Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз 25 июн шаҳрвандонашро "бо навбат" аз Русия бармегардонад. ВИДЕО, САДО


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки аз 25-уми июн шаҳрвандонро "бо навбат" аз Русия ба ватан бармегардонанд. Дар пайи густариши бемории коронавируси нав садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дармонданд ва ҳукуматро танқид карданд, ки дар аҳди коронавирус онҳоро ба ҳоли худ гузоштааст. ​

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 19-уми июн гуфт, шаҳрвандонро бо ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” меоранд.

Ба қавли манбаъ, дар навбати аввал "ба қишрҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷўён ва нафарони ҳамроҳ, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хидматӣ дар Русия дармондаанд, бартарӣ дода мешавад."

Парвозҳо, ба қавли мақомот, аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ба Тоҷикистон сурат мегиранд.

Ба иттилои мақомот, муҳоҷирон барои номнавис шудан дар ин парвозҳо бояд ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа муроҷиат кунанд.

Тоҷикистон баъди 25 июн шаҳрвандонашро "бо навбат" аз Русия меорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

"Билетҳоро аз куҷо бояд харид?"

Бо нашри хабари оғози парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон муҳоҷирони зиёде пурсиданд, ки билетҳоро аз куҷо бигиранд?

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, дар посух гуфт, билетҳо барои парвозҳои чартерӣ танҳо дар нуқтаҳое фурӯхта мешаванд, ки мақомот муайян кардаанд. Сафир мегӯяд, "баъд аз онки рӯйхатҳоро тартиб медиҳем, як рӯз пеш аз парвоз муайян мекунем, ки аз кадом фурудгоҳ рафта, билетҳоро бигиранд. Хариди билетҳо танҳо аз рӯи рӯйхат иҷозат аст. Мо инро эълон мекунем. Барои ҳамин ягон касса, ягон шахс ҳуқуқи фурӯхтани чиптаҳоро надорад."

Сафири Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ ба Русияро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
Линки мустақим

Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам дар иттилоияе гуфт, дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия, "комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, вазифаи онҳо тартиб додани рўйхати шаҳрвандоне мебошад, ки бояд ба Ватан баргардонида шаванд."

"Бинобар ин, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, то муроҷиатҳои худро ба суроғаи charter-russia@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ фиристанд. Маълумот оид ба рӯзҳои парвоз бо назардошти мувофиқа бо ҷониби Русия ва гирифтани иҷозати мақомоти авиатсионии ин давлат иловатан пешниҳод карда мешавад,” - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Мақомоти шумори парвозҳои чартерӣ ва нархи билетҳоро нашр накардаанд. Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, теъдоди парвозҳо баъд аз тасдиқи ҷониби Русия эълон хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Имомиддин Сатторӣ, парвозҳои чартерӣ то замони шуруъ шудани парвозҳои доимии ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Русия идома мекунанд.

Нархи билетҳо ҳанӯз дақиқ нашудааст ва мақомоти тоҷик мегӯянд, агар ҳавопаймҳо аз як тараф холӣ равад мумкин аст қимати билетҳо гаронтар шавад.

Мақомот гуфтанд ҳоло маълум нест ки ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Русия холӣ мераванд ё мусофир мебаранд. Имомиддин Сатторӣ гуфт, онҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар сурати ризояти Русия метавонанд шаҳрвандони ин кишварро аз Тоҷикистон ба ватанашон интиқол диҳанд. Русия ба ин дархост то ҳол вокуниш накардааст.

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд ва ҳукумат қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон интиқол доданд. Аммо қисми бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки аксаран муҳоҷиронанд натавонистанд ба ватан баргарданд. Бархе муҳоҷирон ҳукуматро танқид карданд, ки онҳоро дар шароити вазнини пандемия ба ҳоли худ гузоштааст. Дар ин миён даъватҳое ҳам садо дод, ки беҳтар аст муҳоҷирон то беҳтар шудани вазъияти вобаста ба COVID-19 аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс кай маълум мешавад. Мақомот гуфтанд, баъд аз моҳи июн масъаларо баррасӣ мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (216)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG