Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар робита ба таҷовузи духтари чаҳорсола дар Турсунзода ду нафар дастгир шуд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар робита ба бадрафторӣ ва дастдарозӣ ба номуси духтари чаҳорсола дар шаҳри Турсунзода ду нафарро дастгир кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр хабар дод, ки онҳо амак ва аммаи духтар ҳастанд. Ҷониби дигари баҳс қаблан иддаои дастдарозӣ ба номуси бародарзодаи худро рад карда, онро "талоши интиқомгирии арӯси пешини хонавода" дониста буданд.

Дар бораи дастдарозӣ ба номуси духтари чаҳорсола ҳанӯз моҳи августи имсол гузориш нашр шуд. Модари духтар чанд дафъа гуфт, ки бо вуҷуди муроҷиатҳои паёпай гумонбарон дастгир нашудаанд.

Хабари Додситонии кул рӯзи 11-уми сентябр, баъд аз як нишаст дар Маҷлиси Миллӣ нашр шуд, ки дар он додситони кул Юсуф Раҳмон низ иштирок дошт. Бино ба иттилои расмӣ, дар нишаст "санҷиши муроҷиати хешовандони духтари таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва ҳодисаҳои дигари ба ин монанд... мавриди баррасӣ қарор гирифт."

Аксаран ба ин гуна нишастҳо намояндагони расонаҳои мустақил роҳ намеёбанд ва тафсилоти он дастрас нест. Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи ҷумъа танҳо аз қавли Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, навишт, "содиршавии чунин амалҳои нангин ва барои мардуми мо бегона, ки хусусан нисбат ба хурдсолону ноболиғон бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зеҳнии онҳо содир карда мешавад... ба саломатии насли наврас таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз зиндагӣ ноумед мегардонад."

Ин масъала дар ҳоле баррасӣ шудааст, ки тайи як моҳ мақомоти давлатии Тоҷикистон ба қазияи таҷовуз шудани духтари чаҳорсола дар шаҳри Турсунзода вокуниш накарда буданд.

М.М., сокини 25-солаи шаҳри Турсунзода, мегӯяд, дар оғози моҳи август ба номуси духтари чаҳорсолааш дастдарозӣ шудааст. Вай дар ин ҳодиса хоҳару бародари шавҳари собиқашро гумонбар медонад.

Модари духтар қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки се сол пеш бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудо шуд, аммо “хонаводаи шавҳар алимент медоданд ва ҳақ доштанд, кӯдаконро бубинанд. Аммаву амакаш рӯзи Иди Қурбон гуфтанд, ки ба тамошо мебаранд ва ман ҳам розӣ шудам. Як рӯз пас хусури собиқам занг заду гуфт, ки духтар бемор аст. Рафта дидам, ки бемадор хобидааст ва беист хун меравад. Пизишкон гуфтанд, ба номуси духтарам дастдарозӣ шудааст ва ӯро чаҳор соат чарроҳӣ карданд."

Ба иттилои ин зан, ташхиси тиббиву додгоҳӣ таҷовуз шудани духтари чаҳорсоларо тасдиқ кардааст, вале тарафи дигари баҳс дастдарозии як намояндаи хонаводаро ба номуси бародарзодааш "туҳмат" номиданд.

Аз ҷумла, аммаи духтар гуфта буд, “хонаводаи келини собиқ хусумат дорад ва бадгӯйӣ мекунанд”. Дар посух ба суоли он ки чӣ гуна кӯдак дар хонаи онҳо "хунрав" шудааст, гуфт: “Вай аз аввал ҳамин хел касал дошт, гурдаҳояш бемор буд ва баъзе вақтҳо чунин мешуд.”

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ду нафари дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ҳастанд.

Як мусоҳиби мо, ки аз ҷараёни таҳқиқи ҳодиса огоҳ аст, рӯзи 11-уми сентябр гуфт: “Дар ҳоли ҳозир нисбат ба аммаи кӯдак бар асоси моддаи “Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст. Амакашро барои 72 соат дастгир кардаанд. Агар таҷовузи духтар аз сӯйи ӯ собит шавад, эҳтимол нисбат ба ӯ бар асоси моддаи "Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" парванда кушоянд.”

Мусоҳиби мо гуфт, ҳоло духтар аз ташхиси равоншиносӣ гузашта, ҳанӯз натиҷаи он эълон нашудааст. Барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба модар ва духтари чаҳорсолаи ӯ ду созмони ҷамъиятӣ изҳори омодагӣ кардаанд.

Масъулони созмони "Ташаббуси ҳуқуқӣ" ва "Корвони умед" гуфтанд, модарро бо вакили мудофеъ таъмин карданд ва алакай ёриҳои дигари ҳуқуқиву равонӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, бахусус бо ноболиғон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои ин кор аз 2 то 20 соли зиндон ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст. Ба ҳисоби созмони "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар як моҳи ахир ин қазияи панҷум аст, ки кӯдакон қурбонии амалҳои шаҳвонӣ ё таҷовузи ҷинсӣ шудаанд.

Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Дар оғози моҳи август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Зиёев, сокини Душанберо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси як тифли сесола ба ҳабси абад маҳкум кардаанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG