Аз соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе кор мекунад. Соли 1993 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. Дар гузашта хабарнигори нашрияҳои "Самак", "Нигоҳ" ва хабаргузории TojNews буд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс", дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Хабарнигор мегӯяд, ҳодиса шоми 11-уми май, замоне ки аз фурӯшгоҳ ба хона бармегашт, иттифоқ уфтод.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз ин ниҳод талаб кард, ки посухи чанд суоли муҳимро аз Вазорати тандурустӣ пурсад.
Баъд аз баҳсҳои зиёд дар бораи будан ва ё набудани коронавируси нав дар Тоҷикистон, мақомот рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти вирус дар кишварро расман эълон карданд.
Як бахши шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, ба гуфтаи мақомот, аз беморони илтиҳоби шуш пур шудааст. Дар паси дари бахши 5-уми бемористон навиштаанд, ки "Беморхона муваққатан бемор қабул намекунад".
Намояндагии расмии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба таҳқиқи "ошӯби" муҳоҷирон дар як боздоштгоҳи ин шаҳр оғоз кардаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони "Советӣ Як") дар Душанбе 319 нафар бо гумони бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуданд. Ба иттилои мақомот, то имрӯз 11 нафар фавтида, 107 кас шифо ёфтаанд.
Генерал Абдулло Ҳабибов, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки шаби 24-уми апрел дар шаҳри Душанбе даргузашт, ба хок супурда шуд.
Мақомоти вазорати тандурустӣ дар як ҷаласаи бархат ё онлайнӣ ба раҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва беҳдоштӣ дастур додаанд, барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон сахттар кунанд.
Дар ростои сафари як ҳайати махсуси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон намояндаи он дар Душанбе натиҷаҳои кори ташхисгоҳи Ковид-19-ро зери шубҳа қарор дод.
Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки писари донишҷӯяш Фаррухҷон Зокировро "облава" карда, бо фишор аз ӯ баёнот гирифтаанд, ки "маро бо хоҳиши худам аз донишгоҳ хориҷ кунед". Мақомот чунин ҳолатро рад мекунанд ва мегӯянд, касе ба ин ҷавон фишор наовардааст.
Пайвандони Озарахш, шоири шинохта ва сармуҳаррири маҷаллаи "Паёми Суғд", гуфтанд, ки ӯ субҳи 21-уми апрел, пас аз чанд рӯзи беҳушӣ, ба худ омадааст. Пизишкони бемористони Шайх Бурҳон бемории ӯро илтиҳоби шуш ё пневмония ва ҳамсараш, адибаи маъруф Фарзонаро сармохӯрдагӣ ташхис кардаанд.
18 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақозо кардаанд, ки ба суолҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба коронавирус посух диҳад.
Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, ба як соли зиндон маҳкум шуд.
Ба мурофиаи рӯзноманигор Далер Шарифов, ки рӯзи 15-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модараш роҳ ёфтанд. Тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, паси дар монданд.
Дастикам 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, ки дар миёнашон муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Мақомот мегӯянд, ягон ҷойи ба воҳима афтодан нест, чун дар Русия ҳазорон нафар мубталои коронавирусанд.
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус назоратро дар марз бо Қирғизистон сахттар карда, ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро зери заррабин гирифтанд. Ҷое, ки дар як тарафи кӯча Тоҷикистон ва дар тарафи дигар Қирғизистон воқеъ аст.
Як ҳавопаймои "Сомон Эйр" субҳи 8-уми апрел аз Душанбе ба Мюнхени Олмон парвоз кард. Масъулони ширкат гуфтанд, асосан шаҳрвандони хориҷиро ба Аврупо бурданд, вале ошкор накарданд, ки ҳавопаймо ҳангоми бозгашт киҳоро меорад.
Тоҷикистон дархости як вакили мудофеи хориҷиро барои ҳимоят аз ҳуқуқи Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), генерали зиндонӣ ва фармондеҳи пешини Горди президентиро рад кардааст. Мақомот гуфтаанд, қонунҳои Тоҷикистон фаъолияти вакилони хориҷиро дар кишвар, ба ҷуз аз баҳсҳои иқтисодӣ, иҷозат намедиҳад.
Парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фиристодаанд. Дар назар аст, рӯзҳои наздик мурофиа шуруъ шавад, аммо ҳанӯз санаи дақиқи он маълум нест.
Ёфтҳои бештар