Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва муаллифи мустанади "Мардикор" мегӯяд, бояд нигоҳи ҷомеа, бахусус мардон ба мақоми зан тағйир ёбад ва боло бурдани нақши занон дар сатҳи шиор боқӣ намонад.
Беш аз як ҳафта аст, ки дастёрони раисҷумҳуру вазирону раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистон ба ноҳияҳо рафта, мардумро ба сарфакории барқ даъват мекунанд. Сокинон дар ҷавоб мегӯянд, онҳо низ чандон майли зиёд истифода кардани нирӯи барқро надоранд, чун харҷаш зиёд ва пардохтанаш мушкил мешавад.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон ба баррасии шикояти донишҷӯён ва наздикони онҳо дар бораи мушкили пардохти пули таҳсил оғоз кардааст.
Соли паҳншавии коронавирус, ду интихобот дар Тоҷикистон, дармондани муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар, эътирози сокинони осебдидаи Хуросон ва бозгашти лимити барқ, аз рӯйдодҳое будаанд, ки дар хотираи корбарони Радиои Озодӣ дар соли 2020 нақш бастаанд.
Як назарпусии Кумитаи дин ва танзими анъана маълум кардааст, ки мардум хостори тағйир дар қонуни баҳсбарангези танзим ҳастанд.
Як равоншинос ва нависандаи тоҷик, ки муаллифи чанд китоб дар бораи занон аст, мегӯяд, бояд ба озору азияти занон дар хонаводаҳои суннатии тоҷик хотима дода шавад.
Пандемияи короновирус ба монанди он ки СOVID-19 дар бадани инсон бемориҳои дигарро бедор мекунад, заъфҳои иқтисоди Тоҷикистонро бармало кард. Зарбаи аввали пандемия ба шоҳраги даромади иқтисоди Тоҷикистон – интиқоли пули муҳоҷирон – ворид шуд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22-юми декабр ва пас аз мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон ташвиши мақомоти тоҷикро ба марзи тӯлонӣ ва назораташ душвори Тоҷикистону Афғонистон рабт дод.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як тарҳ адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд.
Меҳрангези 11 сола, сокини ноҳияи Восеъ, панҷ моҳ пеш бо модару чаҳор бародару хоҳараш дар карантин буд. Онҳо дар ҳоле табобат мегирифтанд, ки маъмурони иҷрои қарори додгоҳи ин ноҳия аъзои хонаводаи онҳоро аз манзилашон берун карданд.
Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ дар гузориши нави худ оқибати манфии сирояти КОВИД‑19 ба сиҳати кӯдаконро тасвир кардааст.
Ном ва акси Маъруфҷон Менгатов, пизишки 25-солаи тоҷикро дар авҷи бемории коронавируси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр кардаанд. Бархе ҳангоми сӯзандору задан ӯро ба тасвир гирифтаанд ва баъзеи дигар ситоиш кардаанд, ки нотарсида барои ёрӣ ба хонаашон рафтааст.
Гуруҳе аз занони маъюб дар шаҳри Душанбе талош доранд, коргоҳи дузандагӣ ташкил кунанд.
Духтари 13-солае, ки шаш моҳ пеш дар шаҳри Ҳисор тифл ба дунё овард, мегӯяд, бо гузашти моҳҳо эҳсоси модар буданро надорад. Ҳоло кӯдакро бо ёрии модару бибияш калон мекунад.
Як сокини шаҳри Турсунзода, ки аз ду пойи равон маҳрум аст, аз президент Эмомалӣ Раҳмон барои бозбинии парвандаи писараш ва раҳо кардани ӯ аз зиндон кӯмак хостааст.
Ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаҳри Душанберо аз се самт оғӯш гирифтааст, дар панҷ соли охир бо хабарҳои тақсими ғайриқонунӣ ва фурӯши замин шӯҳрат ёфтааст. Инро бори аввал соли 2017 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард
Дар Тоҷикистон сомонаи нави таҳлилӣ бо нишони nuqta.tj ба кор шуруъ кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суҳбати Набӣ Юсупов, муассиси ин сомона рафтанд.
Дар Тоҷикистон вебсайти нави иттилоотӣ-таҳлилӣ бо номи nuqta.tj ба кор шуруъ кард. Ҳадаф аз таъсиси сомона ба гуфтаи муассисонаш, нашри матлабҳои таҳлилӣ ва омода кардани таҳлилгарон аст.
Ёфтҳои бештар