Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Кӯдак ҳамеша кӯдак аст”. Роҳи ноболиғи зиндонӣ пас аз озодӣ куҷост?


Боздошти як ноболиғ барои содир кардани ҷиноят. Акс аз навори Вазорати корҳои дохилӣ

Мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ роҳи беҳтари ба зиндагии маъмулӣ баргардонидани ноболиғони зиндонишударо ҷустуҷӯ доранд.

Даврон, шаш соли пеш ҳамроҳи гурӯҳе аз ноболиғон, ки мақомот онҳоро душвортарбия меноманд, барои ҳамлаву латукуби як тоҷир ва дуздии маблағҳои ӯ се сол зиндонӣ шуд. Ӯ он замон хонандаи синфи ҳашт буд.

Вақте аз маҳбас берун омад, ҳамсолонаш алакай мактабро хатм карда буданд.

ЧӢ КАРДАНД, КИ ДАВРОН БОЗ ҶИНОЯТ НАКУНАД?

Волидон ба хотири он ки писарашон дубора пой ба кучаи ҷиноят нагузорад, ҳуҷҷатҳояшро ба омузишгоҳи техникӣ супориданд. Модари Даврон дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш баъд аз се соли таҳсил ҳоло дар як ширкати хусусӣ кор мекунад.

“Ман фикр кардам, ки агар ин корро накунем, ӯ ҳаминхел нафари нолозим барои ҷомеа мешавад. Ҳуҷҷатҳояшро дуруст кардем ва ҳамчун нафаре, ки то синфи ҳашт хондааст, ба омӯзишгоҳ дохил кардем. Ӯ аз ин кораш пушаймон аст. Солҳои аввали берун шудан аз зиндон барояш дар кӯча гаштан осон набуд. Лекин мо гуфтем, туро мо дастгирӣ мекунем ва ҳарчӣ буд, гузашт, аммо ояндаи худатро соз”-нақл кард модари Даврон.

“КӮДАК ҲАМЕША КӮДАК АСТ”--ФИЛМ БАРОИ ТАРБИЯИ НАВРАСОН

Барои ба зиндагии шоиста баргардонидани ноболиғоне мисли Даврон ё кудакони дар низоъ бо қонун, ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Тоҷикистон як филми интерактивиро руи навор овардааст.

Ин филм бо номи “Кӯдак ҳамеша кӯдак аст” таҳия шуда, дар он зиндагии наврасе намоиш дода мешавад, ки баъд аз раҳо шудан аз муассисаи ислоҳӣ чи гуна ба зиндагии маъмулӣ бармегардад. Мӯҳтавои филм он аст, ки агар волидон ва ҷомеа аз ин гурӯҳи наврасон рӯй гардонида, ӯро тарк намоянд, онҳо умед ва бовариашонро аз даст медиҳанд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Вазорати адлия гуфт, ҳадаф аз таҳияи филми кутоҳ нишон додани зиндагии як ноболиғест, ки чӣ гуна сарнавиштии ӯ баъд аз берун шудан аз зиндон ба волидон ва ҷомеа бастагӣ дорад.

“Бисёр вақт ин гуруҳи кӯдаконе, ки аз зиндон мебароянд, бо онҳо ҳамчун як зиндонӣ рафтор мешавад, ки онҳоро дубора ба кучаи ҷиноят мебарад. Дар ҳоле ки бо онҳо меҳрубонӣ кард ва барояшон беҳтарин имкони зиндагиро фароҳам кард, албатта ӯ ба зиндагии беҳтар бармегардад”,-гуфт ӯ.

Ин филм дар ҳоле таҳия шудааст, ки мақомоти тоҷик аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон нигаронӣ мекунанд.

873 ҶИНОЯТ ДАР 6 МОҲ

Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам дар нишасти ахири хабарии ин ниҳод аз вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 873 ҷиноят содир кардаанд.

“Бартараф кардани чунин зуҳуроти ташвишовар танҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ марбут набуда, балки аҳли ҷомеаро зарур аст, ки аз худ фаъолияти созанда нишон диҳанд”-афзуд ӯ.

Ба бовари ҷомеашиносон сабаби аслии даст ба ҷиноят задани аксари наврасон ниёзмандиҳои моливу иқтисодии дар хонаводаашон аст.

САБАБ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ?

Таҳлилгарон мегӯянд, агар дар миёнаҳои солҳои 1990-ум ҷанги дохилӣ сабаби афзоиши шумори наврасони хиёбонӣ шуда бошад, ҳоло муҳоҷирати кории волидон, сабаби афзоиши ингуна наврасон мешавад.

Волидоне, ҳам ки фарзандони нобилиғи онҳо чанд соли умри худро паси панҷара гузаронидаанд ё мегузаронанд, мегуянд, бархурди мақомот низ метавонад онҳоро барои якумр аз зиндагӣ дилсард кунад. Модаре, ки чанд моҳи пеш писари ноболиғашро барои одамкушӣ даҳ сол равонаи зиндон карданд, гуфт: “Писари ман дар маҳбас аст ва боз дар ин ҳолат нисбати ӯ парвандаи дигаре боз кардаанд. Бубинед, дар ин ҳолат ӯ чигуна ислоҳ мешавад? Ӯ дигар ин муносибатро дида ҳатто метавонад дар дохили зиндон ҳам ҷиноятҳои дигар содир кунад”.

35 НОБОЛИҒ ДАР ЗИНДОН

Дар Тоҷикистон як маҳбас барои ноболиғон вуҷуд дорад ва ҷинояткорони ноболиғ бо ҳукми додгоҳ ба ин зиндон интиқол меёбанд.

Теъдоди маҳбусони хурдсол дар зиндон 35 нафар гуфта мешавад. Мақомот мегӯянд, ноболиғонро замоне ба муассисаи маҳрумият аз озодӣ интиқол медиҳанд, ки ҷиноятҳои сангин содир карда бошанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон низ мактаб ва омӯзишгоҳҳое махсусе дорад, ки дар онҳо умдатан бачаҳои душвортарбия таълим мегиранд.

Дар назди Вазорати корҳои дохила низ қабулгоҳ-тавҳилгоҳҳо амал мекунанд, ки махсус барои ноболиғон созмон ёфтаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин муассисаҳо низ даҳҳо мушкил доранд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳам соле пеш дар гузориши солонаи худ аз набуди равоншинос дар чунин мактабҳо изҳори нигаронӣ карда буд. Ваколатдор гуфта буд, санҷишҳо дар муассисаҳои нигаҳдории кӯдакон ва ҳамчунин мактабҳои махсуси кӯдакони душвортарбия ошкор кардааст, ки дар онҳо ҳатто мақоми равоншинос вуҷуд надорад.

"БАЧА ПАС АЗ ЗИНДОН БА КУҶО БАРГАРДАД?"

Ҷомеашиносон мегӯянд, аксари ин ноболиғон аз назари равониву ҷисмонӣ бемор ҳастанд ва барои ислоҳи онҳо бояд аз хизмати расоншиносон истифода кард.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ба зиндагии шоиста баргардонидани кӯдакони дар низоъ бо қонун имконпазир аст, аммо кори дастаҷамии мақомот бо ҷомеаро тақозо мекунад.

“Мушкилтарин чиз ин аст, ки бача баъди зиндон ба куҷо бармегардад, боз ҳам ба ҳамон оилаи носолим ё ҷои дигар. Барои ҳамин вақти тулонӣ зарур аст, ки чунин як ноболиғ ба зиндагии маъмулӣ баргардад”,-гуфт ӯ.

Дар акси ҳол ба бовари ин ҷомеашинос маҳдуд шудани муошират, камбуди меҳру навозиш, самимияту эҳтироми калонсолон метавонад, наврасонро дубора ба яъс ва каҷроҳа барад. Равоншиносон машварат медиҳанд, ки барои ба зиндагии маъмулӣ баргардонидани ноболиғони душвортарбия бояд қабл аз ҳама муҳити хонаводагӣ ва ҷомеаро барои онҳо омода кард. Баъдан мешавад умед баст, ки ин гуруҳи ноболиғон мисли Даврон дубора ба зиндагии маъмулӣ бармегарданд ва барои ҳамсолони дигар намуна мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG