Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мактаб – ба комиссариати ҳарбӣ. Омӯзгорони ҷавон мегӯянд, аз "сарбозшикор" эмин нестанд. ВИДЕО


Даъват ба маҷлис ё даъват ба артиш?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Даъват ба маҷлис ё даъват ба артиш? Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Дар баробари аспирантҳову магистрантҳо, баъзе аз омӯзгорони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон низ аз шеваи нави даъват ба артиш (аз маҷлис – ба комиссариати ҳарбӣ) шикоят доранд.

Омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 8-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барои он ки маҷбурӣ ба артиш набаранд, панҷ рӯз боз ба назди шогирдон ба дарс нарафтааст. Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, сафи довталабони хидмати сарбозӣ зиёд аст ва то ҳол дар бораи ҷалби маҷбурӣ шикоят нагирифтаанд.

“Муаллимаҳоро ҷавоб дода, муаллимҳоро бурдаанд”

Ҳамсуҳбати мо, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, мегӯяд, рӯзи севуми апрел ӯ ва ҳамкорони дигари ҷавонашро барои ба комиссариати ҳарбӣ бурдан ба маҷлис даъват кардаанд.

"Ҳама ба маҷлис рафтанд. Як шинос гуфт, фикр мекунам, дар ин вақт маҷлис кардан мумкин нест, чунки дарс ҳаст. Аз ин рӯ, ба маҷлис нарафтам. Баъд фаҳмидам, ки дар онҷо муаллимаҳоро ҷавоб дода, муаллимҳоро ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд", -- нақл кард ӯ.

Ҳеҷ кас мухолифи ба хизмати аскарӣ даъват намудани ҷавонон нест, вале бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад...
Аз номаи фаъолон ба раиси ҷумҳурӣ

Даъвати баъзе аз омӯзгорони ҷавон ба артиш бо шеваҳои нав ба қавли мусоҳиби мо “ба кору нақшаҳояшон таъсир гузоштааст”. Ӯ гуфт: "Кори илмиямонро бояд менавиштем, ба китобхона рафтан зарур аст. Дар хона нишаста, коре аз дастамон намеояд, душвор аст."

Рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нав "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" оғоз шуд. Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз шурӯи ин маърака, шикоятҳо аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш ва ё "сарбозшикор" бо шеваҳои нав садо медиҳад.

“Аввал даъватнома, баъд...”

Чанд рӯз пеш иддае аз магистрони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳоро барои ширкат дар маҷлис даъват карданд, вале аз толори маҷлис иҷборӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намуданд.

Баъзе аз ҳуқуқшиносон чунин рафтори мақомотро нодуруст мешуморанд.

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик, гуфт, ҳарчанд ба қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ тағйирот ворид шудааст, тартиби даъвати ҷавонон ба мисли солҳои пешина аст, яъне аввал бояд даъватнома фиристанд. Ӯ гуфт, "аз толори маҷлис бурдани омӯзгорону магистрантҳо ба комиссариати ҳарбӣ хилофи қонунгузориҳои кишвар аст. Аз чунин амал ҷавонон метавонанд, ба мақомоти додситонӣ шикоят баранд".

Хонаводаи баъзе аз ҷавонон борҳо таъкид кардаанд, ки пеш аз ҷалби фарзандонашон ба артиш, ба онҳо даъватнома фиристода намешавад ва замоне аз даъвати онҳо хабардор мешаванд, ки писарашон алакай дар комиссариати ҳарбӣ қарор дорад.

“На шикоят гирифтем, на муроҷиат”

Дар посух Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа, гуфт, "вақте ба ҷавонон даъватнома фиристода мешавад, бояд ҳатман ҳозир шаванд. Як мушкил ин аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ҷойи зисти худро иваз мекунанд, вале дар ҷойи нав сабт намекунанд. Ин ҳам риоя накардани талаботи қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ аст."

Ӯ айни замон афзуд, “ҳоло корҳо дар доираи маъракаи ҷалби ҷавонон ба хидмат муташаккилона идома доранд. Ҳеч шикоят ва ё муроҷиат аз ҳолатҳои ба истилоҳ "облава" нарасидааст."

Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маъмури гуруҳи “Ахбор барои афкор”, дар номае, ки зери он садҳо корбари Фейсбук имзо гузоштаанд, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳад, “то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад”.

Дархост аз раиси ҷумҳурӣ

Дар нома гуфта шудааст, “ҳеҷ кас мухолифи ба хизмати аскарӣ даъват намудани ҷавонон нест. Вале бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад (ҳар сол чандин ҷавону волидонаш аз ҷиҳати равонӣ саломатии худро аз даст медиҳанд), имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад.”

Вакилони порлумон дар охири моҳи январи имсол тарҳи нави қонун дар бораи хидмати ҳарбиро қабул карданд. Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. То ҳанӯз маблағи хидмати ҳарбӣ эълон нашудааст.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд, вале ҳар дафъа масъалаи ҷалби ҷавонон ба артиш мушкил мемонад.

Мақомот мегӯянд, вазъ дар муқоиса ба солҳои пеш беҳтар шудааст ва ҷое барои нигаронӣ нест, вале сокинон пайваста аз нобаробарӣ, шароити номусоид дар қисмҳои ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо сарбозон шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG