Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2009 корро дар радиои "Имрӯз" шуруъ карда, баъдан дар хабаргузории "Тоҷнюс", АМИТ "Ховар" ва радиои "Ховар" идома додааст.
7-уми ноябр аз таъсиси нахустин театр дар Тоҷикистон 91 сол пур шуд. Дар ин даҳсолаҳо театрҳои кишвар шебу фарози зиёдеро паси сар кардаанд. Ҳоло чӣ ҳол доранд?
Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, озмоишгоҳҳои кишвар дар як шабонаруз тавони ташхиси аз сеюним то чаҳор ҳазор нафар гумонбар ба сирояти коронавирусро доранд.
Як сокини 39-солаи шаҳри Душанбе пойи равону дасти гиро ва забони гӯё надорад, аммо зеҳни тезаш ӯро аз муҳтоҷӣ ва дастнигарӣ раҳондааст. Хуршед Давлатбеков мегӯяд, ҳар моҳ мунтазири 180 сомонӣ (тақрибан 18 доллар) нафақаи маъюбӣ наменишинад, балки тиҷорати хурдеро ба роҳ мондааст.
Дар ин видео бо зиндагии як ҷавони маълули тоҷике ошно шавед, ки мегӯяд, ҳеҷ гоҳ намехоҳад, бекор биншинад.
Дар ҳоле ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз афзоиши истихроҷи ангишт хабар медиҳад, болоравии қимати ин навъи сӯзишворӣ сокинонро нигарон кардааст. Ба иллати пандемия ва баста будани роҳҳо, даромади хонаводаҳо кам шуда, омодагии онҳоро ба фасли сармо бо мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Ҳар рӯзи шанбеи сеюми моҳи октябр дар ҷаҳон рӯзи хушдоманҳост. Дар Тоҷикистон назарҳо дар бораи онҳо яксон нест.
Ҳар рӯзи шанбеи сеюми моҳи октябр дар ҷаҳон рӯзи хушдоманҳост. Дар Тоҷикистон назарҳо дар бораи онҳо яксон нест. Иддае хушдоманҳоро барои беэҳтиромӣ ва ҷабр ба келинҳо танқид ва бархеи дигар барои ҳимояташон аз оилаҳои ҷавон ситоиш мекунанд.
Сокинони маҳаллаҳои Сохтмочиён ва Кӯчабоғ дар Ҳисор аз фаъолияти як коргоҳи истеҳсоли асфалт дар канори деҳаашон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, дуди ғализе, ки аз корхона берун мешавад, хонаҳояшонро пур аз гард ва ба саломатиашон хатар эҷод кардааст.
Дар ноҳияи Ҳисор сокинони ду маҳаллаи наздик ба маркази шаҳр аз олудагии ҳавои маҳаллашон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, медонанд, вале пандемияи COVID-19 монеъи ҳалли мушкилӣ шудааст.
Пандемияи COVID-19 вуруди саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистонро камтар ва ҳоли ширкатҳои саёҳиву меҳмонхонаҳоро бад кардааст. Намунае аз онро дар ин видео бубинед.
Бахши сайёҳии Тоҷикистон, ки солҳои ахир мақомот бештар аз рушди он суҳбат мекарданд ва ба ояндаи хуби он умед доштанд, дар давраи пандемия зарбаи сахт дидааст.
Мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ роҳи беҳтари ба зиндагии маъмулӣ баргардонидани ноболиғони зиндонишударо ҷустуҷӯ доранд.
Қимматгул Сафолова баъд аз марги шавҳар бо як писар танҳо монд ва солҳо боз зиндагии фақирона дорад. Шуғли муайян надорад ва барои дарёфти рӯзӣ дар хонаи сокинон кор мекунад. Гоҳе дигар ҳамсояҳо ба ӯ ва фарзандаш ёрӣ мекунанд.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегуяд, натиҷаҳои интихоботро қабул надорад, зеро он ғайриқонунист. Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, 7 соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон, яке аз давраҳои мушкилтарини ӯ мешавад.
Аз дороиву нодорӣ, вазъи саломатӣ ва пайравӣ ба дин аз суолҳоест, ки масъулони ба рӯйхатгириии аҳолӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон мепурсанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи ситодҳои интихоботии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон рафтанд ва бубинед, чӣ диданд.
Дар Тоҷикистон 7 хонаи пиронсолон ҳаст, ки дар онҷо беш аз ҳазор шахси маъюбу солманд зиндагӣ мекунанд. Бархе аз онҳоро наздиконашон дар айёми пириву дастнигарӣ танҳо гузоштаанд, бархеи дигар бехонаву дар мондаанд.
То замони баргузории интихоботи президентӣ 18 рӯзи дигар мондааст. Ин нахустин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар шароити пандемияи COVID-19 ва нигарониҳо аз густариши бемории ҳамагир баргузор мешавад.
Ёфтҳои бештар