Пайвандҳои дастрасӣ

"Ман бо духтарам ифтихор мекунам": Барандаи озмуни СММ эълон шуд


Давлаталӣ Шарифов, як сокини шаҳри Душанбе барои иншои беҳтарин дар бораи чаҳор духтари донишҷӯяш барандаи ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид шуд.

Ҷоизаи Бунёди нуфусшумории СММ ба ин падари хушбахт рӯзи 24-уми ноябр дар Душанбе дар маросими натиҷагирӣ аз озмуни "Ман бо

Мубориза бо хушунат ва зӯроварӣ алайҳи занону духтарон аз оила шуруъ мешавад

духтарам ифтихор мекунам" супурда шуд. Ин озмун дар чаҳорчӯби маъракаи байналмилалии “16 рӯз бар зидди хушунат”, ки қарор аст рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ҳам шурӯъ шавад, баргузор гардид.

Бунёди нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид бо анҷоми озмуни "Ман бо духтарам ифтихор мекунам" исми 8 падареро эълон кард, ки дар бораи духтарони худ иншо навишта, аз бартарӣ ва истеъдоди онҳо қисса кардаанд. Ин озмун моҳи июл эълон шуд ва шоми 24 ноябр ҷамъбаст гардид.

"Намешавад бо чунин духтарҳо ифтихор накард"

Давлаталӣ Шарифов, падари чаҳор духтар дар иншои худ дар мавзӯи “Ман бо духтарам ифтихор дорам” аз духтарони донишҷуёяш тавсиф карда навиштааст, таҳсили онҳо дар гуруҳҳои буҷавии чаҳор донишгоҳи олии Тоҷикистон барояш ифтихор аст.

"Чаҳор духтарам, ки бо дониши худ шомили донишгоҳ шудаанд, одобу рафтори намунавӣ дошта, эҳтироми волидону калонсолонро шиори худ медонанд. Намешавад бо чунин духтарони босаводу номбардори падар ифтихор накард", - нигоштааст Давлаталӣ Шарифов.

Дар баробари Давлаталӣ Шарифов даҳҳо падари дигар низ аз хислату орзуҳои духтарони худ қисса карда ва онҳоро мояи ифтихори худ донистанд. Ба нақли масъулони озмун, таваҷҷуҳи онҳоро бештар иншои ҷолибу хонданӣ ва ҳам ғамангези падаре ҷалб кард, дар бораи духтараш, ки аз ятимхона гирифтаву бузург кардааст, тасхир кард. Ин падар нигоштааст, ки “мехоҳад тамоми ҳастиашро барои тарбияи духтараш бахшад”. Аммо ба гуфтаи масъулони озмун, ин падар исрор кардааст, ки намехоҳад исмаш ифшо шавад.

Андешаи "духтар - моли мардум аст" ҳамоно побарҷост

Бо он ки дар чанд соли ахир назари ҷомеа ба духтардорӣ тағйир мехӯрад, вале ҳанӯз хонаводаҳое ҳастанд, ки ба хотири надоштани писар аз ҳамсарони худ ҷудо мешаванд, духтарро моли мардум медонанд ва ҳеҷ гоҳ барои таҳсилу илмомӯзии духтарони худ сармоягузорӣ намекунанд.

Аммо Нуралӣ Хоркашов, як сокини дигари Душанбе, ки соҳиби ду духтар аст, мегӯяд, ин андешаҳо моли асри 17 аст. Ин падар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 24 ноябр гуфт, бо он ки хонаводаи онҳо зиндагии миёнаҳол доранд, аммо ҳеҷ гоҳ аз кумак ба духтаронаш. ки мехоҳанд илм омузанд ва дар ҷомеа мавқеъ дошта бошанд, даст накашидааст. Ба гуфтаи ӯ духтараш Ҳусноро Хоркашова ҳоло дар баробари таҳсил дар синфи 11, алакай як омӯзгори ҳирфаӣ ҳаст, ки ба хоҳишмандони омузиши забони англисӣ дарс мегуяд. Ин падар аз он ифтихор мекунад, ки духтари босавод тарбият кардааст ва фардо барои ҷомеа як нафари манфиатовар хоҳад шуд.

Масъулони озмуни "Ман бо духтарам ифтихор мекунам" ҳам мегуянд, падар дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, аз ин хотир бо ин роҳ мардони ҷомеаро ташвиқ мекунанд, ки дар пуштибониву дастгирии духтаронашон дар таҳсилу кор фаъолтар бошанд.

Азиза Ҳамидова, роҳбари дафтари Бунёди нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аллакай дар соли дуюми ин чорабинӣ эҳсос мешавад, ки падароне, ки мехоҳанд барои баланд бардоштани мавқеи духтаронашон дар ҷомеа кумак кунанд, бештар мешавад. Ҳамидова гуфт, имсол ба озмунҳои иншо ва суратҳои беҳтарин дар мавзӯи “Ман бо духтарам ифтихор дорам” бештар аз 100 матн ва ҳудуди 600 акси ирсол шуд.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт бо интихоби ин мавзӯъ талош кардаанд, падаронро дар ташвиқи духтаронашон барои таҳсилу илмомӯзӣ пуштибонӣ кунанд.

20 дарсади занон дар Тоҷикистон мавриди хушунат қарор мегиранд

Пратибҳа Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар ин чорабинӣ гуфт, аз ҳар панҷ зан як нафар дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди хушунати ҷисмонӣ ё равонӣ қарор мегирад. Ба гуфтаи Пратибҳа Меҳта, хушунату зуроварӣ нисбати занон, имкон намедиҳад, ки занон тавоноии худро истифода карда барои таҳсили пешрафта дастрасӣ пайдо кунанд. Вай гуфт, "мубориза бо хушунат ва зӯроварӣ алайҳи занону духтарон аз оила шуруъ мешавад”.

Риёзидонҳои наврас Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева ҳам дар ин маросим қадрдонӣ шуданд
Риёзидонҳои наврас Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева ҳам дар ин маросим қадрдонӣ шуданд

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки афзоиши занҳои муваффақ дар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои ахир тафаккури бартарии ҷинсӣ дар хонаводаҳоро бо оҳистагӣ аз байн мебарад. Ҳарчанд ҳанӯз ҳам дар хонаводаҳои мазҳабӣ, ки маъмулан муҳофизакоранд, бартарии писарҳо эҳсос мешавад. Аммо Нуралӣ Хоркашов, падари ду духтар мегӯяд, ин бартарӣ замоне хотима меёбад, ки нақши хонавода, аз ҷумла падарон дар пуштибонии духтарони худ бориз бошад.

Бар асоси омори расмӣ 51 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занону духтарон ташкил медиҳанд. 48 дарсади коргарон дар Тоҷикистон занонанд ва наздики як миллион зани хонашин ба сар мебаранд, ки аз 25 то 54 сол доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG