Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз дороиву нодорӣ то пайравӣ ба дин. Дар Тоҷикистон аҳолиро ҳисоб мекунанд


Акс аз барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010

Аз дороиву нодорӣ, вазъи саломатӣ ва пайравӣ ба дин аз суолҳоест, ки масъулони ба рӯйхатгириии аҳолӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон мепурсанд.

Саодатмоҳ Раҷабова, сокини 47 солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳафтаи гузашта аз ӯ дар бораи сатҳи биноиву шунавоӣ ва пайравиша ба дину мазҳабро пурсиданд.

"АЪЗОИ ХОНАВОДАИ ШУМО ДАР РУСИЯ ҲАСТ?"

Ӯ мегӯяд, фикр кард, ки шояд феҳристи афроди дорои маъюбият таҳия мешавад, вале бароияш гуфтаанд, ки ин маъракаи нуфусшуморӣ аст ва бояд сатҳи солимии ҷомеа низ муаян карда шавад.

“Дар дасташон планшет буд ва як-як ҷавобҳои маро онҷо пур мекарданд. Суолҳо бисёр, ҳатто дар бораи дар Русия будан ё набудани аъзои хонавода, пайравӣ ба кадом дин ва ҳаминхел аз вазъи саломатии аҳли оила пурсиданд”,-гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон аз баргузории маъракаи баруйхатгирии аҳолӣ дар кишвар хабар додаанд, ки аз 1-ум то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

27 ҲАЗОР НАФАР БА ҲИСОБИ АҲОЛӢ ҶАЛБ ШУДААНД

Ба фарқ аз даҳ соли пеш, ин навбат дар нуфусшумории аҳолӣ, суолҳои зиёде аз сокинон пурсида мешавад, ки мисли Саодатмоҳ аксаран ҳайрон шудаанд.

Бартарии ин нуфусшуморӣ шеваи электронӣ аст, ки шаҳрвандон метавонанд мустақиман дар он ширкат кунанд.

Дар саршумори навбатии аҳолӣ пайравони динҳои мухталиф ҳам ҳисоб карда хоҳанд шуд.

Инчуинин солимии аҳолӣ, аз ҷумла сатҳи биноӣ, шунавоӣ, фаромушхотирӣ пурсида мешавад, ки дар солҳои қабл дида намешуд.

Масъулини Оҷонсии омори Тоҷикистон дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин маълумотҳо барои тарҳрезии сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тақсимоти буҷа, таъйини ҳавзаҳои интихоботӣ ба кор меравад. Онҳо гуфтанд, ки барои шумориш, ки то миёнаҳои ҳамин моҳ идома мекунад, 27 ҳазор нафар ҷалб шудаанд.

“Инҳо кормандони муваққатӣ ҳастанд, ки баъди иҷрои вазифа ва уҳдадориҳояшон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба онҳо пардохти яквақтаина дода мешавад”,-навишта шудааст, дар посухи Оҷонсии омор.

ДАР ДАҲ СОЛ ЯК БОР

Дар Тоҷикистон маъмулан дар даҳ сол як бор Оҷонсии омор дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои дохиливу хориҷӣ аҳолии кишварро рӯйхат мекунад. Иттифоқан дар соли 2020 дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон саршумори аҳолӣ ҷараён хоҳад ёфт.

Бо баргузории он давлатҳо шароити демографии худ, теъдоди аҳолӣ аз лиҳози синнусол, зичии аҳолӣ дар минтақаҳои муайян, даромади хонаводаҳо ва дороии онҳоро дақиқ мекунанд.

Аз ҷумла дастрасии сокинон ба фанновариҳои навини мухобиротӣ ба мисли интернет, моҳвора ва телефонҳои ҳамроҳ таҳқиқ мешавад.

Мақомот мегӯянд, маъракаи баруйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон бо кумаки беш аз ду миллион доллари Русия анҷом шуда ҳамчунин Хазинаи Нуфуси СММ (ЮНФПА) ба Оҷонсии омор, масъули ин маърака 420 планшет, 100 адад ноутбук ва 80 адад принтер кумак кардааст.

Масъулини Оҷонсии омор гуфтанд, барӯйхатгирии аҳолӣ дар се шакли ба даст овардани маълумот роҳандозӣ шудааст: “Саволномаҳо дар шакли қоғазӣ, асосан дар деҳоти кишвар истифода шуда, пурсишҳои тавассути интернет ва планшетҳои махсуси электронӣ дар шаҳрҳо гузаронида мешаванд”.

НАЗАРИ СОКИНОН БА ШУМОРИШИ АҲОЛӢ

Сокинон аз шеваи пурсишҳо нигаронӣ мекунанд.

Диловар, як сокини ноҳияи Сино гуфт: "Омаданд ва фақат дар бораи чанд нафар будани аъзои оила ва доштани маълумоти олӣ суол карданд. Дигар чизе напурсиданд. Баъдан варақаҳои пурсишро дар интернет пайдо кардам, ки онҷо суолҳои зиёде ҳаст. Шояд масъулон онҷо аз номи худашон дар бораи мо ба суолҳо посух менависанд. Агар ин ҳолатҳоро ба назар гиред, аҳолӣ шояд нодуруст ҳисоб шавад”.

Мақомот мегӯянд, натиҷаҳои пешакии ин нуфусшуморӣ то охири семоҳаи якуми соли 2021 аниқ карда мешаванд.

Натиҷаҳои ниҳоӣ дар давоми солҳои 2021-2023 коркард, нашр ва паҳн карда мешавад. Маъракаи ба рӯйхатгирии аҳолӣ ҳар даҳ сол як бор баргузор мешавад.

Оморҳо шумораи аҳолии кишвар дар соли 1999-ро бештар аз 6.3 миллион нишон дода буд.

Ба гуфтаи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, интизор меравад шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2025 ба 11.8 миллион бирасад

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG