд, зиндагиашон то ҷое хуб аст. Вале аҳволи паноҳандагоне, ки дар Бохтар, Ҳисор, Рӯдакӣ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ доранд, чандон хуб нест. Бархеашон зиндагии қашшоқона доранд. Ҷойи кор надоранд. Ҳарчанд ба намояндагии СММ муроҷиат мекунанд, вале наметавонанд ҷойи кор пайдо кунанд. Яъне ҳар кас худаш ҷойи кор пайдо карда, зиндагиашро пеш мебарад.",--гуфт ӯ.

Рӯзноманигори тоҷик афзуд, аксари паноҳандагон дар Тоҷикистон як хоҳиш доранд, ки он ҳам рафтан ба кишвари сеюм аст.

Бархе аз паноҳандагон ба мисли Отифа Пичанд дар ҳоле аз давлати Тоҷикистон интизори таъмини ҷойи кор ва манзили зистро доранд, ки вазъи иқтисодии кишвар чандон хуб нест. Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон солона барои дарёфти ҷойи кор ба Русияву Қазоқистон мераванд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG