Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон мегӯяд, дар марз тирпаронӣ шуд. Тоҷикистон бехабарӣ мекунад


Яке минтақаҳои Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон.

Мақомоти Қирғизистон дар бораи тирпаронии нав дар марз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои онҳо, шаби 1-уми июн афроди номаълум гӯё аз сӯйи Тоҷикистон ба тарафи як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ҳол қазияро шарҳ надоданд. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 2-юми июн дар Фейсбук хабари расонаҳои Қирғизистонро дар бораи тирпарронӣ "яктарафа ва шубҳаангез" хонд.

Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, тирпаронӣ тахминан соати 1:20-и шаб дар минтақаи Эки-Таши ноҳияи Бодканд рух дод. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, "афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯи як мошини шаҳрванди 38-солаи Қирғизистон, ки аз роҳи Уш-Исфана мегузашт, аз силоҳи шикорӣ оташ кушоданд".

Дар изҳороти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфта мешавад, дар ин ҳодиса шаҳрванди ин кишвар захми сабук бардошта, дар бемористони деҳаи Самарқандак бистарӣ карда шудааст.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ҳаммарз бо Бодканд, дар Фейсбук навишт, ки "ҷониби Тоҷикистон алоқамандии шаҳрвандони худро ба ҳодисаи мазкур пурра рад мекунад".

Сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар марз бо Қирғизистон ҷойгир шудааст, мегӯянд, тирпарониро нашуниданд. Ҳадди ақал панҷ сокини Чоркӯҳ рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шаби гузашта вазъият ором буд ва садои тир ба гӯши онҳо нарасидааст.

Икромҷон, сокини Чоркӯҳ гуфт, мошинҳои шаҳрвандони Қирғизистон аз наздикии деҳаи Сомониён мегузаранд, вале ба қавли ӯ, "дишаб тинҷ буд ва вазъият мисли пештара аст. Ягон тирпарониро нашунидем".

Як мақом дар ҳукумати Исфара бе зикри номаш гуфт, шаби гузашта аз ҷониби Тоҷикистон "ягон ҳодисаи тирпаронӣ набуд. Аз ҷониби мо тир мекушоданд, ҳамсояҳо беҷавоб намемонданд."

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Turmush"-и Қирғизистон се акси як нақлиёти "Хундай Портер"-ро пахш кардааст, ки дар он осори тир дида мешавад. Аммо ин акс дар торикӣ гирифта шуда, маълум нест, то куҷо шаби 2-юми июн дар марз ба сӯи он оташ кушода шуд.

Дар як ҳафтаи ахир ин дувумин хабари тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, ки пахш мешавад. Ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро ба оташкушоӣ муттаҳам карда буданд. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май дар як изҳорот гуфт, Соатбек Бахтибоев, шаҳрванди Қирғизистон ба сӯи Шукрона Шарофова, сокини 25-солаи ҷамоати Чоркӯҳ оташ кушод.

Ҳарчанд дертар Соатбек Бахтибоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ин гуфтаи ҷониби Тоҷикистонро рад кард. Вай гуфтааст, то нимарӯзи 27-уми май дар хонаи ҷиянаш, начандон дуртар аз ҷойи ҳодиса буд, вале афзудааст, ягон силоҳ надорад ва ба даст силоҳ ҳам нагирифтааст.

Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, вазъият рӯзи 2-юми июн дар марз муътадил буда, кормандони милиса ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ҳар сари чанд вақт шоҳиди муноқиша миёни сокинони наздимарзӣ мешавад, ки баъзан марзбонон низ ба он ҳамроҳ мешаванд. Ҷанҷолу тирандозӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда марз барои обу замин ва чарогоҳ гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG