Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иршод Сулаймонӣ: Тоҷикистон худ бештар ба озодии сухан ниёз дорад. ВИДЕО


Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ
Рӯзи 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии озодии баён ё як ҳаққи бунёдии инсон таҷлил мешавад. Созмонҳои зиёде солҳои охир мегӯянд, ки дар Тоҷикистон мардум аз ин ҳаққи худ маҳруманд, ё ҳукумат ин ҳаққи онҳоро маҳдуд кардааст ва ё риоят намекунад. Суҳбати мо бо Иршод Сулаймонӣ, хабарнигор ва муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳамин бора аст.

Радиои Озодӣ: Вазъи ҳозираи озодии баёнро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Иршод Сулаймонӣ: "Чанд соли охир вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Он мавзуъҳое, ки мардуми Тоҷикистон мехоҳанд, дар бораи он бидонанд, наметавонем дар расонаҳо матраҳ кунем, ба баҳс кашем ва барои мухотабони худ пешниҳод кунем. Аз ин нигоҳ, он чи ки дар созмонҳои ҷаҳонӣ вобаста ба сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон нашр мешавад, бо ин гузоришҳо комилан розӣ ҳастам. Мавзуъҳои табуе ҳастанд, ки расонаҳои мо ба онҳо даст намезананд ё агар дар сурате ки ба ин мавзуҳо даст бизананду матраҳ карда, ба баҳс кашанд, ҳатман фишоре ё пайомаде доранд. Аз ин нуқтаи назар, вақте мегӯем, ки нигаронкунанда аст, ин аст."

Радиои Озодӣ: Мавқеи Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодии баён чанд сол инҷониб поин меравад, ин чӣ пайомаде дошта метавонад ва то куҷо ҷиддӣ гирифта мешавад?

Мавзуҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон табушуда ҳастанд. Баҳси қудрат, сиёсат, табиати қудрат, мансабдорон, ҳузури мансабдорон дар тиҷорату иқтисод, монополия шудани бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва дороиҳои Тоҷикистон.
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ: "Тоҷикистон як кишвари на он қадар рушдкарда дар Осиёи Марказӣ аст ва мушкилоти фаровон дорад. Ин мушкилоти фаровон ниёз аст, ки дар байни ҷомеаи Тоҷикистон баҳс шаванд. Рӯшанфикрон, рӯзноманигорон, донишмандон сари инҳо баҳс кунанд, то роҳи ҳалле ёбанд. Вале ҳамин ҳақ тақрибан аз мардум гирифта шудааст ва умдатан бояд мардум шакле суҳбат кунад, ки баъзеҳо мехоҳанд.

Вақте ки ин баҳс дар Тоҷикистон матраҳ мешавад, аксарият, мансабдорону ҳукуматдорон гумон мекунанд, ки вуҷуди озодии баён барои хориҷиҳо зарур аст. Не, Тоҷикистон худаш бештар ба озодии баён ниёз дорад. Ба он хотир ки озодии баён ин фақат иҷозат додан ба танқид дар расонаҳо нест. Як арзише ҳаст, ки сатҳи тафаккурро дар ҷомеа дигар мекунад. Мову Шумо хабарнигор ҳастем ва агар барои мавзӯе коршинос даркор шавад, чилу чанд донишгоҳро мекобем, аммо як коршинос пайдо намекунем, ки ҷузъитарин мавзуъҳои иқтисодиро бароямон шарҳу тавзеҳ диҳад. Ин ба он маъно нест, ки мо устодон ё коршиносони шоиста надорем, ин ба он маъност, ки онҳо нигаронанд, метарсанд, ки мабодо ягон лағзиши фикрӣ мешавад ё кадом гапи ноҷое нагӯянд, ки минбаъд сарнавишташон зери таъсир биравад. Чизи дигар ин аст, ки вақте озодии баён аст, баҳсҳо мешаванд, сатҳи огоҳӣ ва тафаккури мардум тағйир мекунад. Вақте озодии баён ҳаст, сатҳи огоҳӣ, сатҳи тафаккури мардум тағйир мекунад, дар мо собиқаи баҳсҳо ё иммунитети озодбаёнӣ ба вуҷуд меояд. Мо имрӯз ҳатто дар дигар муҳитҳо, масалан, созмонҳои эҷодӣ, дар иттифоқи журналистон ё нависандагон, дар сатҳи донишгоҳҳо майдонҳои баҳсие надорем, ки мавзуъҳои муҳими ҷомеаро ба баҳс бикашанд. Ҳол он ки ин бисёр як чизи муҳим аст барои рушди тафаккур ва рушди андешаи ҷомеа.

Пайомади нохушаш ин аст, ки вақте мардум иттилоти дурустро аз расонаҳои расмӣ ва миллӣ пайдо намекунанд, маҷбуранд, ба суроғи расонаҳои берун аз кишвар раванд. Дар ин ҳолат имкон дорад, ки қурбонии сиёсатҳои идеологиву иттилоотии кишварҳои дигар шаванд. Дар Қонуни асосӣ ҳам ҳаст, дар консепсияи сиёсати иттилоотии амнияти Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки давлат вазифадор аст, шаҳрвандони худро бо иттилооти дурусту саҳеҳ таъмин кунад ё муҳитро барои таъмин шудани шаҳрвандон ба ин гуна иттилоъ мусоид кунад, шаҳрвандони як давлат иттилоотро аз сарчашмаҳои худӣ ва миллӣ дарёфт кунанд. Вақте онҳо эътимод намекунанд, ба дунболи дигар расонаҳо мераванд. Хусусан дар асри фанновариҳои иттилоотӣ, ҳазорҳо хабарҳои дурӯғ вуҷуд дорад ва ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки шаҳрвандони мо ба ин тавтеаҳо дода намешаванд.

Дар мо як нукта бисёр зикр мешавад. Мақомот хуш доранд, ки дар ин бора таъкид кунанд, яъне зиракии сиёсӣ, вале ҳамин зиракии сиёсиро мардум дар куҷо бишносад, вақте ки дар донишгоҳҳо баҳсҳои сиёсӣ нест. Вақте ки дар муҳити дигар, дар расонаҳо нест ва намедонанд, ки паҳлӯҳои ҳамин масъала чӣ аст ва чӣ гуна бояд дарк кунанд, ки куҷо хато ҳасту куҷояш роҳи дуруст. Аз куҷо ин зиракии сиёсӣ ба вуҷуд меояд? Вақте ки замина барои шинохти ҳамин зиракӣ вуҷуд надошта бошад? Аз ин нуқтаи назар худи Тоҷикистон ба озодии баён ниёз дорад."

Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Иршод Сулаймонӣ: Чаро ҳамин вазъ пеш омад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:00 0:00


Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи Шумо чаро чунин ҳолат пеш омадааст, дар ҳоле ки мақомоти давлатӣ мегӯянд, ҳеч гуна маҳдудияте дар озодии матбуот вуҷуд надорад?

Иршод Сулаймонӣ: "Озодии баён дар Тоҷикистон ду паҳлӯ дорад: яке паҳлӯи ҳуқуқӣ ва дигаре воқеӣ. Аз нигоҳи қонунгузорӣ, албатта, дар Тоҷикистон озодии баён кафолат дода шудааст. Ҳадди ақал дар сатҳе, ки зарур аст, вуҷуд дорад. Аз нигоҳи воқеият, он чизе нест, ки қонунгузорӣ замонат додааст.

Мо вақте ки дар озодии баён суҳбат мекунем, ҳамеша дар контекст озодии баён дар Тоҷикистонро бояд дар назар гирем. Агар фаротар аз ҷуғрофиаи Тоҷикистон назар кунем, худи озодии баён чӣ аст. Назарияи озодии баён замоне пайдо шуд, ки расонаҳо мехостанд, дигар ба ҳокимияти иҷроия тобеъ набошанд, яъне расонаҳои давлатӣ вуҷуд надошта бошанд. Вале дар мо, ки расонаҳои давлатӣ ҳаст, вуҷуд дорад ва бигзор бошад. Шояд расонаҳои давлатӣ барои дарёфти иттилоъ, матраҳ кардани баъзе мавзуъҳо шароити хубтаре дошта бошанд. Он чизе, ки расонаҳои мо доранд, ҷавобгӯи ниёзи ҷомеаи мо ва мухотабони мо нест. Аз ин нуқтаи назар мегӯем, ки озодии баён дучори мушкил аст."

Радиои Озодӣ: Дар матбуоти тоҷик мавзуъҳои мамнуъ вуҷуд дорад? Агар "ҳа", ин кадом мавзуъҳоянд?

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ: "Ҳуқуқ ба озодии баён ҳуқуқи сиёсии инсон аст ва табиист, ки мавзуҳое, ки табушуда ҳастанд дар Тоҷикистон мавзуъҳои сиёсӣ ҳастанд. Он чизе, ки ба доираи сиёастмадорони мо бармехӯрад. Инҳо мавзуъҳое ҳастанд, ки тақрибан дар расонаҳои дохилӣ ва миллӣ ба баҳс кашида намешаванд. Баҳси қудрат, сиёсат, табиати қудрат, мансабдорон, баҳси ҳузури мансабдорон дар тиҷорату иқтисод, баҳси монополия шудани бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва дороиҳои Тоҷикистон. Ҳузури бисёр чашмгири сиёсатмадорони сатҳи боло дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду иҷтимоъ ва мавзуъҳое, ки миёни мардум сару садо ҳаст, вале замонати ҷасорати матраҳ кардани ин мавзуҳо вуҷуд надорад."

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо дар рукуди озодии баён дар Тоҷикистон худи журналистон ҳам гуноҳе доранд?

Иршод Сулаймонӣ: "Чаро ҳамин вазъ пеш омад, аз чанд паҳлӯҳо бармехӯрад. Пеш аз ҳама, Тоҷикистон аз як режими худкомаву қудратгарову яккатафаккури Шӯравӣ берун омад, ки собиқаи озодии баёнро надошт. Дар Шӯравӣ матбуот, тамоми расонаҳо ҳизбӣ буд ва тамоми мавзуъҳо дар ин доира танзим мешуд. Дар ибтидои солҳои истиқлол, яъне поёни умри Шӯравӣ, як бебандуборие дар расонаҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Ба ин маъно буд, ки чун он замон даргириҳо буд, баҳсҳои сиёсӣ буд, интихобот ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ буд, расонаҳо камтар ба меъёр ва стандартҳои касбӣ пойбанд буданд. Чун аз як тангнои идеологӣ берун омаданд, бештар мехостанд, дар мавзуъҳо пешдастӣ дошта бошанд. Аз ин хотир, ҳукумате, ки баъдан ба сари қудрат расид, аз ин озодии баёне, ки дар ибтидои солҳои истиқлол буд, хотираи хуш надошт ва ҳамин тафаккур побарҷо монд. Ҳарчанд баъдан дар сатҳи қонунгузорӣ замонатҳое барои озодии баён дода шуду баъзе корҳои дигар, вале тафаккури сиёсӣ тағйир накард. Иродаи лозим барои рушд додани озодии баён, мутаассифона, ҳеч вақте ҳосил нашуд ва ҳар чизе, ки буд қолабӣ буд. Бештар ба уҳдадориҳое шуд, ки Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул кард."

Радиои Озодӣ: Ба фикри Шумо фосила миёни матбуоти расмию давлатӣ ва мустақил аз нигоҳи озодии баён чӣ қадар аст?

Иршод Сулаймонӣ: "Аслан фарқ гузоштан байни матбуоти мустақилу расмӣ кори хуб нест, аммо ин чиз вуҷуд дорад ва мо ҳам ҳақ дорем, ки дар ин мавзуъ бигӯем. Матбуоти давлатии расмӣ комилан пойбанди он чизе ҳаст, ки мақомот мегӯянд. Онҳо мушкилотеро, ки дар сатҳи давлат, ҳукумат, вазоратҳо вуҷуд дорад, бисёр кам ба баҳс мекашанд. Ба мавзуъҳои дувуму сеюмдараҷа рӯ меоранд. Масалан, яке аз рӯзномаҳои муҳими Тоҷикистон, рӯзномаи сиёсӣ аст, биёед, номашро намегирем, ин мавзуъро матраҳ кардааст, ки вазъи осиёбҳои бобоӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Ин мавзӯи расонаҳои фароғатӣ, расонаҳои ба истилоҳ саргармкунанда аст. Расонаи сиёсии сатҳи аввали кишвар бояд мушкилоти сиёсиро ба баҳс кашад. Онҳо ба ин мавзуъ рӯ намеоранд. Шояд ба ҳамин хотир ҳам дар масъалаи озодии баён мушкил надошта бошанд. Матбуоти мустақил, ки бештар худро побанд ба мардуму ҷомеа медонанд, аз ҳисоби ҳамин аудиторияи худ фаъолият мекунанд, онҳо ниёз доранд, он чизеро, ки мардум мехоҳад, ба ҳамон рӯ биоранд ва ҳамонро ба баҳс кашанд. Ин чиз бисёр ҳис мешавад."

Лаҳзае аз суҳбати Шаҳлои Абдуллоҳ бо Иршод Сулаймонӣ
Лаҳзае аз суҳбати Шаҳлои Абдуллоҳ бо Иршод Сулаймонӣ

Радиои Озодӣ: Гумон намекунед, дар матбуоти тоҷик як давраи ситоиш аз ҳамдигар густариш ёфтааст? Чеҳраҳои маъруфи рӯзноманигорӣ сохта мешаванд, вале таъсири онҳо ба воқеият хеле маҳдуд ва гоҳе рамзист? Ин як худшефтагӣ нест?

Иршод Сулаймонӣ: "Масалан дар адабиёти мо мавзуъҳои меҳварӣ шахсиятҳо шуд. Масалан, шахсияти Исмоили Сомонӣ омаду матраҳ шуд, шахсияти Куруши Кабир, шахсияти Зардушт, дигар шахсиятҳои исломӣ. Дар аксар илмҳои ҷомеашиносии мо нақши фалон шахсият дар ташаккули ҷомеашиносиро мисол меоранд. Дар мо падидаҳо, мушкилотро баррасӣ намекунанд, танҳо шахсиятҳоро. Дар расонаҳо ҳам, мутаассифона, ин чизҳо мушоҳида мешавад. Албатта, ин як давраи гузор аст, ки ҷомеа баҳо медиҳад. Баъзеҳо худро зиёд таъриф мекунанд. Як фармуда дорем, намедонам аз кадом бузургворе ҳаст, ки гуфта буд: пунба хоидан аст. Ба сатҳи донишу тафаккури ҳамон нафар вобаста аст."

Радиои Озодӣ: Бисёр вақт аз камбуди кадрҳои қавии журналистӣ шикоят мешавад, назари Шумо чист?

Иршод Сулаймонӣ: "Дар муҳите, ки бисёр тангу тор аст, фишор аст, маош кам аст, дигар мушкилот вуҷуд дорад, табиист, ки рӯзноманигорони қавию соҳибмактабу соҳибқалам камтар ҳастанд. Агар вуҷуд доранд, онҳо ҳама бо расонаҳои қавӣ ё ин ки байналмиллалӣ, ки маблағи бештар медиҳанд, кор мекунанд. Расонаҳои дохиливу миллиро ба унвони як давра истифода мекунанд. Худашонро нишон медиҳанд ва ҷойи хубтаре, ки пайдо шуд, мераванд. Мо баъзе аз рӯзноманигорону таҳлилгар ва мунтақидоне доштем, ки як каме дурахшиш доштанд, вале бар асари омилҳои гуногун ё аз саҳна канор рафтанд, ё фирор карданд ё ба расонаҳои дигар рафтанд."

Радиои Озодӣ: Ба Радиои Озодӣ аз хонандагон гоҳо шикоят мерасад, ки бархе аз журналистон, аз ҷумла аз расонаҳои мустақил ба тамаъҷӯӣ, шантаж ва ҳатто порагирӣ машғуланд. То куҷо ин мушкили ҷиддӣ аст ба назар шумо ва оё ба обрӯю ҳайсияти расонаҳо то чӣ ҳад таъсир дорад?

Мо садҳо шикояте дорем аз мансабдорон, ки рӯзноманигор мавзӯеро пешниҳод мекунад, аммо бар ивази он пул талаб мекунад. Сатҳи паст будани маош дар расонаҳо, дастнигарӣ ва муҳтоҷӣ дар рукуди озодии баён то андозае нақш дошта метавонанд.
Иршод Сулаймонӣ

Иршод Сулаймонӣ: "Ин чиз ҳаст ва аз ин чиз чашм пӯшида намешавад ва ҳамин эътибору ҳайсияти рӯзноманигорро дар ҷомеа поин кардааст. Агар ҳамин тамоюлҳо дар оянда давом кунанд, бештар паст мекунанд. Рӯзноманигорро ба унвони як нафари дастнигар, ба унвони як нафари гарданкаҷ муаррифӣ мекунад. Ин корро ҳатто расонаҳое мекунанд, ки мутаассифона худро расонаҳои шумораи яку дуи Тоҷикистон меҳисобанд ва ҳарфҳои калон ҳам мезананд, аммо аз сӯи дигар ба корҳое даст мезананд, ки берун аз қонун аст."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки мардум дар Тоҷикистон ба навиштаи расонаҳои дохилӣ чандон бовару эътимод надоранд. Аз ин рӯ, бисёриҳо ба расонаҳои хориҷӣ ҳамчун манбаи муътамад рӯ меоранд. Оё бо чунин баҳогузорӣ мувофиқед ва агар ҳа, сабаб дар чист?

Иршод Сулаймонӣ: "Комилан мувофиқам. Ман таҷрибаи кори сармуҳаррирӣ дар 4-5 расонаҳои миллии сатҳи аввалро доштам. Ҳатман бо ин гилаҳо мувофиқам. Чаро? Журналистикаи тоҷик имрӯз дар буҳронитарин ҳолати худаш қарор дорад. Расонаҳои мустақиле ҳам, ки дорем, имрӯз аксарияти онҳо кори таблиғотӣ мекунанд ва ҳатто корҳои тиҷоратии номашруъ мекунанд. Масалан, ба таври тавофуқӣ дар бораи шахсҳову ширкатҳову мақомот матлабҳои таблиғӣ менависанд ва воқеиятҳоро воруна инъикос мекунанд. Аз ҳамин нигоҳ, хонанда ба расонаҳои миллӣ камтар эътимод мекунад. Шумо бинед, андоз ё молиёт имрӯз яке аз мушкилоти калони Тоҷикистон аст, вале мо расонаҳое дорем, ки тамоми мақомоти андозро дар шаҳру ноҳияҳо ба унвони намуна ё улгу пешниҳод ва таблиғ мекунад. Мардум вақте дид, ки вай мустақим бо мақомоти андоз доду ситад дорад ва табиист, ки дигар ба расонаҳои дохилӣ бовар накарда, рӯ меорад ба расонаҳои хориҷӣ."

Радиои Озодӣ: Расонаҳои кишвар аз ҳама бештар аз кадом ҷиҳат мушкилӣ мекашанд: молӣ, иқтисодӣ ва ё сиёсӣ?

Иршод Сулаймонӣ: "Агар бигӯем, ки аз ҳар се нигоҳ, дуруст мешавад. Барои он ки як расона худкифо шавад, истиқлоли иқтисодиашро таъмин кунад, он бояд дар назди ҷомеа ё мухотабон эътибор дошта бошад. Вақте соҳиби эътибор шуд, агар расонаи чопӣ бошад, мухотабон ба ӯ обуна мешаванд, як манбаи даромад мешавад. Вақте он дар байни мардум эътибор пайдо кард, маъруфият пайдо кард, ширкатҳои тиҷоратӣ бо он ҳамкорӣ мекунанд, лоиҳа пешниҳод мекунанд, эълону рекламаҳояшонро нашр мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, ин расонаҳо иммунитети иқтисодӣ пайдо мекунанд. Вақте ки аз нигоҳи сиёсӣ ё муҳит имконият барои соҳибэътибор шудан камтар аст, табиист, ки инҳо ба мушкилоти иқтисодиву молӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ мешаванд."

Радиои Озодӣ: Дастнигарии расонаҳо то куҷо ба бархӯрди онҳо дар пайгирии мавзуҳо таъсир мерасонад?

Иршод Сулаймонӣ: "Ду-се соли охир узви Раёсати Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ҳастам, ки ин ниҳод мавзӯи риоя шудан ё нашудани меъёрҳои ахлоқиро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунад. Мо садҳо шикояте дорем аз мансабдорон, ки рӯзноманигор мавзӯеро пешниҳод мекунад, аммо бар ивази он пул талаб мекунад. Сатҳи паст будани маош дар расонаҳо, дастнигарӣ ва муҳтоҷӣ дар рукуди озодии баён то андозае нақш дошта метавонанд."

XS
SM
MD
LG