Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихроҷи ангишт зиёд шуд ва нархаш ҳам боло рафт


Кони ангишти Шӯроб дар Исфара. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳоле ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз афзоиши истихроҷи ангишт хабар медиҳад, болоравии қимати ин навъи сӯзишворӣ сокинонро нигарон кардааст. Ба иллати пандемия ва баста будани роҳҳо, даромади хонаводаҳо кам шуда, омодагии онҳоро ба фасли сармо бо мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

Шоинбек Шодиев, як сокини деҳаи Виткони Мастчоҳ, мегӯяд, бо шурӯи фасли сармо нархи ангишт ҳам дар конҳои ноҳияи Айнӣ гарон шудааст. Ба гуфтаи вай, сокинон дар минтақаҳои дурдасту баландкӯҳ, аз ҷумла, дар Кӯҳистони Мастчоҳ то охири баҳор хонаҳоро бо ин навъи сузишворӣ гарм мекунанд ва онҳоро зарур аст, дар ин мавсим то ду тонна ангишт захира кунанд.

"Агар соли гузашта як халта ангишти 25-килоӣ то назди хона 13 сомонӣ мешуд, ҳоло 21 сомонӣ аст. Имсол бо сабаби коронавирус мардум ба Русия ҳам нарафту пул ҳам надорад, аз куҷо пайдо мекунем", -- мегӯяд ӯ.

Ҳоло арзиши як кило ангишти истеҳсоли худӣ то 80 дирам ва ангишти қирғизӣ то ду сомонӣ аст. Сокинон мегӯянд, арзиши ин навъи маводи сӯхт нисбат ба як соли пеш аз 50 то 70 дирам боло рафтааст.

Нигаронии сокинон аз болоравии нархи ангишт дар ҳолест, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, истихроҷи ангишт дар нӯҳ моҳи ахир беш аз 1,5 миллион тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 ҳазор тонна зиёд аст. Ба гуфтаи вазорат, саҳми ширкатҳои давлатӣ дар истихроҷи ин миқдор ангишт 59.6 ва ширкатҳои хусусӣ 40.4 дарсад будааст.

ЧАРО НАРХ БОЛО РАФТ?

Мақомот гуфтанд, корхонаҳое, ки ангиштро аз зери замин истихроҷ мекунанд, як тона маҳсулоташон аз 187 то 603 сомонӣ арзиш дорад. Аммо арзиши ангиштсанги истихроҷшуда аз конҳои боз аз сад то 330 сомонӣ будааст.

Масъулини вазорат сабаби болоравии арзиши ин навъи сузишвориро ба чанд омил рабт доданд. Аз ҷумла, дар посухи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфта шудааст, ки "арзиши асосии ангишти истихроҷшаванда дар корхонаҳои соҳа асосан ба тағйирёбии қимати воситаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётӣ, сузишворӣ, равғанҳои техникӣ ва маводҳои тарканда бастагӣ дорад. Бо назардошти тағйирёбии арзиши онҳо, арзиши аслии ангишти истеҳсолшаванда низ тағийр меёбад".

Вале мақомот мегуянд, дар самти дарёфти роҳи таъмини аҳолӣ ба ангишт бо нархҳои дастрас "Тоҷикматлубот" метавонад иқдом намояд.

Аз сӯи дигар, фурӯшандагон сабаби гарон шудани нархи ангишти ватаниро ба бештар шудани талабот дар корхонаҳои калони истеҳсолӣ медонанд. Онҳо мегуянд, ангишти истихроҷшуда асосан ба Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, инчунин корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва ташкилотҳои будҷавӣ фурӯхта мешавад.

Ба асоси омори расмӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва барои таъмини Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 интиқоли бештар аз як миллион тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. То охири моҳи август мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ба МБГ-2 зиёда аз 680 ҳазор тонна ангишт интиқол дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳар шабонарӯз дар кишвар аз 8 то 11 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мегардад, ки дар он саҳми корхонаҳои назди конҳои ангишти "Фон-Яғноб" ва "Зиддӣ" бештар аст.

БАРТАРӢ БА АНГИШТИ ҚИРҒИЗӢ

Дар Тоҷикистон сокинон ба фарқ аз ангиштсанги худӣ ба ангишти қирғизӣ бартарӣ медиҳанд. Онҳо мегуянд, барои тӯлонитар гарм нигоҳ доштан, ин навъи сӯзишвориро мехаранд. Аммо он ҳам гарон шудааст.

Сабоҳат Алиева, сокини ноҳияи Восеъ мегуяд, ҳар килограм ангишсангро 1 сомонию 50 дирам харидорӣ мекард, ҳоло нархи он то ду сомонӣ расидааст. Аммо фурушандаҳо боло рафтани ангшитсанги қирғизиро ба боло рафтани нархи ҳамлу нақл рабт медиҳанд.

Қирғизистон аз кишварҳоест, ки дар бозори содироти ин навъи сузишворӣ ба Тоҷикистон пештоз аст. Ба асоси омори расмӣ, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон 13,5 ҳазор тонна ангишт ворид шудааст.

Масъулини вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфтанд, ангишти Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот мегардад ва тибқи омори расмӣ, соли ҷорӣ ба Покистон ва Узбакистон ҳудуди бештар аз ду ҳазор тонна ангишт содир кардааст.

Мақомот гуфтанд, ин рақам нисбат ба соли гузашта бинобар маҳдудиятҳои КОВИД-19 қариб панҷ маротиба коҳиш ёфтааст. "1,8 ҳазор тонна ба Покистон ва 300 тонна ба Узбекистон содирот шудааст",-гуфтанд дар ин вазорат ба Радиои Озодӣ.

АНГИШТ- МАВОДИ СӮХТИ АЛТЕРНАТИВӢ

Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон ҳудуди се миллиард тонна будааст. Дар Тоҷикистон дар фасли сармо, ба ҷуз аз шаҳрҳои асосӣ, дар нуқоти дигари кишвар гоҳу ногоҳ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад ва сокиноне, ки дар ҳавлӣ зиндагӣ доранд, барои гарм кардани хонаҳояшон аз маводи сӯхтии алтернативӣ, назири ангиштсанг, истифода мекунанд.

Аз сӯи дигар, соҳибназарон мегӯянд, истифодаи камтари ангиштсанг барои гарм кардани манзил барои ҳифзи муҳити зист судовар аст. Зеро, дар пайи сӯхтани ангиштсанг дудҳои зарарнок вориди фазо шуда, ба гармшавии иқлим таъсиргузор мешавад. Ҳамзамон, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳодисаҳои аз дуди ангишт ҷон бохтани теъдоде аз сокинон сабт мешавад ва соли ҷорӣ низ аз ин ҳодисаҳо истисно нест.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG