Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи мақомот ва ширкатҳо ба муҳоҷирон: То охири июн парвози доимӣ намешавад


Акс аз бойгонӣ
  • Парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон кай оғоз мешавад?
  • Сарҳадҳоро кадом рӯз мекушоянд?

Садҳо муҳоҷири тоҷик ин шабу рӯз ба ин суолҳо посух меҷӯянд. Ҷавоби мақомоти расмии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақрибан як аст: то охири моҳи июн парвозҳои доимӣ шуруъ намешавад ва баъд аз он машварат мекунанд, ки парвозҳоро чӣ гуна ва кай ба роҳ монанд.

Муборизи 28-сола чаҳор моҳ пеш барои табобат ба Русия рафта буд. Мебоист давоми ду моҳ ҷигарашро дармон карда, моҳи апрел ба Тоҷикистон баргардад, аммо густариши бемории ҳамагир марзҳоро баст ва Мубориз дар Русия дармонд.

Ин сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, бо сабаби беморӣ наметавонад кор кунад ва пардохти маблағи иҷора ва харидани хӯрокворӣ барояш мушкил аст.

"Намедонам пули хонаи иҷораро аз куҷо ёфта супорам. Бачаҳо барои билет маблағ ҷамъ карданд, аммо ҳамон билет ҳам нест, ки харида, ба Тоҷикистон равам", - гуфт ӯ.

Ба монанди Мубориз ин шабу рӯз нафарони зиёде ба Радиои Озодӣ тамос гирифта, мепурсанд, ки парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс кай оғоз мешавад? Хабари шуруъ шудани парвозҳои ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” ва “Туркиш Эйрлайнз” бисёриҳоро бовар кунондааст, ки парвозҳо ба Тоҷикистон низ оғоз шуд, аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ин бора ҳоло суҳбат кардан барвақт аст.

Рӯзи 16-уми июн дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ягон ширкати ҳавопаймоӣ феълан иҷозаи парвозҳои доимиро надорад. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, танҳо Ситоди муқобила бо коронавирус метавонад дар бораи оғози парвозҳо тасмим бигирад. Ин кор ҳам ба гуфтаи масъулин, танҳо баъди ба эътидол омадани вазъияти вобаста ба коронавирус дар кишварҳои минтақа имконпазир аст.

Намояндагони чанд ширкати ҳавопаймоӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то рӯзи 30-юми июн ба истиснои парвозҳои махсус ё чартерӣ парвозҳои доимӣ амалӣ намешаванд. Аз ҷумла, масъулони намояндагии ширкати "Ют Эйр" гуфтанд, фазои Тоҷикистон ва Русия феълан бастааст ва то рӯзи 30-юми июн ҳавопаймоҳои онҳо парвозе анҷом нахоҳанд дод.

"Агар ҳукумати Русия ё Тоҷикистон фазоро кушоянд, ҳавопаймоҳои ширкат парвозро шуруъ мекунанд. Мо омода ҳастем, ки пагоҳ парвоз кунем, аммо ин кор аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ вобаста аст", - афзуд намояндаи ширкати “Ют Эйр” дар Душанбе.

Ҳамин нуктаро намояндагони ширкати “Уралские авиалинии” ва “Узбекистон ҳаво йуллари” низ баён доштанд. Як масъули намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, оғози парвози ҳавопаймоҳои ширкат дар Узбекистон дуруст аст, аммо ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳанӯз Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо иҷозат надодааст ва онҳо ҳаққи ба Душанбе парвоз кардан надоранд.

Ҳамагуна хабар дар бораи парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия ё баръакс дар миёни муҳоҷирон хуш қабул мешавад. Чун садҳо нафар мехоҳанд аз Тоҷикистон ба Русия раванд ё аз онҷо ба ватан баргарданд.

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд ва ҳукумат қисме аз онҳоро бо парвозҳои махсус ба Тоҷикистон интиқол дод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG