Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳанӯз духтарро “моли мардум” медонанд? Саломат мегӯяд, “бале”. ВИДЕО


Саломат мегӯяд, шавҳараш барои таваллуди духтар ӯро тарк кард.
Саломат мегӯяд, шавҳараш барои таваллуди духтар ӯро тарк кард.

Саломат рӯзҳои наздик бояд тифл таваллуд кунад. Ӯ ва шавҳараш интизор доштанд, ки тифли батнаш писар аст, вале се ташхис маълум кард, ки ӯ соҳиби духтари сеюм мешавад.

Ӯ гуфт, баъди шунидани ин хабар шавҳараш ӯро бо ду духтари хурдсол танҳо гузошт ва гуфтааст, дигар хоҳиши зиндагии муштаракро надорад.

Чаро шавҳар Саломатро тарк кард?

Ҳаким, шавҳари Саломат дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтаҳои ҳамсарашро рад кард ва афзуд, сабаби ҷудошавии онҳо таваллуди духтар не, балки баҳси хонаводагии онҳо аст. Вай мегӯяд, ки ба духтаронаш кӯмак мекунад, аммо ҳамсараш кӯмакҳои ӯро "нодида" мегирад. "Ман бори охир духтаронамро пеш аз иди Навруз дида будам, ҳатто то се моҳи пеш якҷоя бо онҳо зиндагӣ мекардем. Вале ҳоло намедонам онҳо дар куҷо иҷоранишин ҳастанд. Чун вақте занг мезанам, ҳамсарам ҷой зисташонро маълум намекунад".

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Дар Тоҷикистон ҳанӯз духтарро “моли мардум” медонанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Саломат Раҷабоваи 34-сола сокини шаҳри Бохтар аст ва мегӯяд, аз шавҳари аввал бо як писар ҷудо шуда, се соли пеш бори дуюм издивоҷ кард ва якбора соҳиби ду духтар, Фотима ва Зуҳро шуд. Баъди таваллуди дугоникҳояш муносибати шавҳар бо ӯ сард шуд ва хост барояш писар таваллуд кунад.

Ин навбат низ ташхис тифли батни ӯро духтар нишон дод ва ӯ иддао дорад, ки маҳз натиҷаҳои ташхиси охир сабаби аз ҳампошии хонавода гардид.

Саломат, сокини Бохтар
Саломат, сокини Бохтар

Ҳоло ӯ дар яке аз маҳаллаҳои канори Душанбе иҷоранишин аст. Зиндагии худу се фарзандашро аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва фуруши коғазу зарфҳои пластикӣ пеш мебарад. Ин зан мегӯяд, аз шавҳари аввал бо дахолати хушдоман ва аъзои хонаводаи онҳо бо як писар ҷудо шуда буд ва шавҳари дуюм ӯро бо писараш ба ҳамсарӣ қабул кард. “Гуфта буд, ки розӣ аст, писарамро ҳамчун фарзанди худаш қабул кунад. Шавҳарам ба он хотир бо ман оиладор шуд, ки ба гуфтаи худаш, табибон гуиё гуфта буданд, ки имкони фарзанддор шудан дар ӯ камтар аст, зеро беморӣ дорад”,--нақл кард ӯ.

"Моли мардум" хондани духтарон кам шудааст?

Даст кашидани мардон аз ҳамсару фарзандони худ дар пайи таваллуди духтар, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мавзуи нав нест ва борҳо расонаӣ шудааст. Бо он ки дар чанд соли ахир назари ҷомеа ба духтардорӣ тағйир мехӯрад ва ин раванд кам ба назар мерасад, вале ҳанӯз хонаводаҳое ҳастанд, ки ба хотири надоштани писар аз ҳамсарони худ ҷудо мешаванд. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон духтарро “моли мардум” медонанд. Ба бовари бархе хонаводаҳо мард саробони хонавода ва нерӯи асосии корӣ ҳисоб мешавад. Аз ин рӯ, маъмулан ба таваллуди писар бартарият медиҳанд ва мехоҳанд, ки нисбат ба духтар писари бештар дошта бошанд.

Абдумудассир Аҳмадзода, рӯзноманигор
Абдумудассир Аҳмадзода, рӯзноманигор

Абдумудассир Аҳмадзода, рӯзноманигоре, ки бештар дар масоили хонаводагӣ матлаб менависад мегуяд, ҳарчанд, духтарбезорӣ пас аз ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, вале “то ҳанӯз дар зеҳни аксар хонаводаҳо ин чиз ҷой шудааст, ки духтар дуюмдараҷа аст”.

“Вақте худи занҳо фарзанди дуюмашонро ҳам духтар таваллуд мекунанд, аз зиндагӣ норозӣ мешавад ва медонанд, ки шавҳарон дар ин ҳолат нисбати онҳо бетаваҷҷӯҳ мешаванд. Шавҳарон дар навбати худ занонро ба он гунаҳкор мекунанд, ки чаро духтар таваллуд кардӣ. Дар ҳоле ки ҳам дар Қуръон ва ҳам илми тибби муосир собит шудааст, ки таваллуди духтар, ё писар аз зан ҳеҷ бастагӣ надорад”,--гуфт Аҳмадзода.

“Бартарӣ ба ҷинси фарзанд камхирадист”

Абдуалим Норасов, сардори Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Душанбе мегӯяд, бартарӣ додан ба ҷинси фарзанд нишони камхирадист.

“Худованд ҳар касеро, ки хост духтар ҳадя мекунад ва ин бузургтарин неъмати илоҳӣ аз ҷониби баъзе ноҷавонмардҳо қадр карда намешавад. Инҷо ду сабаб аст: паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва коста будани маърифати маънавӣ”,--шарҳ дод ӯ.

Ба бовари ин донишманди тоҷик аз оне ки кӯдак дар оянда обрӯйи волидонашро ҳифз мекунад, ё на аз тарбия вобаста аст ва кам нестанд писароне, ки зиндагии волидон ва наздиконашонро талху торик кардаанд ва зиёданд духтароне, ки бештар аз мардҳо ба волидон хизмат кардаанд.

Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ чанде аз роҳгузарон гуфтанд, бояд ин ақида, ки зан ё духтар ба истилоҳ "моли мардум" аст, қабл аз ҳама аз зеҳни падарон, тоза карда шавад. Чун ба таъкиди онҳо, маҳз мардон, ки сардори оилаанд, метавонанд бо як тасмим худ қолабҳои шахшуда дар хона ва ҷомеаро тағйир диҳанд. Аз ҷумла, Саидҷон як ҳамсуҳбати мо гуфт, “ҳамон мардоне аз таваллуди духтар дар хонавода норозӣ ҳастанд, ки худашон дар ҷавонӣ ё тамоми умр бо духтарони мардум муносибати бад доштаанд ва фикр мекунанд, ки оянда духтари онҳо ҳам чунин мешавад”.

Бархе ҳам гуфтанд, духтардорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон кори осон нест ва агар мабодо ӯ пас аз издивоҷ хушбахт нашавад ва баъди аз ҳампошии оила ба хонаи волидон баргардад, боиси сархамии падару бародарон мешавад.

"Бо духтарам ифтихор мекунам"

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки афзоиши занҳои муваффақ дар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои ахир тафаккури бартарии ҷинсӣ дар хонаводаҳоро бо оҳистагӣ аз байн мебарад. Ҳарчанд ҳанӯз ҳам дар хонаводаҳои мазҳабӣ, ки маъмулан муҳофизакоранд, бартарии писарҳо эҳсос мешавад.

Аз сӯи дигар, дар ҷомеаи Тоҷикистон падароне, ки бо доштани духтар ва аз истеъдоду бартариҳои онҳо ифтихор мекунанд, зиёданд. Чанд соли ахир Сандуқи нуфусшумории Созмони Миллали Мутаҳҳид дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маъракаи умумиҷаҳонии “16 рӯз бар зидди хушунат” озмуни беҳтарин падарҳоро баргузор мекунад, ки аз доштани духтар ифтихор доранд. Ҳадаф аз ин озмунҳоро масъулинаш намоиши мавқеи мусбати падарон дар кӯмак ба амалисозии имкониятҳои рушди духтарон ва ҳалли мушкилоти онҳо арзёбӣ мекунанд.

Бар асоси омори расмӣ 51 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занону духтарон ташкил медиҳанд. 48 дарсади коргарон дар Тоҷикистон занонанд ва наздики як миллион зани хонашин ба сар мебаранд, ки аз 25 то 54 сол доранд.

Ҳоло Саломат мегӯяд, барои таваллуди тифли батнаш омода мешавад, чун ба гуфтаи табибон, бояд ҷарроҳӣ шавад. Ин зан гуфт, мушкиливу асабоният ӯро бемор кард ва пизишкон низ ба ӯ тавсия доданд, таваллуди ӯ бояд аз роҳи ҷарроҳӣ сурат бигирад. Саломат гуфт, ба хотири ин ки бо шавҳараш никоҳи расмӣ надорад, то ба додгоҳ кашондани қазия барояш мушкил аст. Дар ҳоли ҳозир талоши ин зан танҳо солим ба дунё овардани тифли батнаш аст ва намедонад дар оянда сарнавишти худу фарзандонаш чӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG