Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳс барои туҳфаи амири Дубай дар Тоҷикистон. Додгоҳи олӣ қарорҳои пешинаро бекор кард. ВИДЕО


Фаришта Ғаниева ва Сафар Маҳмадуллоев
Фаришта Ғаниева ва Сафар Маҳмадуллоев

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳҳои ноҳияи Сино ва шаҳри Душанберо, ки ба як мард ҳаққи зиндагӣ дар хонаи ҳамсари собиқро дода буд, бекор кард ва барои таҳқиқи дубора фиристод. Ин дар ҳолест, ки худи Додгоҳи олӣ низ 15-уми феврали имсол ба зиндагии ин мард дар манзили ҳамсари собиқаш иҷозат дода буд.

Дар Қубодиён соҳиби хона буда, аз оилаи наваш соҳиби чанд фарзанд аст, аммо суди марҳилаи якум ба ин ҳолати кор баҳои ҳуқуқӣ надода, бармаҳал ҳалнома қабул кардааст.
Қарори Додгоҳи олӣ

Баҳс бар сари хонае меравад, ки амири Дубай ба як духтари бемор дар Душанбе ҳадя кардааст, вале волидонаш барои зиндагии муштарак дар он забон намеёбанд.

Радиои Озодӣ моҳи гузашта дар ин бора гузориш дод. Он замон Фаришта Ғаниева шикоят дошт, ки баҳси додгоҳӣ пайваста ба нафъи шавҳари собиқаш ҳал мешавад, дар ҳоле ки ӯ ҳаққи зиндагӣ дар манзили туҳфашуда ба духтарашро надорад, чун дар лаҳзаҳои вазнин оиларо тарк карда буд. Сафар Маҳмадуллоев, шавҳари собиқи ӯ, мегӯяд, ки саҳмаш барои тарбия ва ба даст омадани манзил кам нест.

“Қарори барвақтӣ”

Сафар Маҳмадуллоев, сокини 55-солаи ноҳияи Қубодиён, аз камтарин мардони тоҷик аст, ки додгоҳ ӯро дар манзили ҳамсари собиқаш маскун кардааст. Ӯ ду моҳи охир дар як утоқаи хонае дар Душанбе зери як бом бо зани собиқ ва ду фарзандаш ба сар мебарад.

Хонаро ба духтари 9-солаи хонадон, амири Дубай шайх Муҳаммад бин Рошид туҳфа кардааст. Хона се ҳуҷра дорад ва бо қарори додгоҳ яке аз онҳо ба ин мард дода шудааст.

Фаришта Ғаниева, ки бо Сафар Маҳмадуллоев даҳ сол зиста, аз ӯ ду фарзанд дорад, мегӯяд, шавҳараш дар давраи сахти зиндагӣ ва бемории духтараш онҳоро тарк кардаву ёрие накард ва ҳаққи зиндагӣ дар ин хонаро надорад. Ӯ рӯзи 21-уми апрел баъд аз дастрас кардани қарори Додгоҳи олӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат кард: “Тамоми далелҳоеро, ки буд пайдо кардам. Аз ҷумла, чанд ҳамсар ва фарзанду хона дорад. Вақте инро ба додгоҳ пешниҳод кардам, қарорҳои баровардаро бекор карданд."

Дар қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 8-уми апрел, ки як нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, чунин гуфта мешавад:

"Маҳмадуллоев соли 2010 бо Фаришта Ғаниева никоҳи динӣ дошта, бо ҳамсараш муносибати хуб надоштааст. Ӯ баъд аз таваллуди духтараш бо нуқси модарзодии дил, ҳамсарашро талоқ додааст. Ҳамчунин дар Қубодиён соҳиби хона буда, аз оилаи наваш соҳиби чанд фарзанд аст, аммо суди марҳилаи якум ба ин ҳолати кор баҳои ҳуқуқӣ надода, бармаҳал ҳалнома қабул кардааст."

Додгоҳи олӣ дар қарори худ ҳамчунин гуфтааст, суди марҳилаи кассатсионӣ низ камбудиву хатоҳои додгоҳи марҳилаи аввалро нодида гирифта, бе далел ҳалномаро бетағйир гузоштааст. Аммо Додгоҳи олӣ дар ин қарор шарҳ надодааст, ки чаро худи ин ниҳод низ қаблан барои маскун кардани Сафар Маҳмадуллоев дар манзили ҳамсари собиқаш иҷозат дод.

Мард аз ниҳодҳои давлатӣ мадад хост

Сафар Маҳмадуллоев мегӯяд, аз якбора бекор шудани чанд қарори додгоҳҳо ҳайрон мондааст ва “аз қарору таъиноти зиддунақиз” розӣ нест. Ҳоло ӯ дар як муроҷиаташ аз чанд ниҳоди давлатӣ, аз ҷумла дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, ду палатаи порлумон ва шаҳрдори Душанбеву раиси Додгоҳи олӣ хостааст, ба мушкили ӯ расидагӣ кунанд.

“Бигзор, аз тамоми ниҳодҳо биёянд ва аз нав ин қазияро санҷанд. Собит мекунам, ки кӯдакро ман калон кардам ва он чӣ дар қарори охири Додгоҳи олӣ оварда шудааст, асос надорад. Ба назари ман, шояд раиси Додгоҳи олӣ аз ин чиз хабар надорад ё ба таври дигар ба ӯ фаҳмонида шудааст”, -- гуфт ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Марди маскун аз туҳфаи амири Дубай маҳрум мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Туҳфаи шайхи Дубай “ҷанҷолӣ” шуд

Баҳс бар сари маскун кардани мард дар хонаи ҳамсари собиқаш аз он шуруъ шуд, ки Фаришта Ғаниева мегӯяд, “вақте духтарамро таваллуд кардам, бемории модарзодии дил дошт ва шавҳарам инро фаҳмида моро партофт ва ёрие накард".

Ҳоло ин модар дар пайи содир шудани қарори Додгоҳи олӣ талош дорад, барои берун кардани шавҳари собиқаш аз ин манзил ба додгоҳ муроҷиат кунад. Маҳмадуллоев баръакси иддаои ҳамсараш мегӯяд, дар рӯзҳои душвор дар паҳлӯи ӯ ва духтари бемораш буда, тамоми кӯшишро кард, то фарзандаш ҷарроҳии қалб шавад.

Ҳоло ҳам, ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз маскун шуданаш дар ин манзил аз худ кардани хона нест, балки мехоҳад аз кӯдаконаш ҷудо набошад ва дар тарбияи онҳо саҳм гирад. Зеро бовар дорад, ҳамсараш “фарзандонро ба танҳоӣ нигоҳубин карда наметавонад.”

Гузориш аз моҳи гузашта:

Даъвои марди тоҷик барои хайри Амири Дубай
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00

Баҳси адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон

Бекор шудани қарори додгоҳҳо аз сӯи Додгоҳи олӣ бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон додгоҳҳо шохаи саввум ва мустақили ҳокимият ба ҳисоб мераванд, шикоят аз кори онҳо ва риоят нашудани адолат зиёд аст.

Коршиносон мегӯянд, заъфи додгоҳҳо дар ин аст, ки далелҳои айбдоркунандаи давлативу вакили дифоъро таҳлил карда наметавонанд, аксаран таҳти таъсири мақомоти тафтишотӣ қарор мегиранд ё аслан ба таҳқиқи хусусӣ даст намезананд.

Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Мақомот пайваста мегӯянд, ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон риоят шуда, адолати додгоҳӣ ҳам дар кишвар вуҷуд дорад. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар нишасти охири хабариаш дар моҳи феврали имсол назарҳоро дар бораи набудани адолати додгоҳӣ “гапи хушку холӣ” номид ва гуфт, “дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ва ба пуррагӣ таъмин аст.”

Мақомот мегӯянд, даъво аз рӯйи қарорҳои додгоҳӣ, ки сокинон онро “ноадолатӣ” мехонанд, табиӣ аст, чун дар аксар ҳолат ҳарду тарафро розӣ карда наметавонад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дарёфти адолат солҳои охир дар Тоҷикистон ба маротиб мушкилтар шудааст. Дар ин пасманзар тағйири ҳукмҳои пешина барои додхоҳон умедворкунанда шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG