Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба маҷлис даъват карданду ба артиш бурданд." Шикоятҳо аз шеваи нави "сарбозшикор" пас аз қабули қонуни нав. ВИДЕО, САДО


Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. 6-уми апрели 2021
Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. 6-уми апрели 2021

"Моро ба маҷлис даъват карданд. Гуфтанд, ки намояндагони порлумону вазоратҳои мудофиа ва адлия омада, муҳтавои қонуни навро "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" мефаҳмонанд, аммо аз толор ба мошинҳо савор карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурданд."

Моро огоҳ накарданд, ба хонаамон даъватнома нафиристоданд. Дирӯз аз телефони писарам паёмак омад, ки “маро аз донишкада қапиданд, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино оварданд.
Дилбар Тоирова

Ин нуктаро яке аз магистрони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт. Ӯ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ҳамин тавр, аз толори маҷлис иҷборӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуданд, вале ӯ аз комиссияи тиббӣ нагузашт.

"Мо фикр кардем, ки як ҷаласаи маъмулӣ аст, лекин дар охир фаҳмидем, ки фиреб хӯрдаем. Маҷбурӣ гирифта, ба мошинҳо бор карданд. Ҳарчанд вазъи саломатиям хуб нест ва инро ба масъулони даъвати ҷавонон ба артиш мефаҳмондам, вале ба назар намегирифтанд. Танҳо пас аз анҷоми ташхиси тиббӣ маро ҷавоб доданд", -- нақл кард ӯ.

Масъулони донишкада: Ҷаласа аз пеш маълум буд

Бинои Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
Бинои Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нав "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" оғоз шуд. Бо шурӯи даъвати имсолаи ҷавонон ба хидмат, нахустин шикоятҳо низ аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш ва ё "сарбозшикор" садо медиҳад, ҳарчанд гуфта мешуд, қонуни нав ин мушкиолро аз байн мебарад.

Рӯзи 6-уми апрел дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон гуфтанд, онҳо маҷлисро на ба хотири ҷалби иҷбории магистрҳо ба артиш баргузор карда буданд. Як мақоми донишкада ба Радиои Озодӣ гуфт, маҷлиси рӯзи 5-уми апрел бо иштироки магистрон аз қабл тарҳрезӣ шуда буд ва дар он муҳтавои қонуни нави хидмати ҳарбиро фаҳмонданд.

Пайвандони Қурбоналӣ Бобомуродов, магистри бахши якуми Донишкадаи фарҳанг ва санъат, ба суханҳои масъулони донишкада бовар надоранд.

Аз маҷлис ба комиссариати ҳарбӣ. Шеваи нави "сарбозшикор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

“Писарам навишт, ки ӯро ба комиссариат бурдаанд”

Дилбар Тоирова, модари Қурбоналӣ, рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: "Фарзандамро на барои фаҳмондани муҳтавои қонун, балки барои бурдан ба хидмат ба маҷлис даъват кардаанд. Моро огоҳ накарданд, ба хонаамон даъватнома нафиристоданд. Дирӯз аз телефони писарам паёмак омад, ки “маро аз донишкада қапиданд, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино оварданд”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Наздикони магистрҳо аз сарбозшикор нороҳат шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Намояндагони Донишкадаи фарҳанг ва санъат тасдиқ карданд, ки пас аз анҷоми маҷлис гурӯҳе аз магистронро ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурдаанд. Дар донишкада ҳозир нашуданд, дар назди дурбину микрофон суҳбат кунанд.

“Онҳоеро, ки ду фарзанд ё беморӣ доштанд, ҷавоӣб додем”

Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои Душанбе аз суҳбат дар бораи шеваи даъвати магистрон ба артиш худдорӣ карданд. Танҳо як намояндаи ин ниҳод бе зикри номаш гуфт, “баъзе аз магистронро баъди овардан ба ин ҷо бо далели доштани ду фарзанд ва ё вазъи саломатияшон ҷавоб додем.”

Мусоҳибон дар посух ба ин пурсиш, ки чаро магистрон ҳангоми таҳсил ё маҷлисе аз донишкада ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд, кӯтоҳ посух дод, ки “супориш аст ва тибқи қонун ҷалби онҳо дуруст аст”.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, рӯйхати магистрон аз сӯйи ин донишкада ба масъулони даъвати ҷавонон ба артиш пешниҳод шудааст.

Сабти аудиоӣ: Дар ҷаласа чӣ гуфтанд?

Як сабти аудиоӣ аз ҷаласаи рӯзи 5-уми апрел дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат дастраси Радиои Озодӣ гардид, ки дар он як нафар бо садои баланд дар хитоб ба магистрон мегӯяд:

"Барои тинҷӣ хидмат мекунем. Як магистри Шумо худаш ихтиёран омад, ки бениҳоят обрӯи донишкадаро дар сатҳи боло расонид... Як чиз аст, бачаҳо, ҳозир барои магистрҳо дар берун мошинҳо тайёранд, мешинед, рафта аз комиссияи тиббӣ мегузаред. Кадоме, ки саломатияш соз бошад, ҳеҷ гап не, як сол ба як мижжа задан мегузарад”.

Пас аз ин суҳбат дар сабт номи беш аз 20 нафар хонда мешавад.

Шикоятҳо аз ҷалби магистрон бо шеваҳои гуногун на танҳо аз Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон, балки аз забони баъзе аз магистрони донишгоҳу донишкадаҳои дигар низ садо медиҳад.

“Имтиёз”-е, ки аз магистрантҳо ва аспирантҳо гирифтанд

Имсол магистрантҳо ва аспирантҳо, ба фарқ аз солҳои қаблӣ, "имтиёз" надоранд. Мувофиқи қонуни пешина, онҳо ҳангоми таҳсил ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати сарбозиро доштанд. Бар асоси тарҳи нави қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ адои хидмати яксола барои магистрантҳо ва аспирантҳо низ ҳатмӣ шудааст. Ба иттилои мақомот, чунин афрод, пас аз анҷоми хидмат, имкони идомаи таҳсилро доранд.

Манзура Қурбонова, ҳуқуқшиноси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, гуфт, ҷалби ҷавонон аз бинои донишгоҳҳо ба артиш «мухолиф ба қонунгузориҳои Тоҷикистон мебошад». Ӯ рӯзи 6-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «тибқи қонун ҷавонон бояд танҳо пас аз дарёфти даъватнома ба артиш ҷалб шаванд ва ҳеч ниҳоде ҳақ надорад, онҳоро аз донишгоҳ ба комиссариати ҳарбӣ барад.”

Шикоятҳо аз шеваи ҷалби ҷавонон ба артиш дар ҳолест, ки Вазорати мудофиаи кишвар мегӯяд, тайи 5 рӯзи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, бо фарқ аз солҳои дигар, ба комёбиҳои бештаре ноил гардидаанд.

Сухангӯи вазорат: Нақша 45 дарсад иҷро шуд

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат нақшаи давъат 45 дарсад иҷро шудааст.

Фаридун Маҳмадализода
Фаридун Маҳмадализода

Дар робита ба ҷалби иҷбории магистарнтҳо аз донишгоҳ ва дигар ҳолатҳои даъвати иҷборӣ ё ба қавле “сарбозшикор” ӯ гуфт, “афроде ҳастанд, ки худро дар макони зисташон сабт намекунанд ва талаботи қонунро риоя намекунанд. Дар ниҳоят, кормандони мақомоти умури дохилӣ барои ҳозир кардани чунин шахсон даст ба кор мешаванд.”

Чунин иддаоро пайвандони баъзе аз ҷавонон беасос дониста, мегӯянд, аз кӯчаву мағоза ва ё донишгоҳҳо фарзандонашонро иҷборан ба хидмат ҷалб кардаанд.

Фаридун Маҳмадализода мегӯяд, то ҳол ба унвонии Вазорати мудофиа дар ин маврид шикояте нарасидааст.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳамасола ҳангоми даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “сарбозшикор” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Қонуни нав сабукӣ дод ё мушкилӣ овард?

Вакилони порлумон дар охири моҳи январи имсол тарҳи нави қонун дар бораи хидмати ҳарбиро қабул карданд. Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд.

То ҳанӯз маблағи хидмати ҳарбӣ барои ҷомеа маълум нашудааст.

Тарҳи қонуни нав дар бораи хидмати ҳарбӣ пас аз қабул шудан интиқоду вокунишҳои мухталифро ба миён гузошт. Баръакси интизориҳои баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар тарҳи қонун муҳлати хизмати ҳарбӣ кам нашуд. Пештар намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ пешниҳод доштанд, муҳлати хидмати ҳарбӣ ҳадди ақал то якуним сол карда шавад ва инро яке аз роҳҳои ҳалли мушкил дар артиш медонистанд.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ, ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

XS
SM
MD
LG