Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 чизи донистанӣ дар бораи ҷазо ва ҷаримаҳои нав дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Ниқобҳои тиббӣ

Дар Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри ахбори носаҳеҳ дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин карданд.

Бино ба тағйироте, ки рӯзи 10-уми июн ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, сокинонро барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мебанданд.

Паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ҳабсро дар пай дорад.

Барои пахши ахбори ғалат дар бораи короновирус шахсони алоҳидаро аз 580 то 1160 сомонӣ ва расонаҳоро аз 8700 то 11600 сомонӣ ҷарима мекунанд.

Манзур аз "ахбори ғалат" чист ва онро чӣ гуна муайян мекунанд, маълум нест. Рӯзноманигорон инро "талоши бастани даҳони мардум ва расонаҳо" номиданд.

Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигор ва муассиси сомонаи your.tj мегӯяд, "ахбори ғалат дар бораи пандемия дар расонаҳо, яъне чӣ? Чӣ гуна онро муайн мекунед? Ахборе, ки ба Шумо писанд нест, яъне ҳамон нодуруст ҳисоб мешавад?"

Маълум нест, гузориши ниҳодҳои давлатӣ дар ҳоли хато буданаш "ахбори ғалат" шумурда мешавад, ё не.

Сокинон мегӯянд, ба талаби пӯшидани ниқоб зид нестанд, аммо нархи он гарон аст.

Наргис Хоҷаева, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, "як ниқоб аз панҷ сомонӣ боло аст, бисёрҳо ҳар рӯз ниқоб харида наметавонанд, баъд аз куҷо 290 сомонӣ ёбанд, ки ҷаримаро супоранд?"

Тоҷикистон замоне пӯшидани ниқобро ҳатмӣ мекунад, ки аз рӯзи нахустини эътирофи сирояти вирус тақрибан панҷоҳ 40 рӯз гузашт.

То 14-уми июн 5035 кас ба короновируси нав гирифтор шудаву 50 нафар фавтидаанд ва беш аз 3400 тан шифо ёфтаанд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд баъди ин гуна паҳн шудани бемориву маргу мир ҳадаф аз қонуни нав пешгирии вирус аст, ё пулситонӣ?

Бархе аз он ҳимоят мекунанд ва тахмин мезананд, ки тирамоҳ вазъ бадтар хоҳад гашт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG