Як ҷавони 34-сола, ки бо иттиҳоми таҷовузи ҷияни 4-солааш беш аз 100 рӯз дар боздоштгоҳ буд, баъди озод шудан талош дорад бегуноҳии худро исбот кунад ва омилони шиканҷааш муҷозот шаванд.
Исми Муҳаммадҷон Маҳмадҷонов ба қазияи пурсарусадои таҷовузи кӯдаки 4-сола рабт мегирад. Ӯро соли 2020 пас аз расонаӣ шудани хабари дастарозӣ ба тифле дар Турсунзода, боздошт карданд. Ҳамсари собиқи бародараш аз болои онҳо ба мақомот шикоят бурда иддао кард, ки наздикони шавҳари пешинаш ба номуси духтари хурдсоли ӯ дастдарозӣ кардаанд.
Муҳаммадҷон Маҳмадҷонов, амаки кӯдак, ки чанде пеш озод шуд, ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, ӯро шиканҷа карданд, то гуноҳи накардаашро ба дӯш бигирад.
"Дастҳоямро қафо карданд, завлонаи пластмасӣ заданд, чунон сахт кашиданд, ки гуфтам "дард кардам". Гуфт кам аст, сахттар кашид, сарам халтаи сиёҳ кашиданд, бастанд, гуфтам ки ман ин корро накардам, гуфтанд, ки "ин корро кардӣ ё не, мо туро мекушем. Ман ҳис кардам, ки ток (барқ) мемонанд, дар ангуштам барқро қариб 3 дақиқа монданд. Қариб беҳуш шудам, дар дигар кабинет мефаҳмидам, ки додарамро барқ мезаданд, дод мезад, ки ман накардам. Баъд ман гуфтам, ки ин корро ман кардам, додарамро раҳо кунед,"-гуфт ин сокини шаҳри Турсунзода.
Мақомот дар бораи шиканҷа шудани Муҳаммадҷон Маҳмадҷонов изҳори назар накардаанд ва аз манобеи дигар тасдиқи гуфтаҳои ин сокини Турсунзода феълан номумкин аст.
Бар зидди Муҳаммадҷон бо иттиҳоми таҷовуз парванда боз карданд, вале баъди муддате аз он даст кашиданд. Дар қарори қатъи парванда гуфта шудааст, ки дар "кирдори ӯ аломатҳои ҷиноӣ дида нашудааст".
Муҳаммадҷон Маҳмадҷонов мегӯяд, ӯро танҳо баъди он озод карданд, ки хоҳари бузургаш бардурӯғ гуфт, бо сабзӣ бакорати бародарзодаи хурдсолашро даридааст.
"Апаи бечораам фаҳмид, ки гуноҳро ба гардан гирифтам, ман зиндон нашавам гуфта, худро дар байн зад, ки гӯё ман сабзӣ задам. Рӯзи аввал, ки ба беморхонаи Қараболои Турсунзода рафтам, янгам бо холаҳову модараш онҷо буданд. Маро диданду апаамро дашномҳои қабеҳ гуфтанд ва гуфтанд, ки ҳамон сабзӣ задаст. Ин гап аз ҳамон ҷо баромад, аз модари янгаам",-мегӯяд Муҳаммадҷон.
Вале М.М, модари духтари 4-сола пештар гуфта буд, бародари шавҳари собиқашро гумонбар медонад. Модари кӯдаки чаҳорсола моҳи августи соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, се сол пеш бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудо шуд, вале "хонаводаи шавҳарам алимент медоданд ва ҳақ доштанд, кӯдаконро бубинанд. Аммаву амакаш рӯзи Иди Қурбон гуфтанд, ба тамошо мебаранд ва ман ҳам розӣ шудам. Як рӯз пас хусури собиқам занг заду гуфт, ки духтарам бемор аст. Рафта дидам, ки бемадор хобидааст ва беист хун меравад. Пизишкон гуфтанд, ба номуси духтарам дастдарозӣ шудааст ва ӯро чаҳор соат чарроҳӣ карданд."
Дар ниҳоят Додгоҳи ноҳияи Сино, Одинахон Ҳайдарова, хоҳари Муҳаммадҷонро барои вайрон кардани бакорати ҷияни хурдсолаш ба 11,5 соли зиндон маҳкум кард.
Мушкил дар ин хонавода баъди он сар зад, ки келини собиқ, духтарашро барои чанд рӯз ба хонаи бобову бибии падарӣ фиристод. Баъдан ба мақомот шикоят бурд, ки хешовандони собиқи шавҳараш ба номуси духтари чаҳорсолаи ӯ таҷовуз кардаанд. Иддаое, ки бобои духтар рад мекунанд.
Абдулҳай Мамадҷонов мегӯяд, наберааш аз замони таваллуд хунравӣ дошт ва он гоҳ-гоҳ такрор мешуд. Ба гуфтаи ӯ, арӯси пешини хонавода барои интиқом гирифтан, ба онҳо туҳмат задааст.
Як пизишки занона ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ дар таҷрибаи чандинсолааш мушоҳида кардааст, ки дар бархе аз духтарони хурдсол ҳам хунравии кӯтоҳ мешавад.
Модари кӯдак мегӯяд, кӯдакаш чунин беморӣ надошт ва ташхис таҷовуз шудани фарзандашро тасдиқ кардааст. Дар ташхис омадааст, ки пардаи бакорати кӯдак даридааст.
Хонаводаи шавҳари собиқи зан мегӯянд, магар имкон дорад, ки хешовандон ба як тифл ва узви хонавода чунин бераҳмиро раво бинанд. Онҳо мегӯянд, талош доранд бегуноҳии худро ба ҷомеа исбот кунанд. Падар мегӯяд, ин қазия тамоми зиндагии оилаи ӯро ба ҳам зад ва ҳамаи фарзандонаш боздошту азият шуданд.
Ҳоло ин хонавода баъди озод шудани Муҳаммадҷон ба сохторҳои мухталиф аз шиканҷа шудан дар боздоштгоҳ шикоят кардаанд. Ӯ вакили дифоъ гирифааст ва мехоҳад исбот кунад, ки бегуноҳ боздошт шуд.
Хабари дастарозӣ ба кудаки 4-сола ҷомеаи Турсунзода такон дода буд ва корбарону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо муроҷиат аз мақомот хостанд, қазия таҳқиқ шавад. Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, бахусус бо ноболиғон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои ин кор аз 2 то 20 соли зиндон ё зиндони якумрӣ пешбинӣ шудааст.
Аҷоиб нақш мебозанд ин мақомдорон нисбати Қарақалпоқиҳо. Дар аввал Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва Қарақалпоқиҳо аз озоди-истиқлолият маҳрум кардан мехоҳанд, мардуми одди аз ҳаққу ҳуқуқи мустақил буданашон дифоъ кунанд, таъсири қувваҳои хориҷи гуфта, шахсони озодихоҳ ва фаъолони ҷамъият ба қатл мерасонанд, гурӯҳи дигарашро боздошту ба маҳкама мекашанд.
Аз Кадом озоду мустакил гап мезанед ? Дар чумхури факат як оила мустакил АСТ . Дигар хама дар хизмат . Конуни чумхуриро инхо дар хочатхонахояшон истифода мебаранд . 30 сол шуд ки бо масхарабози давлат меронанд . Дар Пеши ин чанобон вакто сухан аз мустакили мекунед хандаашон мегирад.
Против режим шино кардан номумкин АСТ дустон !!! Хамаро ин аждахор фуру мебарад . Бечора духтарро чунон психически хамла мекунанд , то шиканад , ва бар зидди Судья баёнот нависад . Радиои озоди худатонро метавонед гам надихед ! Хукми ин Судья кайхо баровардаги !!! Муфаттишон ва пракурор аз Боло фармон гирифтаги , то шикананд ва пушти зиндон равон кунанд одамхои честниро .
Дар Покистон
Хулос сафедкунанда баровардан нисбати айбдоршаванда магар иснод овардан ба шаъну шарафи судя ва баромадан аз хакки ваколати хизматист!