Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Раҳмон хостанд, нагузорад, ки касе барои пахши ахбори "ғалат" ҷазо гирад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз моҳи марти 2020
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз моҳи марти 2020

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хост, ки тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо накунад. Дар ин тағйирот барои пахши "ахбори ғалат" дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Манзур аз "ахбори ғалат" чист ва онро чӣ гуна муайян мекунанд, маълум нест. ​Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муроҷиатномае гуфтаанд, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад.

Маҷлиси Намояндагон 10-уми июн тарҳеро қабул кард, ки бар асоси он барои пахши ахбори, ба гуфтаи мақомот, ғалат дар бораи коронавирус дар расонаҳо ва Интернет ҷарима муқаррар мешавад. Мунтақидон онро "зарбае ба озодии баён" медонанд, вале мақомот мегӯянд, "ҳадаф пешгирӣ аз пахши ахбори носаҳеҳ аст".

17 созмони ҷамъиятӣ ва рӯзманонигорони мустақил рӯзи 23-юми июн дар муроҷиатномае ба раисҷумҳур муқаррар кардани ҷазо барои пахши "ахбори ғалат" нигаронӣ карданд. Дар зери нома Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, НАНСМИТ, Нотабене, Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, “Азия Плюс”, "Машварати расонавӣ", “Хома” ва дигарон имзо гузоштаанд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва аъзои палатаи болоии порлумон ҳам хостанд, ки аз қабули тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ худдорӣ кунанд.

Ҷазо барои пахши "ахбори ғалат" аз сӯи Маҷлиси Намояндагон қабул шуда, баъди тасвибаш аз сӯйи Маҷлиси Миллӣ ва ризояти раисҷумҳур ба иҷро медарояд. Дар назар аст, рӯзи 26-уми июн Маҷлиси Миллӣ дар иҷлосияи худ тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кунад.

Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтаанд, ворид кардани чунин банде ба қонун метавонад вазъи бе ин ҳам мушкили озодии суханро дар кишвар бадтар созад, "сензура ва худсензураро миёни идораҳои ВАО, рӯзноманигорону ҳимоятгарони ҳуқуқ афзоиш диҳад ва дастрасии аҳолиро ба иттилоот оид ба паҳншавии бемориҳои хатарнок маҳдуд намояд".

"Тағйирот метавонад чун баҳона барои таъқиб ва ба ҷавобгарӣ кашидани на танҳо расонаҳо ва рӯзноманигорон, балки фаъолони ҷамъиятӣ низ хидмат намоянд", - омадааст дар муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Мақомот чунин нигарониҳоро беасос медонанд. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳеч гуна саркӯб кардани шахсони озодандеш нест, балки пеш аз ҳама пешгирии бемории COVID-19 аст. Мардум ҳарчӣ тезтар аз ин беморӣ шифо ёбанд ва фазо дар муҳити Тоҷикистон хуб шавад, то кор пеш равад."

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз коршиносон тахмин мезананд, ки муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсире ба тасмими ҳукумат намегузорад. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, рӯзи 23-юми июн гуфт, вазъияти пешомада як фурсати муносиб барои назорат кардани афкори ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот аст.

"Бисёр аз шахсоне, ки дар бораи коронавирус менависанд, метавонанд дар асоси ин қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар Русия аллакай ҳамин гуна қонун вуҷуд дорад ва чанд бор ҳам истифода карданд. Корбурди чунин қарорҳо хеле ба манфиати давлатҳо аст", - таъкид кард Муллоҷонов.

Пеш аз ин Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар изҳороте гуфт, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирус "ба озодии баён осеб мерасонад". Масъулини созмон гуфтанд, шарҳи норӯшани он метавонад барои поймол шудани ҳуқуқи журналистон барқасдона истифода шавад.

Тоҷикистонро солҳо боз барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG